Главная / Илм / АДРЕНАЛИН

АДРЕНАЛИН

adrenalinАДРЕНАЛИН (Adrenalinum; аз лот. ad – назди ва renalis – гурдаги), гормони гадуди болои гурда. Массаи мол. 183; моддаи кристаллии сафед; аз чихати оптики фаъол аст. Дар оби гарм, кислотахо ва ишкорхо хал мешавад. Моддаи ноустувор буда, ба хосилахои гуногун табдил меёбад. А. аввалин гормонест, ки дар холати кристалли чудо ва синтез карда шудааст. Аз аминокислотахо (фенилаланин ва тира- зин) дар гурушахои хромаффинии гадуди болои гурда хосил мешавад. А. ба хун дохил шуда, талаботи узву бофтахоро ба оксиген афзун мегардонад; бахри фаъол сохтани гликоген, ки тачзияи он боиси дар хун баланд шудани канд мегардад, ширкат меварзад; мубодилаи сафеда, карбогидратхо, чарб ва г.-ро бехтар менамояд; рагхои хунро танг карда, фишори шараёнро баланд мебардорад; кори дилро метезонад; кори меъдаю рудахоро бехтар месозад. Таъсири А. кутохмуддат аст, зеро зуд (асосан дар чигар) оксид мешавад. Бе- рун аз организм низ оксид шуданаш мумкин аст. Хангоми баъзе беморихои узвхои дарун, силсилаи асаб, гадудхои усораи дохили (эндокрини) ва г. микдори А. дар организм тагйир ёфта, раванди бемориро душвор менамояд. Бо максади табобат А.- ро аз гадуди болои гурдаи хайвонот мегиранд ё бо рохи синтез ба даст меоранд. Махлули намаки хлориди А. хангоми паст шудани фишор, бемории зики нафас, беморихои аллерги, хамчунин дар вакти бехиссозии чузъи ва чаррохи (барои катъи хунрави) ба зери пуст фиристода мешавад. А.-ро дар мавриди бемории гипертония, атеросклероз, иллати дил ва г. истифода бурдан мумкин нест.
Ад.: Адреналин и норадреналин, М., 1964; Мар- ри Р., Греннер Д., Биохимия человека, ч. 1 – 2, М., 1993; Маршалл В.Ч., Клиническая биохимия, М., 2000. Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …