Главная / Илм / ЗИКИ НАФАС

ЗИКИ НАФАС

ziki-nafasЗИКИ НАФАС (Asthma bronchiale), бемории музминест, ки дар натичаи нихоят танг шудани бронххо бинобар ташаннучи мушакхои касабаи шуш, обварами луобпардаи шуш, бо балгами гализ пур шудани найчахои бронххо ба амал меояд.
З. н. бемории аллерги буда, ба он одамони нисбати баъзе моддахои химияви ё омилхои физики хассос гирифтор мешаванд. Хассосияти барзиёд мумкин зухуроти ирсию анатомии организм бошад ё зери таъсири аллерген (ниг. Аллергия) ва чанде омилхои номусоид (хунук хурдан, нихоят хаста шудан, амрози музмини илтихоби ва г.) ба вучуд ояд. З. н. сироятию аллерги ва гайрисироятию аллерги мешаванд.
Бактерияхо, вирусхо ва диг. микробхое, ки ба организм таъсир расонида, онро тагйир медиханд, сабабгори асосии З. н.-и сироятию аллерги мебошанд. З. н. бештар дар заминаи амрози бардавом (бронхит, бронхоэктазхо, газаки шуш) ё иллати чавфхои иловагии бини (фронтит, гайморит) инкишоф меёбад. Зеро моддахое, ки дар аснои илтихоб ба вучуд меоянд, хосияти аллергенхоро доранд.
З. н.-и гайрисирояти аз аллергенхои наботи ё хайвонот пайдо мешавад. Пашм, пар, муи асп, пулакчахои мохи ва г. аз кабили аллергенхои хайвонот мебошанд. Баъзе хашарот (тахтакана, нонхурак, шабпаракхо ва г.) низ метавонанд боиси хассосии барзиёд шаванд. Гарди гул чун аллерген мавкеи махсус дорад (ниг. Поллиноз). Хуручи З. н.-е, ки сабабгораш аллергенхои наботи мебошанд, дар мавсими муайяни сол (аз мохи апрел то июл, ки айёми гулшукуфти растанихост) ба амал меояд. Чанги хона, гизои хушки мохихои аквариум, махсулоти хуроквори (тухм, харчанг, шоколад, занбуруг, тути замини, афлесун ва г.), баъзе дорухо низ сабабгори З. н. мешаванд.
Дар пайдоиши З. н. хусусиятхои фардии асабия ва системаи эндокрини (гадудхои усораи дохили) мавкеи калон доранд. Холатхое хам маълуманд, ки хуручи З. н. дар касони ба буи гули садбарг хассос хатто аз дидани гули сунъии садбарг низ руй медихад. Ба хуручи З. н. эмотсияхо (эхсосот)-и нохуш низ сабаб шуда метавонанд. Ба инкишофу чараёни З. н. омилхои иклим хам таъсир мерасонанд. Дар фаслхои бахор ва тирамох бемори бештар авч мегирад; хангоми шамол ё якбора тагйир ёфтани обу хаво ва афзудани рутубат, ахволи беморон бад мешавад. Гайр аз ин, рутубати барзиёд ба авч гирифтани амрози музмини сироятии бронххо ва шуш мусоидат карда, чараёни З. н.-ро вазнин мегардонад.
Зухуроти асосии З. н. хуручи нафастанги аст. Одатан, нафастанги ногахон, бештар шабона (вакти хоб) сар мешавад. Бемор аз нарасидани хаво азият мекашад. Нафаскаши душвору нафасбарори бардавом гашта, хир-хири хуштакмонанд шунида мешавад. Барои осон шудани нафаскаши бемор мачбур аст, ки рост истад ё бо даст ба канори кат такя карда нишинад. Баъди чанд вакт нафаскаши ором гашта, балгам ихроч мешавад, хуручи бемори бартараф мегардад. Хуручи З. н. аз чанд дакика то чанд соат ва хатто рузхо давом мекунад. Ин кабил хуручхои бардавом ё зуд-зуд такрорёбандаро холати асматики меноманд. Агар хуручи бемори гох-гох такрор шавад, бофтахои шуш тагйир намеёбанд, аммо баъди инкишофи иллат ва зуд-зуд руй додани хуруч, мумкин эмфиземаи шуш, ихтилоли фаъолияти дил ба вучуд ояд. Бояд дар хотир дошт, ки нафастанги нафакат ба З. н., балки ба диг. беморихо хам метавонад вобаста бошад. Дар бисёр мавридхо духтур хангоми муоинаи бемор хусусият ва пайдоиши нафастангиро мукаррар мекунад ва агар лозим ояд, барои ташхис аз усулхои лаборатори истифода мебарад.
Хусусияти зики нафас дар кудакон. Дар кудакон бештар З. н.-и марбут ба гарди чанги хона, гарди гул, пашми хайвонот, хуроквори, дору ва г. пайдо мешавад. Бисёр вакт дар онхо аллергияи сирояти низ ба мушохида мерасад, ки дар натича З. н.-и омехта инкишоф меёбад. Бемори бештар дар кудаконе дучор меояд, ки бо вазни зиёд, гадуди чогари калон ва ихтилоли иммунитети хучайрави ба дунё омадаанд. Хуручи аввалини З. н. дар кудакон, одатан, дар 2 – 5-солаги ба назар мерасад. Сабаби бевоситаи хуручи З. н. дар онхо тамос бо аллерген, беморихои шадиди узвхои нафас, ангина, осебхои чисмонию равони, баъзан моягузарони ва тазрики гамма-глобулин мебошанд.
Кабл аз хуручи З. н. дар кудакон сустию бехолати ё, баръакс, серхаячони ва инчики рух менамояд, онхо аз гизо ру метобанд, ранги пуст мепарад, гавхараки чашм васеъ шуда гулу мехорад; сурфаи хирроси ба вучуд омада, оби бини мешорад. Вале бо вучуди ин хама рохи нафас боз аст. Чунин холат 10 – 30 дак., баъзан 1 – 2 шаборуз давом карда, баъд бемори хуруч меёбад. Гохо ин аломатхо рафъ шуда, кудак дуруст мешавад.
Хангоми хуручи бемори кудакон бетокат шуда, худро ба хар тараф мепартоянд, нафаскаши тез аст. Баъзан харорати бадан низ баланд мешавад. Аломатхои болини З. н. дар кудакони синни болотар мисли калонсолон мебошанд. Дар давраи хуручи бемори кудакон аз обу гизо ру метобанд, арак мекунанд, харобу логар мешаванд, ранги пуст парида, атрофи чашм сиёх мегардад. Вазъи кудак тадричан бехтар ва нафаскаши озод мешавад, хангоми сурфидан балгам меояд. Баъди хотимаи хуручи бемори саломатии кудак хуб шавад хам, то дер у сусту бехолат мемонад, сар дард мекунад.
Барои табобату пешгирии З. н. хар гуна дорухо (курс, аэрозолхо, тазрик)-ро кор мефармоянд. Интихоби ин ё он воситаю усули муолича вазифаи духтур буда, у чихатхои фардии беморро ба назар мегирад. Воситахои дардкаш (банкахои тибби, хардалкогаз, ваннахои гарм барои дасту по ва г.)-ро низ истифода мебаранд. Бе назорати духтур худро бо дорухои зидди З. н. табобат кардан, нафакат натичаи дилхох намедихад, балки окибати нохуш хам дорад. Максади табобати З. н. нафакат бартарф намудани нафастанги, балки ба кадри имкон муайян кардани сабаби бемори ва ошкор намудани омилхое низ мебошад, ки боиси нафастанги гаштаанд. Аксар вакт манбаи сирояте, ки табобати махсусро такозо дорад, ба З. н. мусоидат мекунад. Дар аснои маълум будани аллергени гайрисирояти бояд тавре рафтор кард, ки он ба организм рох наёбад (бо ин максад хатто чои кору зистро тагйир медиханд); агар ин тадбир имконнопазир бошад, пас тавассути дорухои махсус хассосиятро нисбат ба аллерген суст мекунанд. Барои аз касабаи шуш дур кардани балгам, сайругашт дар хавои тоза ё дар бешаи дарахтони сузанбарг, истеъмоли обхои минерали (мас., Шамбари, Боржоми) тавсия мешаванд. Варзиши шифои ба аксар беморон фоидабахш аст (ба шарте, ки дили бемор иллати чидди надошта бошад). Варзиш хаво гирифтани шушро бехтар намуда, инсидод (баста шудан)-и бронххоро бартараф мекунад, нафас бароварданро осон мегардонад. Бо варзиши шифои мунтазам ва мувофики маслихати духтур машгул шудан лозим аст. Машкхои махсуси нафасгири ва дар як вакт талаффузи баъзе овозхо барои идора кардани нафаскаши ёри мерасонанд. Аввало хамсадохо (с, з, ш), сипас садонокхо (у, е, и, а)-ро талаффуз мекунанд; минбаъд яке аз хамсадохою яке аз садонокхоро паси хам талаффуз намуда, тадричан барои машк вактро зиёдтар мегузаронанд. Мухимаш ин аст, ки бемор бояд ба тавассути бини нафас гирифтану нафас бароварданро омузад, дар аснои нафас баровардан, шикамро ба дарун кашад. Машгулиятро дар хонаи хавояш тоза ва мавриди гарм будани хаво дар руи хавли мегузаронанд.
Дар давраи ремиссия (муваккат ё дер гох руй надодани хуручи бемори) бо варзиш – туризм, завракрони, лижарони, теннис ва г. машгул шудан ахамияти калон дорад (вале на бештар аз меъёр). Табобати З. н. бештар дар санаторияю курортхо сурат мегирад, аммо то чи андоза натичабахш будани онро пешгуи кардан гайриимкон аст, чунки васоити муоличавии курортхо (иклим ва г.) ба хар бемор хар хел таъсир мерасонад. Барои табобати З. н. курортхои иклимашон муътадилу рутубати хавояшон кам бехтар мебошад. Хочаобигарм ягона курортест, ки боду хаво ва диг. омилхои шифобахши он барои беморони З. н. хеле мувофик аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …