Главная / Илм / АБУЛХАЙР ИБНИ АЛ-ХАММОР

АБУЛХАЙР ИБНИ АЛ-ХАММОР

imagesАбулхайр Ҳасан ибни Сивор ибни Бобо ибни Беҳном (942, Бағдод – 1048, Ғазна), табиб ва файласуф. Аз насрониёни Эрон буд. Дар Хоразм зиндагӣ карда, бо Берунӣ ва диг. олимони машҳури давр шинос шудааст. Шоҳи Хоразм Маъмун ибни Муҳаммад ӯро надим ва табиби шахсии худ таъйин намудааст. Ҳамроҳи Ибни Сино дар дарбор хизмат мекард. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ баъди тасхири Хоразм А.-ро ба назди худ ба ш. Ғазна меоварад. А. дар он ҷо ба табобат машғул шуда, доир ба тиб асарҳо таълиф кардааст. Дар синни 102-солагӣ аз дини насронӣ даст кашида, дини исломро қабул менамояд. А. таълифоти бисёр дорад. Аз 15 асари ӯ чаҳор китоб роҷеъ ба илми тиб мебошад. Дар бобати санҷиши дониши пизишкон бо номи «Мақола фӣ имтиҳону-л-атиббо» рисолае иншо намудааст, ки Маъмун ибни Муҳаммад бо истифода аз он дониши та- бибони узви «Маҷлиси уламо»-ро муайян мекард. Зеро дар «Маҷлиси уламо» қариб 20 наф. олимон фаъолият доштанду ҳар кадом чандин шогирдро ба воя мерасонд. Таълифоти диг. А. – «Мақола фӣ халқи-л- инсон ва таркиби аъзоиҳӣ» («Китоби офа- риниши инсон ва таркиби узвҳои вай»), «Китобу-л-ҳавомил» («Китоби ҳомила- гӣ»), ҳамчунин рисолаҳо оид ба бемории саръ, тартиби солхӯрдагон ва ғ. низ баҳри омӯзиши таърихи тиб аҳамияти калон до- ранд. А. дар тарҷумаи осори пизишкон аз суриёнӣ ба арабӣ саҳми назаррас гу- зоштааст. А. пас аз қатли Маъмун ибни Муҳаммад ба дасти Султон Маҳмуди Ғаз- навӣ с. 1018 ба Ғазна интиқол ёфта, то охири умр дар хизмати ӯ монд.
Ад.: Забеҳуллоҳ Сафо, «Таърихи улуми ақлӣ», ҷ. 1, Теҳрон, 1331 ҳ. ш. С. Шаҳобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …