Главная / Гуногун / Амалиётҳои ҷангӣ дар соли 1915

Амалиётҳои ҷангӣ дар соли 1915

Ситоди қувваҳои мусаллаҳи Германия нақшаи амалиёти ҳарбиро барои соли 1915 кор карда баромад. Мувофиқи он Германия қувваҳои асосии худро бар зидди Русия равон карданӣ буд.

Моҳи феврал лашкари немисҳо дар Пруссияи Шарқӣ ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт, моҳи март ба лашкари немисҳо муяссар шуд, ки дар он ҷо ба лашкари русҳо зарба занад.

Қувваҳои муттаҳидаи немисҳою австровенгерҳо дар Горлитса хати мудофиаи фаронсавиҳоро рахна карданд. Ҷузъу томҳои лашкари немисӣ дар самти шимолтари Варшава ба ҳуҷуми зидди русҳо гузаштанд, Моҳи августи соли 1915 онҳо ин шаҳрро ишғол карда, русҳоро маҷбур карданд, ки ақибнишинӣ кунанд.

1541994124_286194w540zc0

Лашкари Германия ва Австро-Венгрия то тирамоҳ тамоми Полшаро аз сарбозони Русия озод ва қисмати Наздибалтикаро ишғол карданд. Иттифоқчиён мехостанд, ки Русияро ба сулҳи сепаратӣ маҷбур созанд, вале ин кор ба онҳо муяссар нашуд. Дар ҷабҳаи шарқӣ бар зидди русҳо нисфи қувваҳои мусаллаҳи Германия ва Австро-Венгрия андармон шуд.

Дар ҷабҳаи ғарбӣ Германия бар зидди киштиҳои Англия дар муҳорибаҳои  баҳрӣ бори аввал киштиҳои зериобиро истифода бурда, ба онҳо қирон овард. Киштиҳои Зериобии Германия ба киштиҳои боркаш ва мусофиркашонии давлатҳои гуногун ҳам ҳамла карда, онҳоро ғарқ мекарданд. Ин кирдори Германия эътирози ҳаққонии мамлакатҳои ҷаҳонро ба вуҷуд овард.

Баҳори соли 1915 дар Ипр немисҳо аввалин маротиба бар зидди лашкари рақибони худ моддаи заҳрноки қатлиомро истифода бурданд.

Ба Италия дар Иттифиқи Сегона будан ҳеҷ фоидае намеовард. Барои вай ваъдаҳои давлатҳои Антанта бештар маъқул буданд. Барои ҳамин вай аз иттифоқи Германия ва Австро-Венгрия баромада, моҳи майи соли 1915 алайҳи Германия ва Австро-Венгрия ҷанг эълон кард. Италия бо ин интихоби худ ба Антанта даромаданашро исбот намуд. Германия ва Австро- Венгрия маҷбур шуданд, ки қисми қувваҳои худро бар зидди Италия равон кунанд.

Тирамоҳи соли 1915 Булғория аз тарафи Иттифоқи Сегона ба ҷанг даромад ва ин иттифоқ номи “Иттифоқи Чоргона” (Германия, Австро-Венгрия, Туркия ва Булғория)-ро гирифт. Лашкари муттаҳидаи Австро-Венгрия, Германия ва Булғория ба муқобили Сербия ба ҳуҷум гузашт. Англия, Фаронса ва Русия ба ёрии Сербия лашкар фиристоданд. Бо ҳамроҳии артиши Сербия онҳо ҷабҳаи Балканро ташкил карданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …