Главная / Биология / Занбӯруғҳои телпакчадор

Занбӯруғҳои телпакчадор

Занбӯруғҳо гурӯҳи калони организмҳо буда, тақрибан 100 ҳазор намуд доранд. Онҳоро аз рӯи таснифоти ҳозирамалкунанда ба 6 синф ҷудо менамоянд, ки аз инхо 3-тоаш ба занбӯруғҳои дараҷаи паст ва 3-тои дигараш ба занбӯруғхои дараҷаи олӣ мансубанд. Агар занбӯруғҳои дараҷаи паст сохти якҳуҷайрагӣ дошта бошанд, занбӯруғҳои дараҷаи олӣ бисёрхуҷайраанд. Тахмин меравад, ки синфҳои гуногуни занбӯруғҳо шояд аз организмҳои соддаи қадима пайдо шуда бошанд.

Занбӯруғҳо мавҷудоти хеле паҳншуда мебошанд. Онҳо дар ҳама ҷое, ки моддаҳои органикӣ ҳастанд, яъне дар хок, об, хонаҳои истиқоматӣ, маҳсулотҳои гуногуни ғизоӣ, дар наботот, бадани инсону ҳайвонот мавҷуд ҳастанд. Онҳо агарчанде аз ҷиҳати сохташон гуногун бошанд ҳам, аз рӯи тарзи ғизогириашон ба хамдигар монанданд.

Расми 90. Сохти занбӯруги телпакчадор
Расми 90. Сохти занбӯруги телпакчадор

Занбӯруғҳо аз моддаҳои тайёри органикӣ ғизо мегиранд. Аз рӯи ин хусусияташон онҳо ба хайвонот наздиканд, лекин аз рӯи тарзи қабул кардани хӯрок бо рохи ҷаббидани он ба растаниҳо монандӣ доранд.

Ғизогирии занбӯруғҳо бо тарзи сапрофитӣ ё паразитӣ мегузарад. Зеро дар ҳуҷайраи занбӯруғҳо хлорофилл мавҷуд нест ва онҳо табиатан кобилияти фотосинтез карданро надоранд. Агар занбруғҳои сапрофитӣ моддаҳои органикии тайёрро (организмҳои нобудшударо) ғизо гиранд, занбӯруғҳои паразитӣ, баръакс, дар ҷисми мавҷудоти зинда (ҳайвоноту наботот) дохил шуда, аз ҳисоби онҳо ғизо мегиранд.

Занбӯруғҳо организмҳои якҳуҷайра ва бисёрҳуҷайра мешаванд. Дар таркиби ҷилди хуҷайраи занбӯруғҳо моддаи хитинӣ дида мешавад. Хитин моддаи органикиест, ки асосан ба баъзе намудҳои ҳайвонот хос аст.

Танаи (ҷисми) занбӯруғҳо аз риштаҳои борики сафед, ки кундарешаи занбӯруғҳо пайдо мекунанд, иборат аст. Дар баъзе занбӯруғҳо риштаи (гифи) реша ба ҳуҷайраҳои алоҳида ҷудо нашуда, балки он ба як хуҷайраи калони бисёрядродор табдил ёфтааст. Умуман, риштаҳои реша бисёрҳуҷайра буда, ҳуҷайраҳои он метавонанд як ё якчанд ядро дошта бошаид.

Афзоиши занбӯруғҳо бо роҳи ҷинсӣ, ғайриҷинсӣ ва нашвӣ мегузарад. Афзоиши нашвӣ бо роҳи кандашавии ягон қисми риштаи реша ё бо роҳи муғҷабандӣ (дар занбӯруғи якҳуҷайраи хамиртуруш) мегузарад. Афзоиши ғайриҷинсӣ бошад, тавассути спораҳо-силкунӣ мегузарад. Спораҳои майдаву сабуки расида (болиғ) мерезанд ва онҳоро шамол ба ҳар тараф паҳн мекунад. Дар баъзе занбӯруғҳо афзоиши ҷинсӣ низ дида мешавад. Ин ҳолат дар ҳуҷайраҳои махсусгардидаи решаи занбӯруғ дар натиҷаи ба ҳам омезиш ёфтани маҳсули ядрои онҳо ба вуқӯъ меояд.

Мақоми занбӯруғҳо дар табиат ва ҳаёти инсон. Занбӯруғхо ба мисли бактерияҳои сапрофитӣ боқимондаи организмҳои нобудшудаи наботот ва ҳайвонотро вайрон (таҷзия) карда, ба моддаҳои маъданӣ табдил медиҳанд. Ва бо ин васила дар гардиши моддаҳо дар табиат фаъолона ширкат меварзанд. Дар натиҷаи парвариши баъзе занбӯруғхо аз онҳо доруҳои пурқимат (антибиотикҳо) мегиранд. Занбӯруғхо инчунин, барои расиши хамир дар нонпазӣ, истеҳсоли спирт, пиво ва ғайраҳо заруранд. Бисёр намудхои занбӯруғҳои хӯрданиро дар таомпазӣ истифода мебаранд.

Аз тарафи дигар занбӯруғҳо метавонанд ба хоҷагии халқ зарари калон расонанд. Баъзе намудҳои онҳо боиси ба касалиҳои сироятӣ дучор шудани растанихо, ҳайвонот ва инсон мегарданд. Намудҳои дигари онхо маҳсулоти ғизоиро вайрон карда, биноҳои аз чӯб сохташударо меафтонанд.

Занбӯругхо. инчунин. дар давоми фаъолияти ҳаётиашон ба муҳити зисташон моддаҳои захрнокро хориҷ карда, ба организмҳои дигар метавонанд таъсири марговар расонанд.

3анбӯруғҳои телпакчадор. Ҳар як намуди занбӯруғи телпакчадор аз кундареша (реша) ва танамева иборат аст. Маҳз одамон танамеваи онро занбӯруғ меноманд. Танамеваи аксарияти занбӯруғҳои хӯрданӣ (ба ҷуз трюфел, уҷҷақорч, дили барра) аз кундапоя ва телпакча (саллача) иборатанд. Аз хамин сабаб онҳоро занбӯруғхои телпакчадор мегӯянд.

Агар хоки ҷои занбӯруғи русгаро кобед, шумо риштаҳои сафеди шохаронда, яъне кундарешаҳоро мебинед, ки дар онҳо занбӯруғ (танамева) мерӯяд. Ҳуҷайраҳои кундарешаи занбӯруғҳои телпакчадор аксаран дутогӣ ядро доранд, аммо пластид надоранд. Кундареша ҷузъи асосии ҳар кадом занбӯруғ буда, танамева маҳз дар он инкишоф меёбад. Телпакча ва кундапоя аз риштаҳои ғафсу баҳампечидаи кундареша иборатанд. Дар танареша ҳамаи риштаҳо якхелаанд, вале риштаҳои телпакча ду қабат пайдо мекунанд: қабати болоӣ, ки бо пӯст пӯшида шудааст ва аз моддаҳои гуногуни ранговар рангин аст ва қабати поён. Қабати поёнии баъзе занбӯруғҳо, масалан, сафедқорч, тӯсқорч ва қорчи рӯганак аз найчаҳои сершумор иборатанд. Бинобар он, онҳоро найчақорчҳо мегӯянд. Қабати поёнии дигар занбӯруғҳо, аз қабили зардқорч, таррақорч.

Пайдошавии спора дар занбӯруғҳои телпакчадор. Сараввал, дар найча ё лавҳачаҳои телпакчаи занбӯруғ ҳуҷайраи махсус — спора инкишоф меёбад. Занбӯруғҳои телпакчадор тавассути спораҳо афзоиш мекунанд. Спораҳо на танҳо тавассути шамол, инчунин ба туфайли ҳашарот ва лесак (балғамшуллук), санҷоб ва харгӯш, ки онҳо занбӯруғҳоро истеъмол мекунанд, паҳн карда мешаванд. Спораҳо дар узвҳои ҳозимаи ҳайвоноти дар боло номбаршуда ҳазм нашуда, бо наҷосати онҳо ба берун хориҷ мешаванд ва боиси паҳн шудани спораҳо мегарданд.шонақорч аз лавҳачаҳои сершумор ҳосил шудаанд. Онҳоро лавҳачақорчҳо мегӯянд.

Расми 91. Афзоиши занбӯруги телпакчадор
Расми 91. Афзоиши занбӯруги телпакчадор

Спораҳои занбӯруғ дар замини серрутубат ва аз моддаҳои органикии нимпӯсида бой нағз нашъунамо мекунанд. Аз спораҳо риштаҳои кундарешаи занбӯруғ инкишоф меёбад. Кундарешаи аз як спора пайдошуда метавонад танамеваи навро ба вуҷуд оварад. Дар бисёр намуди занбӯруғҳо танамеваҳо аз кундарешае, ки тавассути бо ҳам омезиш ёфтани маҳсули ду ҳуҷайра-спораҳои гуногун пайдо шудааст, инкишоф меёбанд. Аз ин ҷост, ки ҳуҷайраҳои чунин кундарешаҳо дуядродор мебошанд. Одатан, кундарешаҳо суст месабзанд. Кундарешаҳо баъди ба миқдори кифоя захира намудани моддаҳои ғизоӣ метавонанд танамева ҳосил кунанд.

Симбиози занбӯруғ ва наботот. Маълумаст, кикорчи сафед дар наздикии тӯс, санавбар, булут, юған, сафедор, зардқорч дар санавбарзору коҷзор ва қорчи сурх дар назди ларзонбед месабзанд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки дар байни решаи намудҳои муайяни растаниҳо ё дарахтон бо занбӯруғ алоқаи мустаҳками ба якдигар фоиданок, яъне симбиоз ба вуҷуд меояд. Ҳамин тавр, риштаҳои кундарешаи занбӯруғ решаи дарахтро печонда ва ҳатто ба он дохил шуда, занбӯруғреша ё микоризаро ҳосил мекунанд. Кундарешаи занбӯруғ аз хок об ва намакҳои маъдании дар об ҳалшударо меҷаббад ва онҳо ба туфайли занбӯруғ ба решаи дарахт мегузаранд. Гӯё кундарешаи занбӯруғ вазифаи мӯякрешаи дарахтонро иҷро мекунад. Дар навбати худ аз решаи дарахтон ба кундарешаи занбӯруғ моддаҳои органикие, ки дар натиҷаи фотосинтез дар барги сабзи растаниҳо ҳосил шудааст дохил шуда, ба сифати ғизо барои ташаккули танамева сарф мешаванд.

Расми 92. Симбиози занбӯруг бо растанӣ
Расми 92. Симбиози занбӯруг бо растанӣ

Занбӯруғҳои хӯрданибоб ва заҳрнок. Дар байни занбӯруғҳои телпакчадор занбӯруғҳои хӯрданибоб ва заҳрнок вомехӯранд. Аз занбӯруғҳои хӯрданибоб аз ҳама муҳимашон саморуғ, қорчи сафед, рӯғанак, тӯсқорч, шонақорч (грузд) мебошанд. Хусусан, қорчи сафеди хушконидашуда арзиши баланд дорад. Барои он қорчи сафед меноманд, ки он ҳангоми чӯшонидан, хушк кардан, дар намак нигоҳ доштан, ранги “гӯшти” (мағзи) он тағйир намеёбад. Зардқорч, шонақорч, ушнақорч ҳам дорои лаззати баланд мебошанд ва онҳоро дар намакоб нигоҳ медоранд.

Расми 93. Занбӯругҳои хӯрданӣ

Ташаккулёбии таиамева дар намудҳои гуногуни занбӯруғҳо дар як вақт ба амал намеояд. Ин ҳолат ба ҳарорати шабонарӯзии ҳавои маҳал, намнокии хок ва бо моддаҳои гизоӣ бой будани он ва ғай- раҳо вобаста мебошад. Чунончи, дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи апрел то миёнаи моҳи май якумин шуда занбӯруғи дили барра ва уҷҷақорч, баъдтар саморуғ мерӯянд. Қорчи сафед дар доманакӯхҳо дар моҳи апрел, дар баландкӯҳҳо бошад, охирҳои июн нашъунамо мекунад.

Занбӯруғҳои хӯрданибоб аз моддаҳои ғизоии барои организми инсон зарурӣ, аз қабили сафедаҳо, витаминҳо, намакхои маъданӣ ва ғайраҳо бой мебошанд. Дар вақти ҷамъоварии танамеваи занбӯруғ онҳоро тавре буридан лозим, то ки кундарешаи онҳо зарар набинад.

Ҳангоми занбӯруғчинӣ занбӯруғҳои хӯрданибобро аз занбӯ- руғҳои захрнок фарқ карда тавонистан лозим. Зеро занбӯруғҳои захрнок одамонро заҳролуд мекунанд. Ба занбӯруғхои заҳрнок қорчи пашшахӯрак, телпакчаи қозӣ, гулқорчи девак, заҳрак, телпа- ки морак ва ғайра мансубанд.

Инчунин, ҳангоми занбӯруғчииӣ аломатҳои хоси занбӯругхои заҳрнокро донистан ба манфиати кор аст. Масалан, телпакчаи қозӣ ба саморуғ каме монандӣ дорад. Вале таги телпакчаи телпаки Телпаки қози Заҳрқорч    Қорчи пашшахурак Телпаки морак

Расми 94. Занбӯругҳои заҳрнок

қозӣ агар хокистарранг бошад, аз они саморуғ гулобӣ буда, бо пардача пӯшида шудааст. Фақат дар саморуғи пиршуда қисми по- ёнии телпакчаааш ба худ ранги сиёҳро мегирад. Истеъмоли занбӯруғҳои пиршуда (мӯҳлати истеъмолаш гузаштагӣ) ба монанди занбӯруғҳои заҳрнок хеле хавфнок аст. Аз онҳо низ заҳролуд шудан мумкин аст.

Қорчи пашшахӯракро, ки телпакчааш сурхи кушод (равшан) буда, холҳои сафед дорад, шинохтан осон асг, Баъзан қорчи пашшахӯраки телпакчааш хокисгарранг ҳам вомехӯрад.

Занбӯруғи заҳрак ба сафедқорч монанд аст. Фарқи заҳрак аз сафедқорч он аст, ки дар нӯги кундапояи вай (занбӯруғи заҳрак) нақшунигори тӯршакли сиёҳ ё хокистарии сиёҳтоб дида мептавад, мағзаш бошад, дар вақти пора кардан сурхтоб мешавад.

Гулкорчи девак ба гулқорчи хӯрданӣ монанд аст. Вале телпакчаи гулқорчи заҳрнок (девак) ҳамвору норинҷии сурхтоб буда, азони гулқорчи хӯрданӣ зарди кушод аст. Ҳангоми шикастани (пора кардани) телпакчаи гулқорчи заҳрнок аз он шираи сафед мебарояд.

Аҳамияти ғизоии занбӯругҳои телпакчадорро ба инобат гирифта. дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон баъзе намудҳои хӯрданибоби онро дар шароити сунъӣ парвариш мекунанд ва ҳосили дилхоҳ мерӯёнанд.

  1. Занбӯруғи телпакчадор чӣ гуна сохт дорад?
  2. Кундареша ва танамеваи занбӯруғ чист?
  3. Спораҳо дар куҷо ташаккул меёбанд ва дар занбӯруғҳо чӣ вазифаро иҷро мекунанд?
  4. Занбӯруғҳо бо кадом роҳҳо ғизо мегиранд?
  5. Симбиози занбӯруғ бо растаниҳои дарахтӣ чй тавр сурат мегирад?
  6. Микориза чист?
  7. Кадом занбӯруғҳои хӯрданибобро медонед?
  8. Занбӯруғҳои заҳрнок кадомҳоянд ва онҳо чӣ хел аломатҳои хос доранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …