Главная / Илм / АБУЛАББОСИ САРАХСЙ

АБУЛАББОСИ САРАХСЙ

imagesАБУЛАББОСИ САРАХСЙ, Абулаб- бос Аҳмад ибни Марвони Сарахсӣ (с. тав. номаълум – ваф. 899, Бағдод), табиб ва файласуфи маъруф. Дар ибтидо муаллими халифаи аббосӣ Мӯътазид буд, сипас аз надимони ӯ гашт ва халифа асрори худ бо ӯ дар миён мегузоштааст. Бар асари ифшои розе ба маҳбас кашида қатл карда шуд. А. С. қариб дар ҳамаи соҳаҳои илм таълифот дорад. Чанд китоби ӯ ба тиб бахшида шудаанд, мас., «Китобу-р-рад ало Ҷолинус» («Китоб дар радди Ҷолинус»); «Ал-Мадхал ило синоати-т-тиб» («Муқаддима дар тиб»); «Рисола фӣ-л-хизоботи-л-мусввиддати ли- ш-шаър» («Рисола дар баёни хизобҳое, ки мӯйро сиёҳ кунад»); «Китобу-т-табих», «Китобу моҳияти-н-авм ва-р-руъё» («Ки- тоб дар моҳияти хоб ва хоббинӣ») ва ғ. А. С. дар рушди илмҳои замони худ нақши муассир гузоштааст.
Ад.: Ҳочихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии- л-кутуби ва-л-фунун», ч. 5, Лубнон, 2007.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …