Главная / Илм / ВЕШИМ

ВЕШИМ

veshimВЕШИМ (Angelica ternate), гиёхест бисёрсола. То 80 см кад мекашад. Пояи дарунхоли, барги сепарра, гултудаи чатрмонанд ва меваи байзашакл дорад. Июл – окт. гулу мева мекунад. Дар Точикистон дар к.-куххои Туркистону Зарафшон, Хисору Дарвоз то баландии 3500 м аз с. б. пахн шудааст. Дар водии Зарафшон чун гиёхи хурданию хушбуй ва шифобахш маълум аст. В. моддахои даббогию кумарини, пайвастхои флавоноиди, кислотахои органики, равгани эфир, витамини С, микроэлементхо ва г. дорад.
Точикон реша ва баргу пояи В.-ро чой карда менушанд, ба таом меандозанд. Дар тибби халки чушоб ва киёми алафи навруста ва решаи В. давои хунбанд, балгамовар, рафъи илтихоб, хобовар, мукавии дил, пасткунандаи фишори хун махсуб мешавад. Онро барои муоличаи заъфарма, бронхит, илтихоби шуш, сил, ангина, реши меъдаву руда, кабзият ва дарди санги гурда тавсия медиханд. Чойи алаф ва решаи он иштихоовар ва пешоброн аст.
В. гилзати хун ва тарашшухи шираи меъдаро зиёд мекунад. Бинобар ин истифодаи он барои ашхосе, ки сактаи дилро аз сар гузаронидаанд, инчунин дар мавриди тромбоз ва илтихоби меъда зиён дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …