Главная / Гуногун / Яхё-пайгамбар – ХИКОЯТ

Яхё-пайгамбар – ХИКОЯТ

Бар болини турбати Яхё-пайгамбар, алайхисалом, муътакиф будам дар чомеи Димишк, ки яке аз мулуки Араб, ки ба беинсофи мансуб буд, иттифокан ба зиёрат омад ва намоз карду хочат хост.

Дарвешу гани бандаи ин хоки даранд
В-онон, ки ганиматаранд, мухточтаранд.

Он гах маро гуфт:
– Аз он чо, ки химмати дарвешон аст ва сидки муомилаи эшон хотире хамрохи ман кунед, ки аз душмане андешаноком.
Гуфтамаш:
Бар раъияти заиф рахмат кун, то аз душмани кави захмат набини.

Ба бозувони тавоною куввати сари даст
Хатост, панчаи мискини нотавон бишкаст.
Натарсад он, ки бар афтодагон набахшояд,
Ки гар зи пой дарояд, касаш нагирад даст.
Хар он ки тухми бади кишту чашми неки дошт,
Димоги бехуда пухту хаёли ботил баст.
Зи гуш пунба бурун ору доди халк бидех
В-агар ту менадихи дод, рузе доде хаст.

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавхаранд,
Чу узве ба дард оварад рузгор,
Дигар узвхоро намонад карор.
Ту, к-аз мехнати дигарон богами,
Нашояд, ки номат ниханд одами.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

ХИКМАТ оид ба сулх бо душман

Хар ки бо душманон сулх кунад, сари озори дустон дорад. Бишуй, эй хирадманд, аз он …