Главная / Гуногун / Алҷазоир дар асри XIX

Алҷазоир дар асри XIX

Моҳи марти соли 1871 эълон карда шудани Коммунаи Париж дар Алҷазоир ҳаракати нави инқилобиро ба вуҷуд овард. Худи ҳамон моҳ ин мустамликаи Фаронсаро шӯриши калони озодихоҳона фаро гирифт. Шарқии Алҷазоирро шӯриши қабилаҳои арабҳо ва барбарҳо фаро гирифт. Ба он ҳокими яке аз вилоятҳои ин ҷо Муҳаммад Мукронӣ роҳбарӣ мекард. Қариб 30 қабила дар зери итоати ӯ буд. Биноан Мукронӣ метавонист бар зидди артиши Фаронса то 25 ҳазор нафар аскар ғун кунад. Моҳи апрел артиши фидоиён аллакай қисми зиёди мамлакатро ба даст дароварда, гарнизонҳои калони фаронсавиҳоро муҳосира карданд. Истилогарони европавӣ ба таври оммавӣ аз шаҳру деҳоти мамлакат фирор мекарданд. Шӯришгаронро ҷамоаи исломии Раҳмония дастгирӣ мекард.

alzh1

Баъди дар оғози моҳи майи соли 1871 ҳалок гардидани Муҳаммад Мукронӣ фармондеҳи артиши фидоиён ва роҳбарии шӯриш ба ихтиёри бародари Мукронӣ – Аҳмад бу Мизраг мегузарад. Пешвоёни Раҳмония ба душман таслим шуданд. Фаронса қувваҳои худро якчанд маротиба зиёд карда, ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта, моҳи июли соли 1871 Нерӯҳои асосии шӯришгаронро торумор кард. Соли 1872 Аҳмад бу Мизраг силоҳи муборизаро ба замин гузошт.

Дар оғози асри XX режими мустамликавии Фаронса дар Алҷазоир боз ҳам мустаҳкамтар карда шуд.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

hqdefault

Заминдории феодалӣ дар Аморати Бухоро

Дар нимаи аввали асри XIX асосан ҳамон шаклҳои пешинаи моликияти хусусии заминдории феодалӣ – замини …