Главная / Илм / АБУЛХАЙР ИБНИ АЛ-ХАММОР

АБУЛХАЙР ИБНИ АЛ-ХАММОР

imagesАбулхайр Хасан ибни Сивор ибни Бобо ибни Бехном (942, Багдод – 1048, Газна), табиб ва файласуф. Аз насрониёни Эрон буд. Дар Хоразм зиндаги карда, бо Беруни ва диг. олимони машхури давр шинос шудааст. Шохи Хоразм Маъмун ибни Мухаммад уро надим ва табиби шахсии худ таъйин намудааст. Хамрохи Ибни Сино дар дарбор хизмат мекард. Султон Махмуди Газнави баъди тасхири Хоразм А.-ро ба назди худ ба ш. Газна меоварад. А. дар он чо ба табобат машгул шуда, доир ба тиб асархо таълиф кардааст. Дар синни 102-солаги аз дини насрони даст кашида, дини исломро кабул менамояд. А. таълифоти бисёр дорад. Аз 15 асари у чахор китоб рочеъ ба илми тиб мебошад. Дар бобати санчиши дониши пизишкон бо номи «Макола фи имтихону-л-атиббо» рисолае иншо намудааст, ки Маъмун ибни Мухаммад бо истифода аз он дониши та- бибони узви «Мачлиси уламо»-ро муайян мекард. Зеро дар «Мачлиси уламо» кариб 20 наф. олимон фаъолият доштанду хар кадом чандин шогирдро ба воя мерасонд. Таълифоти диг. А. – «Макола фи халки-л- инсон ва таркиби аъзоихи» («Китоби офа- риниши инсон ва таркиби узвхои вай»), «Китобу-л-хавомил» («Китоби хомила- ги»), хамчунин рисолахо оид ба бемории саръ, тартиби солхурдагон ва г. низ бахри омузиши таърихи тиб ахамияти калон до- ранд. А. дар тарчумаи осори пизишкон аз суриёни ба араби сахми назаррас гу- зоштааст. А. пас аз катли Маъмун ибни Мухаммад ба дасти Султон Махмуди Газ- нави с. 1018 ба Газна интикол ёфта, то охири умр дар хизмати у монд.
Ад.: Забехуллох Сафо, «Таърихи улуми акли», ч. 1, Техрон, 1331 х. ш. С. Шахобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …