Главная / Илм / ЗИҚИ НАФАС

ЗИҚИ НАФАС

ziki-nafasЗИҚИ НАФАС (Asthma bronchiale), бемории музминест, ки дар натиҷаи ниҳоят танг шудани бронхҳо бинобар ташаннуҷи мушакҳои қасабаи шуш, обварами луобпардаи шуш, бо балғами ғализ пур шудани найчаҳои бронхҳо ба амал меояд.
З. н. бемории аллергӣ буда, ба он одамони нисбати баъзе моддаҳои химиявӣ ё омилҳои физикӣ ҳассос гирифтор мешаванд. Ҳассосияти барзиёд мумкин зуҳуроти ирсию анатомии организм бошад ё зери таъсири аллерген (ниг. Аллергия) ва чанде омилҳои номусоид (хунук хӯрдан, ниҳоят хаста шудан, амрози музмини илтиҳобӣ ва ғ.) ба вуҷуд ояд. З. н. сироятию аллергӣ ва ғайрисироятию аллергӣ мешаванд.
Бактерияҳо, вирусҳо ва диг. микробҳое, ки ба организм таъсир расонида, онро тағйир медиҳанд, сабабгори асосии З. н.-и сироятию аллергӣ мебошанд. З. н. бештар дар заминаи амрози бардавом (бронхит, бронхоэктазҳо, газаки шуш) ё иллати ҷавфҳои иловагии бинӣ (фронтит, гайморит) инкишоф меёбад. Зеро моддаҳое, ки дар аснои илтиҳоб ба вуҷуд меоянд, хосияти аллергенҳоро доранд.
З. н.-и ғайрисироятӣ аз аллергенҳои наботӣ ё ҳайвонот пайдо мешавад. Пашм, пар, мӯи асп, пулакчаҳои моҳӣ ва ғ. аз қабили аллергенҳои ҳайвонот мебошанд. Баъзе ҳашарот (тахтакана, нонхӯрак, шабпаракҳо ва ғ.) низ метавонанд боиси ҳассосии барзиёд шаванд. Гарди гул чун аллерген мавқеи махсус дорад (ниг. Поллиноз). Хурӯҷи З. н.-е, ки сабабгораш аллергенҳои наботӣ мебошанд, дар мавсими муайяни сол (аз моҳи апрел то июл, ки айёми гулшукуфти растаниҳост) ба амал меояд. Чанги хона, ғизои хушки моҳиҳои аквариум, маҳсулоти хӯрокворӣ (тухм, харчанг, шоколад, занбӯруғ, тути заминӣ, афлесун ва ғ.), баъзе доруҳо низ сабабгори З. н. мешаванд.
Дар пайдоиши З. н. хусусиятҳои фардии асабия ва системаи эндокринӣ (ғадудҳои усораи дохилӣ) мавқеи калон доранд. Ҳолатҳое ҳам маълуманд, ки хуруҷи З. н. дар касони ба бӯи гули садбарг ҳассос ҳатто аз дидани гули сунъии садбарг низ рӯй медиҳад. Ба хуруҷи З. н. эмотсияҳо (эҳсосот)-и нохуш низ сабаб шуда метавонанд. Ба инкишофу ҷараёни З. н. омилҳои иқлим ҳам таъсир мерасонанд. Дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ беморӣ бештар авҷ мегирад; ҳангоми шамол ё якбора тағйир ёфтани обу ҳаво ва афзудани рутубат, аҳволи беморон бад мешавад. Ғайр аз ин, рутубати барзиёд ба авҷ гирифтани амрози музмини сироятии бронхҳо ва шуш мусоидат карда, ҷараёни З. н.-ро вазнин мегардонад.
Зуҳуроти асосии З. н. хуруҷи нафастангӣ аст. Одатан, нафастангӣ ногаҳон, бештар шабона (вақти хоб) сар мешавад. Бемор аз нарасидани ҳаво азият мекашад. Нафаскашӣ душвору нафасбарорӣ бардавом гашта, хир-хири ҳуштакмонанд шунида мешавад. Барои осон шудани нафаскашӣ бемор маҷбур аст, ки рост истад ё бо даст ба канори кат такя карда нишинад. Баъди чанд вақт нафаскашӣ ором гашта, балғам ихроҷ мешавад, хуруҷи беморӣ бартараф мегардад. Хуруҷи З. н. аз чанд дақиқа то чанд соат ва ҳатто рӯзҳо давом мекунад. Ин қабил хуруҷҳои бардавом ё зуд-зуд такрорёбандаро ҳолати асматикӣ меноманд. Агар хуруҷи беморӣ гоҳ-гоҳ такрор шавад, бофтаҳои шуш тағйир намеёбанд, аммо баъди инкишофи иллат ва зуд-зуд рӯй додани хуруҷ, мумкин эмфиземаи шуш, ихтилоли фаъолияти дил ба вуҷуд ояд. Бояд дар хотир дошт, ки нафастангӣ нафақат ба З. н., балки ба диг. бемориҳо ҳам метавонад вобаста бошад. Дар бисёр мавридҳо духтур ҳангоми муоинаи бемор хусусият ва пайдоиши нафастангиро муқаррар мекунад ва агар лозим ояд, барои ташхис аз усулҳои лабораторӣ истифода мебарад.
Хусусияти зиқи нафас дар кӯдакон. Дар кӯдакон бештар З. н.-и марбут ба гарди чанги хона, гарди гул, пашми ҳайвонот, хӯрокворӣ, дору ва ғ. пайдо мешавад. Бисёр вақт дар онҳо аллергияи сироятӣ низ ба мушоҳида мерасад, ки дар натиҷа З. н.-и омехта инкишоф меёбад. Беморӣ бештар дар кӯдаконе дучор меояд, ки бо вазни зиёд, ғадуди ҷоғари калон ва ихтилоли иммунитети ҳуҷайравӣ ба дунё омадаанд. Хуруҷи аввалини З. н. дар кӯдакон, одатан, дар 2 – 5-солагӣ ба назар мерасад. Сабаби бевоситаи хуруҷи З. н. дар онҳо тамос бо аллерген, бемориҳои шадиди узвҳои нафас, ангина, осебҳои ҷисмонию равонӣ, баъзан моягузаронӣ ва тазриқи гамма-глобулин мебошанд.
Қабл аз хуруҷи З. н. дар кӯдакон сустию беҳолатӣ ё, баръакс, серҳаяҷонӣ ва инҷиқӣ рух менамояд, онҳо аз ғизо рӯ метобанд, ранги пӯст мепарад, гавҳараки чашм васеъ шуда гулӯ мехорад; сурфаи хирросӣ ба вуҷуд омада, оби бинӣ мешорад. Вале бо вуҷуди ин ҳама роҳи нафас боз аст. Чунин ҳолат 10 – 30 дақ., баъзан 1 – 2 шаборӯз давом карда, баъд беморӣ хуруҷ меёбад. Гоҳо ин аломатҳо рафъ шуда, кӯдак дуруст мешавад.
Ҳангоми хуруҷи беморӣ кӯдакон бетоқат шуда, худро ба ҳар тараф мепартоянд, нафаскашӣ тез аст. Баъзан ҳарорати бадан низ баланд мешавад. Аломатҳои болини З. н. дар кӯдакони синни болотар мисли калонсолон мебошанд. Дар давраи хуруҷи беморӣ кӯдакон аз обу ғизо рӯ метобанд, арақ мекунанд, харобу лоғар мешаванд, ранги пӯст парида, атрофи чашм сиёҳ мегардад. Вазъи кӯдак тадриҷан беҳтар ва нафаскашӣ озод мешавад, ҳангоми сурфидан балғам меояд. Баъди хотимаи хуруҷи беморӣ саломатии кӯдак хуб шавад ҳам, то дер ӯ сусту беҳолат мемонад, сар дард мекунад.
Барои табобату пешгирии З. н. ҳар гуна доруҳо (қурс, аэрозолҳо, тазриқ)-ро кор мефармоянд. Интихоби ин ё он воситаю усули муолиҷа вазифаи духтур буда, ӯ ҷиҳатҳои фардии беморро ба назар мегирад. Воситаҳои дардкаш (банкаҳои тиббӣ, хардалкоғаз, ваннаҳои гарм барои дасту по ва ғ.)-ро низ истифода мебаранд. Бе назорати духтур худро бо доруҳои зидди З. н. табобат кардан, нафақат натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, балки оқибати нохуш ҳам дорад. Мақсади табобати З. н. нафақат бартарф намудани нафастангӣ, балки ба қадри имкон муайян кардани сабаби беморӣ ва ошкор намудани омилҳое низ мебошад, ки боиси нафастангӣ гаштаанд. Аксар вақт манбаи сирояте, ки табобати махсусро тақозо дорад, ба З. н. мусоидат мекунад. Дар аснои маълум будани аллергени ғайрисироятӣ бояд тавре рафтор кард, ки он ба организм роҳ наёбад (бо ин мақсад ҳатто ҷои кору зистро тағйир медиҳанд); агар ин тадбир имконнопазир бошад, пас тавассути доруҳои махсус ҳассосиятро нисбат ба аллерген суст мекунанд. Барои аз қасабаи шуш дур кардани балғам, сайругашт дар ҳавои тоза ё дар бешаи дарахтони сӯзанбарг, истеъмоли обҳои минералӣ (мас., Шамбарӣ, Боржомӣ) тавсия мешаванд. Варзиши шифоӣ ба аксар беморон фоидабахш аст (ба шарте, ки дили бемор иллати ҷиддӣ надошта бошад). Варзиш ҳаво гирифтани шушро беҳтар намуда, инсидод (баста шудан)-и бронхҳоро бартараф мекунад, нафас бароварданро осон мегардонад. Бо варзиши шифоӣ мунтазам ва мувофиқи маслиҳати духтур машғул шудан лозим аст. Машқҳои махсуси нафасгирӣ ва дар як вақт талаффузи баъзе овозҳо барои идора кардани нафаскашӣ ёрӣ мерасонанд. Аввало ҳамсадоҳо (с, з, ш), сипас садонокҳо (у, е, и, а)-ро талаффуз мекунанд; минбаъд яке аз ҳамсадоҳою яке аз садонокҳоро паси ҳам талаффуз намуда, тадриҷан барои машқ вақтро зиёдтар мегузаронанд. Муҳимаш ин аст, ки бемор бояд ба тавассути бинӣ нафас гирифтану нафас бароварданро омӯзад, дар аснои нафас баровардан, шикамро ба дарун кашад. Машғулиятро дар хонаи ҳавояш тоза ва мавриди гарм будани ҳаво дар рӯи ҳавлӣ мегузаронанд.
Дар давраи ремиссия (муваққат ё дер гоҳ рӯй надодани хуруҷи беморӣ) бо варзиш – туризм, заврақронӣ, лижаронӣ, теннис ва ғ. машғул шудан аҳамияти калон дорад (вале на бештар аз меъёр). Табобати З. н. бештар дар санаторияю курортҳо сурат мегирад, аммо то чӣ андоза натиҷабахш будани онро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, чунки васоити муолиҷавии курортҳо (иқлим ва ғ.) ба ҳар бемор ҳар хел таъсир мерасонад. Барои табобати З. н. курортҳои иқлимашон мӯътадилу рутубати ҳавояшон кам беҳтар мебошад. Хоҷаобигарм ягона курортест, ки боду ҳаво ва диг. омилҳои шифобахши он барои беморони З. н. хеле мувофиқ аст.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

pompeo

Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад

Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …