Главная / Маданият ва санъат / Адабиёт дар асрхои XVII-XVIII

Адабиёт дар асрхои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII даврахои бисёр мухими таърихи адабиёти точик мебошад. Дар ахди Чониён якчанд хавзахои адаби вучуд дошт. Калонтарини он Самарканд ва Бухоро буданд. Хамаи шоирони ин ду хавза аз 150 нафар бештар буд. Аз ин микдор бештар аз 20 нафар шоирони хунарманд буданд. Баъзеи онхо дехкони мекарданд. Симохои дурахшон ва пешкадами адабиёти ин давр Малехо, Сайидо, Сарафроз, Фитрат ва Мулхам буданд.

Мухаммадбадеъ Малехои Самарканди соли 1650 таваллуд ёфта, аввали асри XVIII вафот кард. Падари у аз одамони сохибмаърифат ва муътабари Самарканд буда, дар мадрасахри ин шахр дарс мегуфт ва ба шеъру шоири мухаббати фаровон дошт. Малехо дар назди падараш ба шсъргуи огоз кард. У то синни 30 солаги асосан бо рохбарии падараш ба омухтани илмхои акли машгул буд. Донишомузии худро вай аз омухтани забони араби ва илмхои дини, аз кабили фикх, тафсир ва гайра огоз менамояд. Соли 1678 баъд аз вафоти падар Малехо ба сафари Хуросон ва Эрон баромада, бо ахли адаби ин мамлакат мулокоту сухбатхо мекунад.

Баъди бозгашт аз Эрон Малехо дар козихона ба кор даромада, ба мударрисии мадрасаи Шайбонихон низ мансуб гардид. У дар баробари адои вазифаи шаръи ба шеъргуи ва такмили тазкираи худ машгул шуд.

Малехо тазкираи худро “Музоккир-ул-асхоб” номидааст. Аз чумлаи 165 шоире, ки дар кисми асосии тазкира зикр шудаанд, 56 нафарро шоирони Эрон ташкил мекунанд, ки муаллиф бо онхо шахсан вохурда, хамсухбат шудааст.

Намунахои дар тазкираи Малехо омадан осори шоирони асри XVII барои муайян кардани хусусиятхои равнаки адабии ин давр ахамияти бузург доранд.

Шоири забардаст ва машхури асри XVII Саидкамол Фитрати Зардузи Самарканди буд. У аз байни халки мехнаткаш табакаи хунармандон сабзида баромадааст. Фитрат соли 1657 дар Самарканд таваллуд ёфта, баробари хунари зардузи дар хондан ва аз худ кардани илмхо кобилияти хуб нишон дод.

Фитрат баробари тахсил дар яке аз мадрасахои Бухоро фаъолияти адабии худро низ равнаку вусъат дода, дар шеър ба дастовардхои калон сохиб шуд ва ба зуди дар радифи шоирони машхуртарини замон карор гирифт.

Фитрат достони “Толибу Матлуб” ва дар тамоми шаклхои асосии назми лирики (касида, газал, рубои, китъа ва гайра) асархои зиёде эчод кардааст. Соли вафоти у маълум нест.

Мулло Абдуллои Мулхами Бухорои аз шоирони тавоно ва номдори асохои XVII-XVIII буда, ба хунармамдони шахри Бухоро тааллук дошт. У аз чавони тарзи зиндагии каландаронаро ихтиёр карда, хамрохи каландарони чахонгард ба саёхат баромад. Аз шахрхои Мовароуннахру Хуросон баргашта, У як чо карор гирифта ба касби худ хиргохтароши машгул шуд. Зиндагии Мулхам бо подориву азобу машаккат мегузашт. Соли вафоти Мулхам чун соли таваллуди у маълум нест.

Мулхам дар ду жанри адаби хунарнамои кардааст — газал ва маснави. Маснавии у бо номи “Лайливу Мачнун” маълум аст. Мулхам сохибдевон буда, газалиёти у симои эчодиашро чун шоири газалсаро лишон медихад.

sayidoi-nasafi

Бузургтарин шоири асрхои XVII-XVIII Сайидои Насафи буд (вафот байни солхои 1707-1711). Падару модари Сайидо дар Бухоро истикомат доштанд. У ба табакаи хунармандон наздик шуда, аз байни онхо дустону хамфикрон пайдо кардааст.

Сайидо хануз дар чавони аз руи ниёзманди ба касбу хунар пардохта, бо хамин восита зиндагии худро таъмин мекард. Чунончи, дар ин байт у таъкид кардааст:

Ба зури дасту бозу мехурам, эй Сайидо, рузи,

Маро чун Кухкан хуни чигар бошад бех аз ширам.

Сайидо дар газалиёташ аз кашшокию гуруснаги, гарибию бекаси, касодию бекадрии санъату хунар, хориву зиллати ахли фазлу адаб шикоятхои чонсуз намудааст. Вай бештари умри худро ба сахти гузаронидаасг.

Рузгорам хама умр ба сахти мегузарад,

Устухонро чу хумо рузии ман сохтаанд.

Ба гайр аз шоирони номбурда, дар вилоятхои точикнишин устодони каломи бадеъ хаст ба cap бурда, асархо эчод мекарданд. Масалан, дар Каротегин шоир ва олим Чоми ибни Камолиддини Каротегини (муаллифи маснавии “Мазхари кул”’, Хочи Шохи ибни Хоча Абдурахмони Хисори (вафот 1657). Рифъати Хисори ва дигарон буданд.

Эчодиёти шоирони асри XVII ва лимаи аввали асри XVIII нишон медихад, ки адабиёти точик дар чунин як шароити душвори таърихи дар марказ ва нохияхо ривоч меёфт. Шароити душвор, истеъдоди адаби ва малакаи эводии халки точикро аз равнак боз дошта натавонист.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …