Главная / Илм / АФАЗИЯ

АФАЗИЯ

1396453394_afasiaАФАЗИЯ (аз а – хиссачаи инкори ва юн. phasis – гуфтан, гап задан), лоли, вайрон шудани кобилияти гапзани ва талаффуз. Дар натичаи А. кобилияти фикрро бо гап фахмондан, онро фахмида гирифтан ва бо ягон предмет ё ходисахои маълум алокаманд намуда донистан, халал меёбад. А. дар беморони бо дасти рост коркунанда аз осеби кисми муайяни кишри нимкураи чапи магзи сар ва дар беморони бо дасти чап коркунанда аз осеби кисми муайяни кишри нимкураи рости магзи сар руй медихад. Хелхои асосии А. инхоанд: А.-и харакати (тахрики) – маънои гапро фахмида, гап зада натавонистани бемор; А.-и сенсори (эхсоси) – нофахмида сафсата гуфтан, гапи дигаронро нафахмидан ва фаромуш кардани предметхо. А. бештар дар натичаи сактаи магзи сар, сарсом, энсефалит, думбал ва г. сар мезанад.
Бо максади муоличаи А. рафъи бемории асоси ва таълими логопеди зарур аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …