Главная / Илм / АБУЛАББОСИ САРАХСЙ

АБУЛАББОСИ САРАХСЙ

imagesАБУЛАББОСИ САРАХСЙ, Абулаб- бос Ахмад ибни Марвони Сарахси (с. тав. номаълум – ваф. 899, Багдод), табиб ва файласуфи маъруф. Дар ибтидо муаллими халифаи аббоси Муътазид буд, сипас аз надимони у гашт ва халифа асрори худ бо у дар миён мегузоштааст. Бар асари ифшои розе ба махбас кашида катл карда шуд. А. С. кариб дар хамаи сохахои илм таълифот дорад. Чанд китоби у ба тиб бахшида шудаанд, мас., «Китобу-р-рад ало Чолинус» («Китоб дар радди Чолинус»); «Ал-Мадхал ило синоати-т-тиб» («Мукаддима дар тиб»); «Рисола фи-л-хизоботи-л-мусввиддати ли- ш-шаър» («Рисола дар баёни хизобхое, ки муйро сиёх кунад»); «Китобу-т-табих», «Китобу мохияти-н-авм ва-р-руъё» («Ки- тоб дар мохияти хоб ва хоббини») ва г. А. С. дар рушди илмхои замони худ накши муассир гузоштааст.
Ад.: Хочихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии- л-кутуби ва-л-фунун», ч. 5, Лубнон, 2007.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …