Главная / Без рубрики / Намунаи варақаи шахсӣ барои ба кор даромадан

Намунаи варақаи шахсӣ барои ба кор даромадан

Ба шумо намунаи варақаи шахсӣ лозим?

Варақаи шахсӣ ин ҳуҷҷатест барои ба кор даромадан лозим аст. Варақаи шахсиро тибқи талаботи ҳукуматҳои кишварҳои собиқ шӯравӣ дар замонҳои сотсиалистӣ тартиб додаанд ва то ҳол онҳо вуҷуд доранд. Новобаста аз шакли ҳуқуқи варақаҳои шахсиро барои ба кор даромадан талаб мекунанд. Стандарту талаботҳои ба варақаи шахсӣ ба ҳаммаи корхонаҳо якхела аст.

Варақаи шахсиро Шуъбаи кормандон  -кадрҳо вақти ба кор даромадан ба ин ё он ташкилот – корхона талаб мешавад. Ҳангоми набудани ин варақа номгӯи ҳуҷҷатҳо нопурра ҳисобида шуда ариза барои ба кор қабулшванда бекор шуданаш имконпазир аст. Сабаб дар он ки ин варақаро сохторҳои ваколатдори давлатӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳо дар корхонаҳо  мавҷудияти онро месанҷанд ва ҳангоми бе ин варақа қабул кардан ба кор ҷарима ва ё эродҳои вазнин мешавад.

varaqai-shaxsi

Варақаи шахсӣ аз 2-варақи часпидаи формати А3 ки ҷумла 4 саҳифа мешавад иборат мебошад ва рангаш сафедча аст. Онро ҳатман бо ручкаи шарикии кабудранг пур карда мешвад. Нархаш дар бозорҳои Тоҷикистон аз 3 то 5 сомонӣ (2018сол) мефурушанд.

Дар варақаи шахсӣ маълумоти пурра оиди шахсият, аз ҷумла дар куҷо таваллуд шудан, ному макони таҳсил, чойҳои кории қаблӣ, доғи суди доштан, дар бораи волидайн ва фарзандон, сурати 4X6 ва дигар маълумотҳо. Дар назар гирифта шавад, ки ҳар чи қадаре ки фаҳмову хондашванда варақаи шахсиро навишта шавад ҳамон қадар хуб аст.

Баъзеҳо тарҷумаи ҳолро бо варақаи шахси омехта мекунанд, вале тарҷумаи ҳол ин АВТОБИОГРАФИЯ аст ва ба варақаи шахсӣ замима мешвад кии борат аз 1 варақ аст.

Варақаи шахсиро чи хел пур карда шавад?

Варақаи шахсӣ барои ҳисоботи шахсӣ ягон шакли ягонаи вуҷуд надорад, ҳар як корхона ва давлат намунаву шакли худро метавон дошта бошад. Одатан, ин ҳуҷҷат маълумоти зеринро дар бораи кормандони зерин дорад:

  • Ном;
  • Ҷинс;
  • Санаи, моҳ, сол ва ҷои таваллуд;
  • Шаҳрвандӣ;
  • Суроғаи хона, телефон;
  • Тафсилоти шиноснома;
  • Таҳсилот;
  • маълумот дар бораи фаъолиятҳои корӣ: мӯҳлати кор, ном ва ҷойгиршавии ташкилот;
  • малакаҳои касбӣ (дараҷаи қобилияти дар забонҳои хориҷӣ);
  • Дар хорича будан: вақт, ҷои, мақсади сафар;
  • муносибати хизмати ҳарбӣ;
  • вазъи оилавӣ, маълумот дар бораи хешовандони наздик: дараҷаи муносибат, ному насаб, таваллуд;
  • санаи ба имзо расонидан ва имзои шахсии корманд;
  • аксҳои шахсӣ.

Маблағи шахсӣ барои бақайдгирии кадрҳо аз ҷониби корманд бо лавҳаи A4 бо дасти худ пур карда мешавад.

Инчунин кобед

Хонаи фуруши дар Вахдат

Ҳавлии фурушӣ дар н Ваҳдат (маҳалаи Дайробод) 170 кв = 650 000 с

Ҳавлии фурушӣ иборат аз 8 сотиқ ё худ 170 квадрат бинои сохтмонӣ дорад. Ин аст …