Главная / Гуногун / АЛ-ОЛИМ ВАЛ-МУТААЛЛИМ

АЛ-ОЛИМ ВАЛ-МУТААЛЛИМ

Саввумин рисолаи илмие, ки дар хакикат ба афкору андешаи пиру пешво ва яке аз асосгузорони илм ал-калом Хаким Абуханифа ибни Хоча Собит (р) – маъруф ба Имоми Аъзам (р) мансуб аст, китоби «Ал-олим вал-мутааллим» мебошад.

Дар ин рисолаи каломи, Имоми Аъзам Абуханифа (р) ба саволхои шогирди худ Абумукотил Хафс Ибни Салм Ас-Самаркандии Ханафи чавоб мегуяд.

 «Абуяъло, маъруф ба Халили, дар «Ал-иршод» нигошта, ки: -Абумукотил ба ростгуи шухрат ва дар фикх макоми кобили мулохизае дошт.

– Халф ибни Яхёи Кози, ба чамъоварии аходиси у мекушид. Имом Кавсари мегуяд:

– Баъзе ахли фитна, хамон тавре, ки Абуханифа (р) ва ёронашро ба пайрави, аз мазхаби мухолифи ахли суннат ва чамоъат муттахам менамуданд, дар бораи Абумукотил (факехи ханафи) низ айбхо метарошиданд ва уро гохе ба номи мурчиа ва замоне ба унвони пайрави аз маслаки дигаре таън мегуфтанд. Абумукотил аз умри дароз бархурдор гардид ва дар соли 208 хичри вафот ёфт ва инки дар «Ал-Лисон» соли вафоташ 258 гуфта шуда, ки иштибох ва сахви калам аст, ки сифрро 5 навишта». 47-139.

Санад ва силсилаи ривоёт, оиди китоби «Ал-олим вал-мутааллим»-и Имоми Аъзами Абуханифа (р) чунин аст, ки омада: «Санади рисолаи мазкур, ки зимни кутуби хаттии «Дорул-кутуб ал-Мисрия» махфуз аст, бо рисолае ки дар китобхонаи «Ал-Азхар» тахти нумераи 34197 ва нусхаи чопие, ки дар «Дорул-кутуб ал Мисрия» тахти нумераи 24305 махфуз аст, мувофик мебошад ва байни онхо як тафовути чузъи мавчуд аст, ки иштибохи калами пиндошта мешавад. Санади ин рисола ба тартиби зайл аст: Абулхасан Али ибни Халил Ад-Димишки, маъруф ба Абукози Ал-Аскар мегуяд:

– Хабар дода ба Абулхасан Бурхониддин Али ибни Ал-Хасан Ал-Балхи, аз Ибни Ал-Хусайни Маймун ибни Мухаммад Ал-Макхул Ан-Насафи, аз падараш, аз Абдулкарим ибни Мусо Ал-Яздуи, аз Абумансур-Ал-Мотариди, аз Абубакр Ахмад ибни Абхак Ал-Чузчони ва Мухаммад ибни Мукотил Ал-Рози ва харду аз Абумутеъ Хакам ибни Абдуллох Ал-Балхи ва Исём Юсуф Ал-Балхи ва харду аз Абумукотил Хафс ибни Салм Ас-Самарканди, аз Имоми Аъзам Абуханифа (р). 47-140.

Хулосаи мухтавиёти рисолаи номбурда аз он иборат аст, ки «Ин рисола («Ал-олим вал мутааллим») бо сойири расойили Имом Абуханифа (р) тафовут дорад, зеро дар он аз мавзуи имон ва умури марбут ба он огоз накарда, балки нахуст ишора намуда, ки: «Хамон тавр, ки аъзо тобеъи чашм аст, амал низ тобеъи илм аст ва илм бо амал андак бехтар аст, нисбат ба чахл бо-амал, зиёд тавре, ки дар биёбон тушаи андак бо ошнои; ба рох бехтар аст, аз тушаи зиёд дар холи бехабари, аз рох ва аз хамин чо аст, ки Худованд фармуда: «Кул хал ястави ал-лазина яъламуна вал-лазина ло-яъламун». (Яъне,; «Оё касоне, ки илм доранд, бо касоне, ки илм надоранд, баробаранд».

Ва: «-Иннамо ятазаккир улул ал-боб» (Яъне: «Чуз ин нест, ки танхо арбоби дониш панд мепазиранд»).

Сипас Имом дар чавоби саволи шогирдаш, ки мепурсад: – Баъзе мардум дида мешаванд, ки мегуяд, дар мавзуоти Каломи мудохила накунед, зеро ёрони Паёмбар (с), ба ин кор даст назадаанд. Эшон ба шахсе мемонанд, ки дар нахри бузурге карор доранд ва наздик ба гарк шудан ва аз рохи начот бехабар бошад ва шахсе ба вай бигуяд: – Дар чои худ собиткадам бош ва дар чустучуи рохи начот машав, пас чи бояд гуфт?

Имоми Аъзам (р) мегуяд:.

Фикр мекунам, ки ба кисмате аз уюби эшон мултафит шудаи ва метавони дар мукобили онхо икомаи хуччат намои вале, агар бигуянд:

– Оё наметавони монанди ёрони Паёмбар (с) боши?! Бигу (!), дуруст аст, машрут (шартшуда) ба ин, ки шароити мухити ман ва онхо шабех бошад. Дар холе, ки мо бо касоне мувочех мебошем, ки бар мо таън мегуянд, ва хуни моро халол мешуморанд. Пас мо хак надорем, бо хак ва ботил ошнои надошта бошем ва аз худ ва обруи худ дифоъ накунем.

Вазъи асхоб (разиаллохум) шабехи мардуме аст, ки душман дар мукобили эшон карор надорад, лизо ба доштани аслиха мукаллифияте надоранд, вале мо бо душмане мукобил мебошем, ки аз таън ва рехтонидани хуни мо дарег намекунад». 47,140.

Аз тарафи дигар, агар инсон забони худро аз мудохила, дар илми калом контрул битавонад, калби худро тахти идора оварда наметавонад, зеро дили вай мачбур аст, яке ва ё харду фиркаи мутахолифро ба назари бад бингарад, зеро хардуро пазируфта наметавонад ва чун дили инсон ба назарияи ботиле мутамоил шуд, ба ахли он низ алокаманд мешавад ва дар натича аз зумраи эшон ба шумор меравад. Агар калбан ба хак тамоил ёбад, ахли онро низ дуст медорад ва аз катори эшон махсуб мегардад, зеро тахкики аъмол ва калом танхо аз тарики илм сурат гирифта ва аз хамин чост, ки касе, ки ба забон муъмин буда, аммо калбан имон надошта башад, назди Худованд муъмин шумурда намешавад (аз руи мазхаби ханафи) ва онки каблан муъмин буда, аммо ба забон икрор накарда, муъмин аст… 47-141.

«Аз хусусиёти ин рисола ин аст, ки Имом дар чандин чо дар бораи масойили каломи, ба киёс истидлол намуд, аз он чумла масоилотест, ки:

Аввал: «- Имон гайри амал аст, зеро муъминон аз нигохи имон, ба Худо намоз мегузоранд закот медиханд, «Хач» мекунанд ва ба зикри Худо мепардозанд ва чунон нест, ки аз нигохи намоз, закот, руза ва хач ба Худо имон оваранд. Онхо нахуст имон меоварданд ва баъдан амал мекунанд.

Пас амали онхо ба фаройиз ноши, аз имон ба Худо буда ва имон ба Худо ноши, аз амал, ба фаройиз нест…».

Дуввум: «-Имони мо монанди имони малоика аст, зеро имон бо амал магойир (мухолиф) аст. Пас имони онхо бо имони мо фарке надорад, Зеро мо хам ба тамоми ончи малоика бадон имон овардаанд, аз кабили вахдонияти Парвардигор ва кудрати У (ч) ва амсоли он имон овардаем».

Имоми Аъзам (р) бештар ба пурсишхои шогирди худ Абумукотил, ба баёни, мавзуот шуруъ кардааст. Аз чумла мегуяд Абумукотил:

«Ба ончи гуфтед пай бурдам, бисёр наку гуфтед. Вале мехохам дар шарху тавзехи якин ва хавфу чуръати мо ва фариштагон, аз тарики киёс рушани афганед, зеро шахси бедониш, ки алокаманд аст, окибат кореро бадон, агар аз рохи шарху тавхези Шумо ба матлаб пай набарад, аз тарики киёс хатман ба он пай мебарад?

«Имоми Аъзам (р) дар чавоби шогирдаш мегуяд: «-Дар бораи киёс бисёр хуб фикр карди ва бояд касе, ки мехохад аз нигох ё худ аз тарики музокира ба донистани розе муваффак шавад, дар сурате, ки музокираи муфид вокеъ нашавад, даст ба домони киёс бизанад. Бояд донист, ки киёс назарияи хакро барои толиби хак исбот мекунад ва киёс назири шохидони одил аст, ки сохиби хак ба гарази исботи хак икома менамояд. Агар чохилон аз хак мункир намешуданд, донишмандон ба киёс ва мукоиса мачбурият надоштанд (Ва агар тихимагзони мазохибу равия ва фиркахои дигар ба маънои ин харфхои Хазрати Имоми Аъзам (р) сарфахм мерафтанд ба у хеч гох тухмати хушк намекарданд ва «Имоми Аъзам доим ба киёс амал мекунад» намегуфтанд. С.Б.Б).

Мисли ин, ки мепурси: «-Чаро бо вучуди мусовоту адами тафовут байни якини мо ва якини фариштагон ва хавфи онхо нисбат ба хавфи мо бештар аст? – Посухи ин савол аз тарики киёс чунин аст, ки имкон дорад, ду нафаре фанни оббозиро хуб баладанд ва дар ин фанну хунар бо хам баробар бошанд, вале чун ба назди як дарёи хурушоне мерасанд, чуръати яке нисбати дигари камтар бошад. Ва ё ду нафар аз як навъи мараз (бемори) шикоят доранд ва ба харду як навъ давои талх тавсия мешавад, вале дар нушидани он талхдору чуръати яке нисбат ба дигари бештар мебошад».

Манзури Хазрати Имом (р) аз ин киёсхо ин аст, ки эроди киёс дар масойли каломи сабаби тафхим (фахмонидан)-и комил шуда метавонад, зеро мутазаммин (дар бар доранда)-и ташбехи маъкул ба махсус (ошкоро) ба гарази тавзехи махсус (дар инчо ба маънии маъкул, ва ё ба хис дарёфташуда) аст ва исботи мавзуи каломи, ба василаи киёс бо исботи он ба Куръон ва Хадис мунофот (хилофи хам будан) надорад ва акл ба тавзехи матолиби назари ва такриби он ба фахм кудрат дорад.

Саввум: Шогирди Имоми Аъзам (р) зимни бахс, рочеъ ба умеди омурзиш (магфират, яъне, бахшойиши Худованди Карим дар мавриди гунохи бандагон, алалхусус пас аз марг, С.Б.Б).-и харгуна гунох, ба истиснои ширк мепурсад, ки оё фикр мешавад, ки Худованд котилеро биёмурзад, вале касеро, ки як мартаба ба номахрам ба назари шахват нигариста, азоб кунад?

Имоми Аъзам дар чавоб гуфт:

«-Агар Худованд котилеро биёмурзад, назаркунанда (ба номахрам) сазовортар барои ин омурзиш аст. Ва агар назаркунандаро азоб намояд, котил сазовортар барои ин азоб аст, зеро Худованд мефармояд»:

«Инна акрамакум ъиндаллохи аткокум» (Яъне: Ба дурусти гиромитари шумо назди Худованд пархезгортари шумо аст») Ва назаркунанда, ки муртакиби катл нашуда бошад, нисбат ба котил пархезгортар аст ва ончи дар бораи умедвории онхо гуфтании, ба акидаи ман (Имом Абуханифа разиаллох) ин умед дар харду нафар яксон нест. Зеро умеди сохиби гунохи кучак нисбат ба умеди муртакиби гунохи кабира бузург ва кавитар аст… 47-144. Чахорум:

«Дар ин кисмат шогирд аз Имоми Аъзам (р) мепурсад, ки байни пайравони мазхаби хак, дар кисмати казоват, рочеъ ба ахли Кибла, аз нигохи фазилат фарк хаст ё хайр? Имоми Аъзам (р) посух медихад, ки:

«- Албатта, назариёти ахли Хак дар бораи эхтироми авомир ва навохии Худованд муттахид аст, вале аз нигохи илм ва истидлол, дар ин таъзим ва тахаммули мушкилот ва шиддати эхтимом, ба салохи мардум ва бахс, аз таъзими арзишхои эшон ва дифоъ аз он, байни онхо фарк мавчуд аст.

Монанди як теъдод аскар, ки дар мукобили душман карор медошта бошанд ва хадафашон ва мавкуфи эшон яке буда, аммо дар байни эшон, аз нигохи дониш ва ошнои, ба тачрибаи чанги ва истеъмоли силох ва мол ва ташвики мардум, ба чанг фарк ва тафовут мебошад…».

Панчум: «Имоми Аъзам (р) дар бораи ин, ки: Муъмин душмани Худо шумурда намешавад, гарчи муртакиби харгуна гунох бошад, машрут (шартшуда) ба ин, ки акидаи тавхидро тарк нагуяд, чунин истидлол меварзад «Душман аз душмани хеш нафрат медошта бошад ва мекушад ба вай зиёне бирасонад, аммо муъмин бо вучуди иртикоби гунохони бузург, бо Худованд, нисбат ба хама чиз мухаббати бештар дошта ва хатто агар ба вай гуфта шавад, ки ба Худованд калбан дуруг бибандад, ва ё худро ба оташ бисузонад, дуввумиро ихтиёр хохад кард». 47-145.

Шашум: Шогирди Имоми Аъзам (р) мепурсад:

Оё инсон ба коре, ки аз он метарсад икдом мекунад?

Имоми Аъзам (р) дар чавоб мегуяд:

«- Мумкин аст инсон ба коре, ки сабаби зарар мешавад икдом кунад, чун хурдани гизо, нушидани музарр (нушиданихои зараровар), даст задан ба чанг, мусофират бо кишти ва амсоли он ва агар дар чанг ва мусофират у умеди начот надошта, харгиз ба он икдом нахохад кард». 47-145.

Хафтум. Имоми Аъзам (р) рочеъ ба фарки байни  куфр ва гунох мегуяд:

«-Куфр аз худ исм ва тафсир дорад. Мафхуми куфр инкор ва дуруг пиндоштан аст, зеро «куфр» дар араби ба маънии инкор аст ва Куръон хам ба лисони араби нозил шуда аст. Барои тавзехи ин матлаб метавон мисол овард, ки: Шахсе бар зимаи дигаре дин дорад ва аз вай такозои таъдия мекунад, мадюн ба дин эътироф менамояд, аммо ба таъдияи он тан намедихад, ин вазъи у инкор гуфта намешавад, балки итлоки таъхир бар он мешавад ва агар аслан аз дини вай  мункир шуд итлоки инкор дуруст ва аз таъхир бечо аст. Хамчунон, мусалмон вакте фарзро тарк мекунад, аммо аз он мункир намешавад гунахгор аст ва агар аз он инкор варзад кофир ва мункир аз фаройизи Худованд шинохта мешавад». 47-146.

Имоми Аъзам (р) дар чои дигар ба мавзуи инкор ва куфр тамос мегирад ва пас аз он, ки як андоза ба акоиди яхуди ва насори рушани меандозад, мегуяд:

«Агар шахсе гуяд: -Медонам, ки Худованд хак аст, вале акида надорам, ки инсон махлуки У(ч) аст, мо уро дуруггу мешиносем, зеро агар вокеан ба вучуди Худо олим бошад, бояд ба ин акида низ муътакид бошад, хар чизи мосавои (ба гайр; мавчудот ва махлукот)-и У (ч) махлуки У (ч) аст, Ва ин мавзуъ бад он мемонад, ки инсон оташи бузургеро, ки дар пешоруйи дидагонаш афрухта шуда набинад вале, чароги кучакеро дида битавонад ва агар касе чунин иддаъо мекунад дуруггу аст, зеро агар вокеъан чарогро дида метавонад, барои дидани оташи фурузон кудрати бештар хохад дошт». 47-146.

Хаштум: Дар ин кисмат Имоми Аъзам (р) ирчоъ (яъне, хамовойи) -ро чунин тафсир мекунад: «Ирчоъ нахуст аз тарафи фариштагон ба миён омада, зеро вакте Худованд хама ашёъро ба эшон арза кард ва фармуд:- «Аз ин чизхо ном баред!»

Фариштагон тарсиданд, ки мабодо шитибох кунанд, лизо тавфик намуда; гуфтанд: «Субхонака ло илма лано илло мо илматно» (Яъне: «Поки аст мар туро, илм надорем чуз ба ончи ба мо омухтаи!) Ва монанди ахли бидъат нашуданд, ки вакте аз эшон рочеъ ба коре намедонанд, пурсида мешавад, бебокона сухан мегуянд ва харфи онхо агар дуруст набошад табъан хатокоранд ва агар дуруст бошад, боз хам вазъи онхо кобили ситойиш нест, зеро казовати эшон муттаки ба илм намебошад ва аз хамин чо аст, ки Худованд фармуда: «Вало такаф мо лайса лака би ъилми!». (Яъне: Ва дар пайи чизе мабош, ки онро намедони»!). Ва пас аз тафсири ин ояти шариф мегуяд:

«-Тафсири ирчоъ (дар охири ин вожа на «ъ»-айн, балки хамза аст,» ба маънии хамово, С.Б.Б.,) ин аст, ки мисли ду гурух, ки ба кори нек машгуланд ва пас аз муддате ба ду дастаи мутафаррик ва бо хам дохили чангу мубориза шуда ва хатто аз катли якдигар дарег накарданд, вале баъд аз чанде боз хам тафрикаро яксу гузошта, ба хамон вазъи собик бармегаштанд. Ин фирка дар холи ихтилоф як теъдод аз хамдигарро ба катл расониданд ва чун аз эшон пурсида шавад, хар фирка худро мазлум нишон дода, бори гунохро ба души мукобил андозад ва хеч як аз ин ду фирка шохид ва гувохе надошта бошанд ва шаходати эшон бар якдигар низ кобили кабул нест, зеро душмани якдигаранд ва низ возех аст, ки харду чонибро наметавон хак ба чониб шумурд, зеро ба катли якдигар икдом кардаанд. Пас бояд харду чониб ва ё яке, ба сурати хатми гунахгор шумурда шавад». 47.-147.

Нухум: «Шогирд аз Имоми Аъзам (р) мепурсад:- Агар инсон аз чизе метарсад ва ё ба манфиати он умедвор мебошад, оё ин хавф ва рачоъ мучиби куфри вай мегардад?

Имоми Аъзам (р) дар чавоби вай мегуяд:

«-Хавф ва рачоъ, ба ду навъ аст, яке инки инсон аз чизе метарсад ва ё ба он умед дошта бошад, аммо онро бидуни амру иродаи Худованд ба сурати мустаъкил масдари нафъ ё зарар пиндорад, ин навъи хавф ва рачоъ куфр аст ва агар инсон фоъили аслии нафъу зарари Худовандро медонад ва шаъйи мавриди назарро сирф ба хайси васила ва сабаб мешиносад, ин акида куфр нест. Чунончи, падар аз фарзанд умедвори кумак ва дифоъ аст. Ва инсон аз чахорпо таваккуъи бардоштани борро мекунад ва хамсоя аз хамсоя умеди неки менамояд ва ё аз аскар, умеди химоя ва дифоъ, аз Ватан мешавад ва инсон ба хамчунин умедворихо кофир намешавад. Зеро аслан умеди у мутаваччехи Худованд аст. Инсон маблаг барои даво сарф мекунад, ба умеди инки Худованд онро сабаби шифо гардонад, пас наметавон бар вай хукми куфр кард ва ё масалан аз шарр мегурезад, то Худо аз зарари он махфузаш дорад, ки ин пиндор куфр нест». 47-147.

«Хамчунон Имоми Аъзам (р ) барои исботи матолиби хеш далойили возеху оммафахмро интихоб намуда ва аз далойили печида ва гомиз (душворфахм) сарфи назар карда, зеро вай дар садад буд то масойили гомизи каломиро осон гардонад ва ин кор чуз бо равише, ки Имоми Аъзам Абуханифа (р) пеш гирифта, имкон надошт. Ва аз тарзи сухбати вай маълум мешавад, ки тарафи сухбати у мардуме аст, ки акойиди муташобех доранд ва ба савияи донишу фахмиши онхо сухбат мекунад ва аз тарзи истидлоли у хувайдо аст, ки дар масойили мавриди бахс тавре дастрас дошта, ки хатто мардуме, ки дорои фахм ва идроки чузъи буданд низ аз ифодахои у истифода карда метавонистанд». 47-148.

Бале, чунин тарзи гуфтор ва сабке, ки тавассути баёни матолиби Имоми Аъзам (р) ба назар мерасад, шаходат бар ин аст, ки у вокеан хаким ва доиратулмаорифи асри хеш буда аст, ки аз тамоми илмхои пешрафтаи замони хеш, аз чумла Куръон, Хадис, илм-алкалом, мантик, фалсафа, хандаса, табииёт, тиб, забони араби ва забони аждодиаш точики-форси, илми фикх, ситорашиноси, ойини суханвари, равоншиноси, тиб, мантик ва гайра ба хуби огох будааст. Масойили мушкилро бо тамоми пахлухояш, бо ифодахои соддаву оммафахм ва басо сахех баён намудан ин худ як устодист, дар ойини суханвари ва усули равоншиноси ва воизи.

Сабаби асосии чунин сабку усули таълимотро пеш гирифтани Имоми Аъзам (р) хам аз он иборат аст, ки у намехост, ки халк гумрох-шаванд ва дар окибати кор ба тудахои мухталиф пош хуранд (мисли имруза фиркахои толибон, халафию тахрир ва гайра, ки хама ахли риёанд ва бе бунёд) ва ба чои фоида, зарар ба дини Исломи мубин оранд, ва гарки гунох шаванд. Хазрати Имоми Аъзам (р) бо таълимоти прогрессиви, демократи ва башардустонаи хеш мактаберо дар рохи илми калом асос гузошт, ки миллионхо кавму кабила ва халкияту миллиатхои гуногуни аксойи оламро ба хам муттахид сохт. Ва бархаки башорати Расули акрам саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам («У чароги уммати ман аст») Хазрати Имоми Аъзам (р) бо таълимоти пурфуруг ва човидонсабзи хеш дар партави Куръон ва Хадис 1310 сол ба ин чониб рохи миллионхо мусалмонони руи оламро мунаввар кардаву мекунад. Зихи, эй марди форсиасл, зихи эй роздони Хакку хам як бандаи солех, зихи, эй фахри Пайгамбар (с), зихи, эй козии Он козиюлкуззоти рузи «Хашр» зихи -Эй Буханифа Хазрати Нуъмон (р).

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …