Главная / Гуногун / АСАДУЛЛО

АСАДУЛЛО

Дар робита бо Асадулло вокеаи чолибе иттифок афтода буд. Чунон ки пештар гуфтам, солхои аввали ба тичорати пахта машгул шуданам, мо хар сол ба Узбакистон ба конфронси пахта даъват мешудем. Хукумати он кишвар хар сол дар аввали мавсими пахтачини, мохи сентябр як конфронс ташкил карда, тамоми ширкатхои пахтаро даъват мекард ва дар давоми чанд руз тамоми дастовардхояшро нишон дода, бо истифода аз фурсат карордодхои фуруши пахтаро бо харидорони хоричи мебаст. Ин конфронс ба навъе огози фуруши хосили нави пахтаи онхоро эълон мекард. Солхои аввал мо ба Тошканд бе раводид мерафтем, вале баъд аз соли 2000-ум хукумати кишвари хамсоя раводид чори кард.

Он сол мо мехостем дар ин конфронс ширкат карда, карордод бандем ва як микдор пахтаи махиннах бихарем. Аз Асадулло хохиш кардем, ки аз Вазорати робитахои иктисодии хоричии Узбакистон, ки у дар он чо кор мекард, ба мо даъватнома фиристад. Ин кор бо душвори ба у муяссар шуд. Фири- стодани даъватнома дуру дароз кашол ёфт. Мо як мох кабл аз саршавии конфронс икдом карда бошем хам, хамаги 5-6 руз пеш ба мо даъватнома омад ва нихоят мо раводид гирифта ба Тошканд рафтем. Вакте ба Тошканд расидем, Асадулло моро пешвоз гирифт ва казияро накл кард.

У баробари дархости мо, ба шуъбаи робита бо хоричаи вазорат нома навишта хохиш кардааст, ки даъватномаро ба сафорати Узбакистон дар Душанбе ирсол кунанд. Онхо кашолкориву бахоначуи карда, корро ичро накардаанд. Вакте Асадулло мебинад, ки вакт кам мондааст, ба назди мудири он шуъба рафта мепурсад, ки сабаби кашолкори чист. Мудири шуъба, ки хонум будааст, забон хоида мегуяд, ки мехмонхои Шумо аз Точикистонанд ва мо мутмаин нестем, ки чи касонеанд. Асадулло ба шур омада, ба он хонум мегуяд:

– Онхо аз Шумо бехтаранд!

Гарчанде хукумати вакти Узбакистон тамоми саъйашро карда буд, ки муносибат байни ду кишвар ба сардиву нести расад, вале решаи дустии мардуми харду тарафи марз аз дилхо месабзид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …