Главная / Илм / АНГУРИ САГАК

АНГУРИ САГАК

АНГУРИ САГАК (Solanum nigrum), авранч, кирёк, сагангур, сиёхавранч, гиёхест яксола. Пояаш сершох, аз 15 то 100 см кад мекашад. Баргаш байзашакл, гулаш сафед. Мевааш лундаи сиёх. Аз июл то сентябр гул карда, аз нимаи дуюми июл то ноябр мева мебандад. Дар Точикистон дар бог, сахро, дашт, полиз, пахтазор ва канори руду чуйхо меруяд.

solanumnigrum

Хосияти шифобахшии Ангури сагак. аз кадим маълум аст. Табибони кадим Ангури Сагак-ро давои хуби оромсозандаи асабхо хисобидаанд. Букрот онро барои пешгирии эхтиломи шабона, Дискуридус (Диоскорид) хангоми чарохатхои сухтаи сурхруда ва меъда истифода мебурд. Абуалии Сино куфтаи баргу пояи тару тозаи Ангури Сагак-ро ба сифати бандинаи давои хангоми сардард, кашидани фасоди гуш ва омоси пардаи магзи сар тавсия додааст. Шираи растании тару тозаро барои муоличаи илтихоби мултахима (конъюнктивит), чун давои хобовар ва барои чайкондани гулу, меваи онро ба сифати давои пешоброн, хунбанд (хангоми хуншории бачадон), иллатхои гурдаву масона кор мефармуд.

Табибони халки накеъи мева ва барги хушки Ангури Сагак-ро чун давои пешоброн, исхоловар, куфтаи растании тару тозаро (дар намуди бандинаи муоличави) барои кашидани фасоди омосхо тавсия медиханд.

Бино ба акидаи онхо агар барги Ангури Сагак-ро куфта ба сар гузошта банданд, дарди сарро рафъ месозад, варами пардаи майнаро тахлил медихад; оби барги онро ширгарм чаконанд беморихои бини ва гушро шифо мебахшад; як пиёла оби меваи онро бо шакар биёшоманд, варамхои ботинро тахлил медихад; тухми сагангурро ошоманд, пешобро меронад, санги гурда ва хичакро мерезонад; оби онро бо орди чав сиришта банданд, ба сухта, захми обила, реши равон нафъ меорад. Мардум меваи тари Ангури Сагак-ро чун воситаи иштихоовар, инчунин дар мавриди гулудард, обхура, бавосир истеъмол мекунад. Сокинони шимоли Точикистон меваи Ангури Сагак-ро хангоми иллати чигар, зардачуш ва саромос истифода мебаранд. Точикони Каротегину Дарвоз гураи онро ба чойхои кафидаи пусти руй мемоланд.

Дар фитотерапия асосан навдаи навраси Ангури Сагак-ро истифода мебаранд. Чушоби онро барои табобати саръ, ташаннучи масона, халаи меъда, никрис, тарбод ва г. тавсия медиханд: 1 кошукча (3 г) хокаи баргу пояи Ангури Сагак-ро дар 150 г об 10 дак. мечушонанд ва хар руз (дар давоми 10 руз) 2 кошукчаги меошоманд. Бо чушобаш дахонро мечайконанд. Барги тару тозаашро дар равгани растани мархам сохта, ба захми фасоднок мебанданд. Баргу пояи онро дар об чушонда, думбалро тарбанди мекунанд.

Адабиёт: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1991.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …