Главная / Биология / Занбуруғҳои пупанак

Занбуруғҳои пупанак

Дар табиат на ҳамаи занбӯруғҳо телпакча пайдо мекунанд. Занбӯруғҳои пӯпанак нисбат ба занбӯруғҳои телпакчадор аз ҷиҳати андоза хеле хурд мебошанд. Баъзеи онҳоро фақат тавассути микроскоп дидан мумкин аст. Яке аз чунин занбӯруғҳо, пӯпанаки сафед ё занбӯруғи мағор мебошад

Агар нон ё сабзавотро якчанд рӯз дар ҷои гарми намнок гузорем, дар болои он қабати патдори сафед пайдо шуда, баъди андак вақт сиёҳ мегардад. Ин мавҷудоти зинда занбӯруғи пӯпанаки сапрофитӣ ё мағор мебошад.

Занбӯруғи мағор ба ғайр аз болои нону сабзавот, инчунин дар болои меваҳои ғундошта, поруи асп, хок ва ғайра пайдо мегардад. Баъзе намудҳои мағор дар одамон паразитӣ мекунад.

Дар таркиби хок миқдори зиёди занбӯруғҳои мағор вомехӯранд. Онҳо дар қатори дигар занбӯруғҳо ва бактерияҳои дар хок фаъолиятдошта дар раванди хокҳосилшавӣ иштирок мекунанд.

Бо микроскоп дидан мумкин аст, ки решаи занбӯруғи мағор аз риштаҳои борики беранг иборат аст. Вай танҳо як ҳуҷайраи сершохаест, ки дар ситоплазмааш ядроҳои бисёр дорад.

Занбӯругҳои пупанак - пенисилл ва маеор
Расми 95. Занбӯругҳои пупанак – пенисилл ва маеор

Афзоиши мағор асосан тавассути спора амалӣ мегардад. Аз риштаҳои мағор микдори зиёди тирчаҳо ба боло месабзанд. Сараки ин тирчаҳо васеъ гардида, спорангия (яъне узви спораҳосилкунанда) пайдо мекунанд ва онҳо ба худ ранги сиёҳро мегиранд. Дар спорангия ба миқдори зиёд спораҳо ҳосил мешаванд. Баъди пурра ташаккулёбии спораҳо, спорангияхо кушода шуда, спораҳо ба берун хориҷ мешаванд ва шамол онҳоро ба ҳар тараф паҳн мекунад. Спораҳои дар ҷои мувофиқ афтода сабзида, ришта — решахои нав ҳосил мекунанд. Решаи мағор чун дигар занбӯруғҳо хлорофилл надорад ва аз моддаҳои органикии тайёр ғизо мегирад.

Занбӯруғи пенисилл ҳам ба занбӯруғҳои пӯпанак дохил мешавад. Вай бо роҳи сапрофитӣ дар хок, дар маводи гуногуни ғизоӣ, меваҳои ғундошташуда (захиракардашуда) ва дар партовҳои аз моддаҳои ғизоӣ бой нашъунамо карда, зиндагӣ ме- кунад. Пенисиллро бо осонӣ аз мағор бо доштани риштаҳои сершохреша, ки аз ҳуҷайраҳои алоҳида-алоҳидаи бисёр иборат аст, фарқ кардан мумкин аст. Инчунин, шохаҳои спораовари пенисилл ранги кабуд, сабз, зард, сиёҳ ва ғайраҳоро дорад. Шохаҳои спорапайдокуyандаи пенисилл шохарондаи бисёрҳуҷайра буда, дар он спораҳои бисёр ҳосил мешаванд.

Зарари занбӯруғи пенисилл дар он аст, ки вай бо равандҳои ҳаётиаш дар маводи гуногуни ғизоӣ сабзишу инкишоф ёфта, боиси вайроншавии онҳо мегардад.

Баъзе намудҳои пенисиллро дар тайёр намудани панир (панири рокфор ва камамбёр) истифода мебаранд. Аҳамияти бузурги пенисилл дар он аст, ки онро барои истеҳсол кардани доруи пенисиллин (доруи антибиотикӣ), ки дар тиб барои табобати бисёр каса- лиҳо лозим аст, истифода мебаранд. Чунки, дар ҳуҷайраҳои занбӯруғи пенисилл моддаҳои махсусе ҳосил мешаванд, ки онҳо қобилияти нобуд кардани бактерияҳои касалиангезро доранд. Ба ин мақсад занбӯруғи пенисиллро дар шароитҳои махсус парвариш мекунанд. Доруи аз пенисилл гирифташударо (пенисиллинро) барои табобати газаки пардаи гӯш, варами шуш, дарди гӯлу, тарбод, махмалак, касалии сил ва ғайраҳо васеъ истифода мебаранд.

  1. Занбӯруғи мағор чӣ хел сохт дорад?
  2. Занбӯруғи мағор чӣ гуна афзоиш мекунад?
  3. Занбӯруғи мағор аз занбӯруғи пенисилл бо чӣ фарқ мекунад?
  4. Зарари занбӯруғи мағор ва пенисилл дар чӣ зоҳир мешавад?
  5. Пенисилл чӣ аҳамият дорад?
  6. Доруи аз занбӯруғи пениссил истеҳсолкардашударо барои табобати кадом касалиҳо истифода мебаранд?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …