Главная / Биология / АФЗОИШ ВА ИНКИШОФИ ОРГАНИЗМҲО

АФЗОИШ ВА ИНКИШОФИ ОРГАНИЗМҲО

Афзоиш яке аз хосиятҳои муҳими олами органикӣ мебошад. Афзоиш ба ҳамаи махлуқоти зинда, аз бактерияҳо то ширхўрон, хос аст. Сабаби мавҷудияти намудҳои ҳайвонот, растанӣ, бактеряҳо ва замбўруғҳо, идомаи насл дар байни волидон ва насли онҳо афзоиш мебошад. Бо худофарӣ дигар хусусияти хоси организмҳои зинда, яъне инкишоф, низ сахт вобаста аст.

organizmho

Ин хусусият барои ҳамаи организмҳои зиндаи рўи Замин, аз организмҳои якҳуҷайра то набототу ҳайвоноти серҳуҷайра хос аст.

Афзоиш шаклҳои гуногун дорад, вале ҳамаи онҳоро метавон ба ду навъ якҷоя кард – ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ. Ивазшавии наслҳо ва организмҳоро дар асоси ҳуҷайраҳои ҷансӣ, ки аз ҳисоби ғадудҳои ҷинсӣ пайдо шудаанд, афзоиши ҷинсӣ меноманд. Афзоиши ҷинсӣ дар давраи таҳаввулот (эволютсия) тарзи прогрессивии инкишофи организми нав буда, аз ҳисоби якҷоя шудани ҳуҷайраҳои ҷинсии волидони гуногун ба вуҷуд омадааст. Дар ҳайвоноти

бемўҳра баъзан нутфа ва ҳуҷайратухм дар як организм пухта мерасанд. Ин ҳодисаро хунсоӣ (гермофредитизм) меноманд. Растаниҳои гулдор ҳам дуҷинсаанд. Гули аксари намудҳои растаниҳои пўшидатухм дуҷинса буда, дар онҳо аз гардбарг ҷинси нарина ва дар мевадон (пестик) ҳуҷайратухм пайдо мешавад. Тахминан аз чор як ҳиссаи узвҳо нарина (гардбарг) ва модина (мевабаргҳо) дар гулҳое ба мушоҳида мерасанд, ки бевосита аз якдигар инкишоф меёбанд, яъне як-ҷинсаанд, масалан, дар растании кенаф. Дар баъзе растаниҳо, чунончи, ҷуворимакка, тўс гулҳои нарина ва модина дар як растанӣ ҷой гирифтаанд.

Бо вуҷуди ин, шарт нест, ки организми нав аз ҳисоби омезиши ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ба вуҷуд ояд. Дар баъзе намудҳои растанӣ ва ҳайвонот ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки аз ҳисоби ҳуҷайратухми бордорнашуда организми нав пайдо мешавад. Чунин шакли афзоишро духтарӣ ё партеногенезӣ меноманд. Хусусияти асосии афзоиши ғайриҷинсӣ дар он аст, ки фард на аз ҳисоби ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, балки аз ҳисоби ҳуҷайраи ҷисмӣ (соматик) пайдо мешавад. Ин ду шакли афзоишро пурратар дида мебароем.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …