Главная / Ҷамъият / Чи хел хароб шавам? роҳи ҳалл!

Чи хел хароб шавам? роҳи ҳалл!

Мехоҳам хароб шавам, мегӯяд духтари 25-солаи зани тоҷик вале ҳар чизе ки кардам нашуд, зикр кард ӯ.

Фарбеҳӣ ин яке аз мушкилоти мардуми дунё аст вале чандон хатарнок нест. Албата фарбеҳ будан тарафи мусбии худро дорад, масалан шахсони фарбеҳ аз ҳавои сард хунук намехуранд ва дар иҷрои корҳои ҷисмони қувваи зиёд доранд.

Хароби чист?  Харобӣ ба фикри одамон ин асосан шахсе, ки танаш чандон фарбеҳ нест ва меъёри муайян вобаста ба қади доштаашро дар назар доранд. Лек ба назари аксар мардум шахсоне, ки на фарбеҳанду на хароб онҳо низ ба гуруҳи шахсони хароб мансубанд. Одатан вазни ба меъёр муносиб бо услули зер ҳисоб карда мешвавад.

харобу фарбех

Қади одам тарҳи адади 100 = меъёри вазни оддӣ. Масалан қади шумо 170 см. Пас вазни шумо бояд 70 кг бошад. Лек то 10% аз ин андоза кам ё зиёд будан дар доираи меъёр аст.

Тарафҳои манфии фарбеҳӣ аз инҳо иборатанд:

  1. Симои кас чандон зебо нест ва бисёриҳо ҳамин чизро сабаби нокомӣ дар ҳаёти худ мебинанд, ки ҷумлаи онҳо занон мебошанд;
  2. Дар иҷрои корҳои тӯлонии ҷисмонӣ мушкилӣ мебинанд. Зуд монда мешаванд ва барқароршавиашон низ дер аст;
  3. Танаашон зуд арақ мекунаду бадбуй мешаванд;
  4. Хӯроки бисёр мехуранд ки ин хароҷоти иловагиро талаб мекунад.
  5. Баъзе бемориҳоро ба худ ҷал бмекунад, ки ҷумлаи онҳо сактаи дил, фишори хун, каҷшавии сутунмуҳра ва ғ;
  6. Дар пӯшидани либос ва ёфтани пояфзоли мувофиқ азоб мекашанд;
  7. Гаштан барояшон аксар вақт ва хусусан дар замони пирӣ як проблема аст;
  8. Ғунҷидан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хоб рафтан дар кат хандаовар мешавад;

Фарбеҳӣ хуб ё харобӣ?

Фарбеҳон дар орзуӣ хароб шудананд ва одамони хароб бошанд дар орзуи фарбҳонанд. Барои ҳамин ҳам баъзе оилаҳоро дидан мумкин аст, ки яке аз онҳо харобанду дигаре фарбеҳ.

Шазсони фарбеҳ дар ишқварзӣ хеле нарм ва гарм ҳастанд ва агар зан фарбеҳ бошад ҷисми занонааш ниҳоят танг мешвад, ки барои мардон маъқул аст.

Шахсе ки хароб аст дар ишқварзӣ (секс) хеле фаъол аст, ки ин бартарияти ӯст ва барои ҳамин ҳам агар мард хароб бошад зан аз ин лаззати зиёд мебинад.

Маҳз ҳамин масъалаҳои ишқварзӣ қариб 50%-и сабаби харобшавии одамонро ташкил медиҳад. Бархеи духтарон мехоҳанд хароб шаванд вале намедонад, ки чи тавр худ ба мақсад расанд. Нокомию бадахтиашонро дар фарбеҳии худ медонанд ки дар асл ин омил на ҳама вақт дуруст аст. Шояд танҳо дар 1-5%-и ҳолатҳо фарбеҳи барои ёфтани бахти худ (мард – зан) яъне ба шавҳар баромадан сабаб бошад.

Асосан мардон нисбати занон оиди фарбеҳии худ чандон шикоят намекунанд агар масъала сари ёфтани ҷуфти муносиб бошад.

Сабабҳои харобӣ ва ё фарбеҳӣ

Фарбеҳӣ ё харобӣ дар нисфи холатҳо сабаби ирсӣ (генетикӣ) доранд. Масалан агар падар ё модар фарбеҳ бошанд пас фарзандони онҳо низ фарбеҳ мешаванд.

 Дар зер сабабҳои фарбеҳиро номбар шудаанд:

  1. Ирсӣ будан;
  2. Бисёр хурдани хӯрок;
  3. Хӯроки серғизо ва фабрикатиро хурдан;
  4. Доруҳои фарбеҳшавиро истеъмол кардан;
  5. Зиндагии бароҳату беғам дошатан;
  6. Ташвиш ва ҳаракати ҷисмонии зиёд надоштан;

Сабабҳои хароб будан:

  1. Ирсӣ будани харобӣ (дар генна сабт шудааст);
  2. Хӯрок ба қадри кифоягӣ нахурдан;
  3. Ташвишу ҳаракатҳои ҷисмонии зиёд доштан;
  4. Беморӣ доштан;
  5. Ғаму азоби зиёд дошатан;
  6. Хӯроки камғизо хурдан (меваву сабзавот);
  7. Кам хоб рафтан;

Чи қадар бояд хӯрок хурд?

Хӯрок барои ҳар одам меъёри гуногун барои истеъмол кардан дорад. Одами бузургҷусса бояд хӯроки серғизотару бисёртар хурад пас андозаи ҷисми худро нигоҳ дошта метавонад, вале агар камтар пас ба харобӣ оварда мерасонад.

Агар қисса кӯтоҳ карда гуем пас меъёри хӯрокхурӣ ба он андоза баробар аст, ки вақте ки касс сериро ҳис мекунад. Албата пайваста хӯрокҳои равғанин ба зуд фарбеҳ шудан оварда мерасонад. Хӯроки мехурда агар ба 3500 килокалоряи барои  як шабонарӯз баробар шавад пас ин меъёр аст.

Барои хароб шудан чи бояд кард- чи хел хароб шавам?

Барои хароб шудан якчанд усулҳо ҳастанд, ки дар поён номбар шудаанд ва метавонед яке аз онҳро истифода намоед. Маслиҳат ки якбора ҳамаи онҳоро иҷро накунед, чунки ба саломатӣ таъсири манфии ҷиддӣ мерасонад.

Маслиҳатҳо барои хароб шудан:

  1. Истеъмоли доруҳои харобшавӣ. Ин усули осон аст вале метавонад ба бемориҳои ногаҳон оварда расонад;
  2. Кори ҷисмонии зиёду вазнин тӯлонӣ дар якчанд моҳ иҷро кардан;
  3. Машғули машқҳои ҷисмонӣ. Масалан давидан ҳар рӯз  1 -2 соатӣ;
  4. Истифодаи дастгоҳҳои харобкунанда. Масалан тринажери бадан ва ғайра;
  5. Кам хӯроки серҳизо (парҳезӣ кардан) хурдан ва маслиҳат дода мешвад ки меваҷоту сабзавот истеъмол карда шавад. Маҳсулоти хамириву гуштӣ кам истифода шавад;
  6. Гирфтани рӯза;
  7. Бисёртар ишқварзӣ кардан (секс – гойгояк);
  8. На зиёда аз 7-8 соат дар як шабонарӯз хоб рафтан;

Бояд зикр кард, ки шумо ирсӣ фарбеҳ бошед танҳо усули кам хуро хурданро истифода бареду ба корҳои ҷисмонӣ бештар машғул шавед. Дигар усулҳо ба шумо бефоида ва ҳатто зарарнок аст.

Номгӯи доруҳои маъруф барои харбшавӣ:

  1. Ксеникал
  2. Эко Слим (Eco slim)
  3. Редуксин
  4. GrassFit
  5. Голдлайн
  6. Глюкофаж
  7. Eco Pills
  8. Мазиндол
  9. Цефамадар
  10. Акомплия (Римонабант)
  11. «Минифаж» (фенфлурамин)
  12. ЛиДа /Lida
  13. ПОРЦИОЛА
  14. Кленбутерол
  15. Турбослим

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …