Главная / Без рубрики / Зоология Китоби дарсӣ барои синфи 8

Зоология Китоби дарсӣ барои синфи 8

Китоби мазкур дар бораи таърих ва инкишофи илми зоология дар Тоҷикистон, олами ҳайвоноти дунё ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба навъҳо ва зернавъҳову синфҳо тақсим шудани хайвонот. оид ба пайдоишу инкишоф, узвҳои дохилию берунӣ ва муҳити зисти онҳо маълумоти ҳаматарафа медиҳад.

Дар китоби мазкур барои омӯзиши матнҳо оид ба ҳар мавзӯъ расмҳои ранга оварда шудааст. Ҳангоми хондани матни китоб, агар ба расм ишора шуда бошад. ҳагман ба он диққат дода ба матни хондаатон мукоиса намоед ва ин барои амиқ дарк намудани мавзӯь ва дар хотир нигоҳ доштани он ёрии амалӣ мерасонад.

Китоби зоология синфи 8

Ҷавобҳои саҳеҳ ёфтан ба саволу супоришҳое, ки дар охири ҳар мавзӯъ оварда шудааст ба Шумо имкон медиҳад мавзӯъҳоро ҳаматарафа аз худ кунед ва мазмуну мундариҷаи онҳоро шуурона дарк намоед.

Ҳангоми омӯзиши матнҳо ба калимаю иборахое. ки бо хуруфи сиёх чоп шудаанд, диққат дихед, зеро маҳз мафҳумҳои зоологӣ, истилоҳоти илмӣ, системаи узвҳои алоҳидаи хайвонот чунин ишораҳо доранд.

Дар охири китоб мундариҷаи он оварда шудааст ва омӯзиши он Шуморо ба сохтори китоб, бо тартиби муайян ҷойгиршавии мавзӯъҳо шинос намуда, имкон медиҳад, ки аз-рӯйи саҳифахои ишорашуда мавзӯъҳои даркоратонро зуд ёбед.

Дар китоб баробари маълумоти пурра оид ба фанни зоология, инчунин дар бораи муносибати рафтор нисбат ба табиат, ҳайвоноту набототи кишвар, нигоҳубини онҳо, махсусан паррандаҳову хайвоноти хонагӣ ба эътибор гирифта шудааст.

Китобро тозаву озода ва эҳтиёткорона нигоҳ доред, варақҳояшро қат накунед, матну расмҳои китобро эҳтиёт кунед, қалам накашед, зеро баъди Шумо онро додарону хоҳарчаҳо ва рафиқонатон истифода хоҳанд бурд.

М У Н Д A Р И Ҷ A

Маълумоти мухтасар оид ба таърих ва инкишофи илми зоологня дар Тоҷикистон…………………………………………………………………………………………. 4

Навъи хордадорон. Тавсифи умумии навьи хордадорон………………………… 10

Зернавъи мӯҳрадорон. Тавсифи умумии зернавъи мӯҳрадорон………………. 13

Синфи моҳиҳо…………………………………………………………………………………… 15

Оё медонед?……………………………………………………………………………………… 30

Синфи обхокиҳо………………………………………………………………………………… 32

Оё медонед?……………………………………………………………………………………… 45

Синфи хазандаҳо………………………………………………………………………………. 47

Оё медонед?……………………………………………………………………………………… 70

Синфи паррандаҳо…………………………………………………………………………….. 73

Оё медонед?……………………………………………………………………………………… 95

Синфн ширхӯрхо……………………………………………………………………………….. 98

Оё медонед?……………………………………………………………………………………. 127

Тавсифи умумни олами ҳайвоноти Тоҷикистон……………………………………. 130

Муҳофизати олами ҳайвоноти обии Тоҷикистон…………………………………… 133

Мавқеи мамнӯъгоҳҳо ва ғӯрукҳои Тоҷикистон дар муҳофизати ҳайвонот…. 135

Масъалаҳои ҳуқуқии муҳофзати ҳайвонот…………………………………………… 141

 

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …