Главная / Биология / АФЗОИШ ВА ИНКИШОФИ ОРГАНИЗМХО

АФЗОИШ ВА ИНКИШОФИ ОРГАНИЗМХО

Афзоиш яке аз хосиятхои мухими олами органики мебошад. Афзоиш ба хамаи махлукоти зинда, аз бактерияхо то ширхурон, хос аст. Сабаби мавчудияти намудхои хайвонот, растани, бактеряхо ва замбуругхо, идомаи насл дар байни волидон ва насли онхо афзоиш мебошад. Бо худофари дигар хусусияти хоси организмхои зинда, яъне инкишоф, низ сахт вобаста аст.

organizmho

Ин хусусият барои хамаи организмхои зиндаи руи Замин, аз организмхои якхучайра то набототу хайвоноти серхучайра хос аст.

Афзоиш шаклхои гуногун дорад, вале хамаи онхоро метавон ба ду навъ якчоя кард – чинси ва гайричинси. Ивазшавии наслхо ва организмхоро дар асоси хучайрахои чанси, ки аз хисоби гадудхои чинси пайдо шудаанд, афзоиши чинси меноманд. Афзоиши чинси дар давраи тахаввулот (эволютсия) тарзи прогрессивии инкишофи организми нав буда, аз хисоби якчоя шудани хучайрахои чинсии волидони гуногун ба вучуд омадааст. Дар хайвоноти

бемухра баъзан нутфа ва хучайратухм дар як организм пухта мерасанд. Ин ходисаро хунсои (гермофредитизм) меноманд. Растанихои гулдор хам дучинсаанд. Гули аксари намудхои растанихои пушидатухм дучинса буда, дар онхо аз гардбарг чинси нарина ва дар мевадон (пестик) хучайратухм пайдо мешавад. Тахминан аз чор як хиссаи узвхо нарина (гардбарг) ва модина (мевабаргхо) дар гулхое ба мушохида мерасанд, ки бевосита аз якдигар инкишоф меёбанд, яъне як-чинсаанд, масалан, дар растании кенаф. Дар баъзе растанихо, чунончи, чуворимакка, тус гулхои нарина ва модина дар як растани чой гирифтаанд.

Бо вучуди ин, шарт нест, ки организми нав аз хисоби омезиши хучайрахои чинси ба вучуд ояд. Дар баъзе намудхои растани ва хайвонот холатхое низ чой доранд, ки аз хисоби хучайратухми бордорнашуда организми нав пайдо мешавад. Чунин шакли афзоишро духтари ё партеногенези меноманд. Хусусияти асосии афзоиши гайричинси дар он аст, ки фард на аз хисоби хучайрахои чинси, балки аз хисоби хучайраи чисми (соматик) пайдо мешавад. Ин ду шакли афзоишро пурратар дида мебароем.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …