Главная / Илм / АНГУРИ САГАК

АНГУРИ САГАК

АНГУРИ САГАК (Solanum nigrum), авранҷ, кирёк, сагангур, сиёҳавранҷ, гиёҳест яксола. Пояаш сершох, аз 15 то 100 см қад мекашад. Баргаш байзашакл, гулаш сафед. Мевааш лӯндаи сиёҳ. Аз июл то сентябр гул карда, аз нимаи дуюми июл то ноябр мева мебандад. Дар Тоҷикистон дар боғ, саҳро, дашт, полиз, пахтазор ва канори рӯду ҷӯйҳо мерӯяд.

solanumnigrum

Хосияти шифобахшии Ангури сагак. аз қадим маълум аст. Табибони қадим Ангури Сагак-ро давои хуби оромсозандаи асабҳо ҳисобидаанд. Буқрот онро барои пешгирии эҳтиломи шабона, Дисқуридус (Диоскорид) ҳангоми ҷароҳатҳои сӯхтаи сурхрӯда ва меъда истифода мебурд. Абӯалии Сино куфтаи баргу пояи тару тозаи Ангури Сагак-ро ба сифати бандинаи давоӣ ҳангоми сардард, кашидани фасоди гӯш ва омоси пардаи мағзи сар тавсия додааст. Шираи растании тару тозаро барои муолиҷаи илтиҳоби мултаҳима (конъюнктивит), чун давои хобовар ва барои чайқондани гулӯ, меваи онро ба сифати давои пешоброн, хунбанд (ҳангоми хуншории бачадон), иллатҳои гурдаву масона кор мефармуд.

Табибони халқӣ нақеъи мева ва барги хушки Ангури Сагак-ро чун давои пешоброн, исҳоловар, кӯфтаи растании тару тозаро (дар намуди бандинаи муолиҷавӣ) барои кашидани фасоди омосҳо тавсия медиҳанд.

Бино ба ақидаи онҳо агар барги Ангури Сагак-ро кӯфта ба сар гузошта банданд, дарди сарро рафъ месозад, варами пардаи майнаро таҳлил медиҳад; оби барги онро ширгарм чаконанд бемориҳои бинӣ ва гӯшро шифо мебахшад; як пиёла оби меваи онро бо шакар биёшоманд, варамҳои ботинро таҳлил медиҳад; тухми сагангурро ошоманд, пешобро меронад, санги гурда ва хичакро мерезонад; оби онро бо орди ҷав сиришта банданд, ба сӯхта, захми обила, реши равон нафъ меорад. Мардум меваи тари Ангури Сагак-ро чун воситаи иштиҳоовар, инчунин дар мавриди гулӯдард, обхӯра, бавосир истеъмол мекунад. Сокинони шимоли Тоҷикистон меваи Ангури Сагак-ро ҳангоми иллати ҷигар, зардаҷӯш ва саромос истифода мебаранд. Тоҷикони Қаротегину Дарвоз ғӯраи онро ба ҷойҳои кафидаи пӯсти рӯй мемоланд.

Дар фитотерапия асосан навдаи навраси Ангури Сагак-ро истифода мебаранд. Ҷӯшоби онро барои табобати саръ, ташаннуҷи масона, халаи меъда, ниқрис, тарбод ва ғ. тавсия медиҳанд: 1 қошуқча (3 г) хокаи баргу пояи Ангури Сагак-ро дар 150 г об 10 дақ. меҷӯшонанд ва ҳар рӯз (дар давоми 10 рӯз) 2 қошуқчагӣ меошоманд. Бо ҷӯшобаш даҳонро мечайқонанд. Барги тару тозаашро дар равғани растанӣ марҳам сохта, ба захми фасоднок мебанданд. Баргу пояи онро дар об ҷӯшонда, думбалро тарбандӣ мекунанд.

Адабиёт: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1991.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …