Главная / Гуногун / АСАДУЛЛО

АСАДУЛЛО

Дар робита бо Асадулло воқеаи ҷолибе иттифоқ афтода буд. Чунон ки пештар гуфтам, солҳои аввали ба тиҷорати пахта машғул шуданам, мо ҳар сол ба Ӯзбакистон ба конфронси пахта даъват мешудем. Ҳукумати он кишвар ҳар сол дар аввали мавсими пахтачинӣ, моҳи сентябр як конфронс ташкил карда, тамоми ширкатҳои пахтаро даъват мекард ва дар давоми чанд рӯз тамоми дастовардҳояшро нишон дода, бо истифода аз фурсат қарордодҳои фурӯши пахтаро бо харидорони хориҷӣ мебаст. Ин конфронс ба навъе оғози фурӯши ҳосили нави пахтаи онҳоро эълон мекард. Солҳои аввал мо ба Тошканд бе раводид мерафтем, вале баъд аз соли 2000-ум ҳукумати кишвари ҳамсоя раводид ҷорӣ кард.

Он сол мо мехостем дар ин конфронс ширкат карда, қарордод бандем ва як миқдор пахтаи маҳиннах бихарем. Аз Асадулло хоҳиш кардем, ки аз Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ӯзбакистон, ки ӯ дар он ҷо кор мекард, ба мо даъватнома фиристад. Ин кор бо душворӣ ба ӯ муяссар шуд. Фири- стодани даъватнома дуру дароз кашол ёфт. Мо як моҳ қабл аз саршавии конфронс иқдом карда бошем ҳам, ҳамагӣ 5-6 рӯз пеш ба мо даъватнома омад ва ниҳоят мо раводид гирифта ба Тошканд рафтем. Вақте ба Тошканд расидем, Асадулло моро пешвоз гирифт ва қазияро нақл кард.

Ӯ баробари дархости мо, ба шуъбаи робита бо хориҷаи вазорат нома навишта хоҳиш кардааст, ки даъватномаро ба сафорати Ӯзбакистон дар Душанбе ирсол кунанд. Онҳо кашолкориву баҳонаҷӯӣ карда, корро иҷро накардаанд. Вақте Асадулло мебинад, ки вақт кам мондааст, ба назди мудири он шуъба рафта мепурсад, ки сабаби кашолкорӣ чист. Мудири шуъба, ки хонум будааст, забон хоида мегӯяд, ки меҳмонҳои Шумо аз Тоҷикистонанд ва мо мутмаин нестем, ки чи касонеанд. Асадулло ба шӯр омада, ба он хонум мегӯяд:

– Онҳо аз Шумо беҳтаранд!

Гарчанде ҳукумати вақти Ӯзбакистон тамоми саъйашро карда буд, ки муносибат байни ду кишвар ба сардиву нестӣ расад, вале решаи дӯстии мардуми ҳарду тарафи марз аз дилҳо месабзид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …