Главная / Гуногун / Алчазоир дар асри XIX

Алчазоир дар асри XIX

Мохи марти соли 1871 эълон карда шудани Коммунаи Париж дар Алчазоир харакати нави инкилобиро ба вучуд овард. Худи хамон мох ин мустамликаи Фаронсаро шуриши калони озодихохона фаро гирифт. Шаркии Алчазоирро шуриши кабилахои арабхо ва барбархо фаро гирифт. Ба он хокими яке аз вилоятхои ин чо Мухаммад Мукрони рохбари мекард. Кариб 30 кабила дар зери итоати у буд. Биноан Мукрони метавонист бар зидди артиши Фаронса то 25 хазор нафар аскар гун кунад. Мохи апрел артиши фидоиён аллакай кисми зиёди мамлакатро ба даст дароварда, гарнизонхои калони фаронсавихоро мухосира карданд. Истилогарони европави ба таври оммави аз шахру дехоти мамлакат фирор мекарданд. Шуришгаронро чамоаи исломии Рахмония дастгири мекард.

alzh1

Баъди дар огози мохи майи соли 1871 халок гардидани Мухаммад Мукрони фармондехи артиши фидоиён ва рохбарии шуриш ба ихтиёри бародари Мукрони – Ахмад бу Мизраг мегузарад. Пешвоёни Рахмония ба душман таслим шуданд. Фаронса куввахои худро якчанд маротиба зиёд карда, ба хучуми чавоби гузашта, мохи июли соли 1871 Нерухои асосии шуришгаронро торумор кард. Соли 1872 Ахмад бу Мизраг силохи муборизаро ба замин гузошт.

Дар огози асри XX режими мустамликавии Фаронса дар Алчазоир боз хам мустахкамтар карда шуд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Андозхо дар Аморати Бухоро

Шакли гуногуни истисмори дехконон такрибан дар хамаи намуди замин мушохида мегардид. Махсусан, ахволи сокинони нохияхои …