Главная / Илм / УСУЛҲОИ ТАҲҚИҚИ ИЛМИ ГЕОГРАФИЯ

УСУЛҲОИ ТАҲҚИҚИ ИЛМИ ГЕОГРАФИЯ

Усулҳои таҳқиқи илми география – Аҳамияти таҳқиқоти географӣ

Ҳангоми омӯзиши ҳодисаҳои табии, ҳар як илм дар асоси хусусиёти худ усулҳои гуногуни махсусро истифода мебарад. Дар илми физика ва химия бештар аз усулҳои озмоиш ва таҷриба истифода мебаранд. Дар илми география бошад ба таври васеъ аз: харита, атлас (маҷмӯи харитаҳо), китобҳои дарсӣ, адабиёти илмй-оммавӣ, маълумотномаҳо, асарҳои бадей, аксҳои кайҳонй ва ҳавой ис­тифода мебаранд ва дар асоси онҳо маълумоти даркориро ба даст меоранд. Илми география ҳангоми таҳқиқи равандҳо ва ҳаводисй ҷуғрофиёй усулҳои зеринро истифода мебарад: усули картографй, таърихй, статистикй, муқоисаи ҷуғрофиёй, иқтисодӣ-риёзй (математики), масофай, усули тарҳсозии ҷуғрофиёй, ноҳиясозй, таҳқиқотҳо ва мушоҳидаҳои саҳрой, усули пешгӯии ҷуғрофиёй ва ғ.

Усули картографй имкон медиҳад маълумоти васеъро оиди андоза, ҳаҷм ва дар сатҳи замин, ҷойгиршавии объектҳои гуногуни ҷуғрофиёиро касб кунанд. Бо истифода аз усули таърихй мо метавонем таърихи пайдоиши Заминро дарк кунем.

Усули оморӣ оидикишварҳо, халқҳо, баландии объектҳои табии, майдонҳо ва ҳаҷми сарзаминҳо, чуқурии баҳрҳо ва уқёнусҳо маълумоти муфассал медиҳад. Ин усул инчунин имкон медиҳад дигар маълумотҳоро низ, ки дар таҳқиқотҳои ояндаи ҷуғрофӣ ё мавриди истифодаи васеъ қарор мегиранд ба даст овард.

Тарҳсозии географй бошад, барои тартиб додани тарҳҳои объектҳои гуно­гуни табии зарурй мебошад. Мисоли усули мазкур тарҳи Замин – глобус ба шу- мор меравад. Илми ҷуғрофиё на танҳо бо ҷамъбандй ва тасвири равандҳои табии дар Замин машгул аст, балки равандҳо ва ҳаводисй дар табиат ва иҷтимоъ ҷараён доштаро пешгӯи меқунад

Савол ва супоришҳо

Бегоҳ пеш аз ғуруби офтоб ба кӯча баромада, ғуруби Офтобро мушоҳида кунед. Дар ин мушоҳида ба ранги осмон диққат диҳед ва баьдан мушоҳидаҳои ҳудро дар дафтари чуғрофӣ қайд кунед.

Бегоҳ баъди ғуруби офтоб ба ситораҳои осмон диққат диҳед. Кадом ситора дар осмон аз ҳама тобон мебошад ва он дар куҷо ҷойгир гардидааст. Ин маьлумотро низ дар дафтаратон қайд кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …