Главная / Илм / Саволҳои тестӣ аз Ҷуғрофия (география)

Саволҳои тестӣ аз Ҷуғрофия (география)

Саволҳои санҷишӣ-тестӣ барои дохил шудан ба Донишгоҳ/Донишкада

Кадоме аз ин олимон бар зидди ақидаи нажодпарастӣ мубориза бурдааст?

A) Галилео Галилей;   В)    Миклухо – Маклай;  C)  Семенов – Тяншанский;   D)   Ҷордано Бруно;   Е)  Николай Коперник;

Кадоме аз ин зилзилаҳо ба Тоҷикистон тааллуқ надорад?

A) Ҳоит (1949);   В)   Сарез (1911);   C)  Шарора (1989);  D)  Қаратоғ (1907);   Е)  Газли (1966);

Кӯли аз ҳама чуқуртарини ҷаҳон кадом аст?

A) Байкал (Руссия);   В)  Сарез (Тоҷикистон);   C)  Танганьика (Африко);   D)   Мичиган (Америкаи шимолӣ) ;   Е)    Титикака (Америкаи ҷанубӣ) ;

Кадоме аз корхонаҳо ба сикли пурраи металлургӣ тааллуқ дорад?

A) корхона оид ба гудохтани чӯян;   В)  корхонаи истеҳсоли маъдани оҳан ва кокс;   C)  корхона оид ба гудохтани пӯлод;   D)  корхона оид ба истеҳсоли прокат;   Е)  корхона оид ба истеҳсоли маъдани оҳану кокс, чӯяну пӯлод ва прокат;

Дарёи аз ҳама дарозтарини ҷаҳон кадом аст?

A) Волга (Руссия);   В)  Енисей (Сибири шарқ C) ;   D)   Амазонка (Америкаи ҷанубӣ) ;   Е)  Нил (Африқо);  $E)    Миссисипи (Америкаи шимолӣ) ;

Кадоме аз ин маҳсулотҳо ба саноати ҷангал тааллуқ надорад?

A) гӯгирду фанер;   В)  матои техникӣ ва мӯина;   C)  Масолеҳи бинокорӣ;   D)  кардону спирт;   Е)  селюлозаю қоғаз;

Кадом шаҳрҳо гаҳвораи дини Ислом мебошанд ва дар кадом мамлакат ҷойгир шудаанд?

A) Мазори Шариф, Ҳирот (Афғонистон);  В)  Макка, Мадина (Арабистони Саудӣ) ;  C)  Бағдод, Наҷаф (Ироқ);  D)   Машҳад, Қум (Ирон);  Е)  Самарқанд, Бухоро (ӯзбекистон);

Аз рӯи истеҳсоли пахта кадоме аз ин мамлакатҳо дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад?

A) Тоҷикистон;   В)  Ӯзбекистон;  C)   ШМА;  D)  Хитой;  Е)  Туркманистон;

Дар куҷо се ҳавзаи калонтарин ангишти Лена, Тунгус ва Канско-Ачинск ҷойгир шудаанд?

A) Ноҳияи Шимол; В)  Урал;  C)   Шарқи Дур;  D)  Сибири Ғарбӣ;  Е)  Сибири Шарқӣ;

Тақсимоти меҳнати байналхалқӣ чӣ маъно дорад?

A) робитаҳои соҳаҳои саноат дар як мамлакат;  В)  истеҳсолот ва тақсимоти маҳсулот оиди соҳаҳо;  C)   махсусгардонии мамлакат дар миқёси бозори байналхалқӣ;  D)  махсусгардонии ноҳия дар дохили мамлакат;  Е)  таносубии истеҳсолот ва истеъмолот дар миқёси ноҳияи иқтисодӣ;

Ашёи хом барои истеҳсоли нуриҳои фосфат чӣ шуда метавонад?

A) нефт ва газ;  В)  Намак ва газ;  C)  Азот ва гидроген;  D)  Ишқор ва фосфор;  Е)  Апатит ва фосфорит;

Кадом уқёнуси ҷаҳон аз ҷиҳати киштигардӣ дар ҷои якӯм меистад?

A) Баҳри Миёназамин;  В)  Уқёнуси Атлантик;  C)   Уқёнуси Ҳинд;  D)  Уқёнуси Ором;  Е)  Уқёнуси яхбастаи Шимолӣ;

Кӯҳи Карпат ба кадом давлатҳо тааллуқ дорад?

A) Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон; В) Англия, Франcия, Испания, Италия;  C) Россия, Финляндия, Арманистон;   D)  Чехословакия, Полша, Руминия ва Украина;  Е) Молдавия, Эстония, Латвия, Литва;

Соли 1820 соли кашфи Антарктида мебошад, киҳо онро кашф намудаанд?

A) Ҷ. Кук, Р.Амундсен; В)  Ҷ. Кук;  C) Ф. Беллинсгаузен, М. Лазарев;  D) Р. Амундсен;  Е) Р. Скотт;

Дар асрҳои XVIII-XIX, кӣ аввалин харитаи геологии материки Америкаи Ҷанубиро тартиб дод?

A) Э.Бомплан;  В) Н.И.Вавилов; C) А.Гумболдт;  D) Н.Рубсов;  Е) Г.Лангсдорф;

Дар кадом қисм ё зонаи иқлими Америкаи Ҷанубӣ Патагония ҷоӣгир шудааст?

A) Зонаи саванаҳо;  В) Зонаи бешаҳои экваторӣ;  C) Зонаи нимбиёбони қисми ҷанубӣ;  D) Зонаи даштҳо;  Е) Зонаи субтропикҳо;

Мамлакатҳои собиқ сотсиалистӣ дар кадом қитъаҳо ҷойгир буданд?

A) фақат Африка;  В) Африка;  C) фақат Европа;  D) Европа, Осиё, Америка;  Е)  Австралия;

Калонтарин дарёи Америкаи Шимолӣ кадом аст?

A) Миссисипи; В) Рио-Гранде;  C)  Миссури;  D) Колорадо;  Е) Арканзас;

Аз олами ҳайвонот кадомашон дар Китоби Сурхи собиқ ИҶШС сабт шудаанд?

A) Хирси сафед, рӯбоҳ; В) Паланги амур, паланги барфӣ, гӯсфанди кӯҳӣ, зебра кулон;   C) Гург, суғур, кафтор;   D)  Шутур ва аспи ваҳшӣ;  Е) Гавазн ва бузи даштӣ;

Дар кадом шаҳри Белорус метро сохташудааст?

A) Гродно; В)  Могилев;  C) Минск;  D) Берест;  Е) Гомелск;

Аз ҳайвонот муши обӣ, гавазни холдор, вашақ (норка) аз куҷо ба соҳили Баҳри Сиёҳ оварда шудаанд?

A) Британия, Мексика;  В) Ҳиндустон, Сибири ғарбӣ;  C)  Урал, Испания;  D)  Австралия, Сибир;  Е) Аргентина, Шарқи  Дур;

Системаи каскади ГЭС-ҳо чист?

A) Сохтмони истгоҳи барқии олавӣ; В)  Пай дар пай сохтани  якчанд истгоҳи  барқии обӣ  дар як дарё;  C) Сохтмони якчанд истгоҳи атомй дар якчанд ноҳия;  D) Сохтмони як истгоҳи барқ дар дарё;  Е) Сохтмони истгоҳи маддӣ;

Аз наздики шаҳри Карки аз кадом дарё ва кадом канал-дарёи сунъии аз ҳама калони ҷаҳон сохта шудааст, ки аҳамияти бузурги обёрӣ дорад?

A) Дарёи Панҷ, канали Кӯлоб; В) Сирдарё, канали Ленинобод;  C) Дарёи Норин,  канали Туркманистон;  D)   Дарёи Вахш, канали Данғара;  Е) Омударё, канали Қизилқум;

Ба саноати сабук-гурӯҳи “Б” кадом соҳаҳо дохил мешаванд?

A) электроэнергетика, селлюлозаю қоғаз, масолеҳи сохтмон;  В) Мошинасозӣ, металлургӣ, химия;  C) Бофандагӣ, чарму-пойафзол, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ;  D)  Электроэнергетикӣ, металлургияи ранга;   Е) Нефт, газ,  ангишт, торф;

Платформа гуфта чиро мефаҳмед?

A) Минтақаи ноҳамвори рӯи заминро; В) Минтақаи сахти қишри заминро;  C) Фурӯравии қишри заминро;  D)  Қисми ҳаракаткунандаи қишри заминро;  Е) Ба вуҷуд омадани қӯҳҳо;

Дарозии хати сарҳадии Тоҷикистон чанд км-ро ташкил медиҳад?

A) зиёда аз 100 км; В) зиёда аз 4500 км;  C)  зиёда аз 500 км;  D) зиёда аз 3000 км;  Е) зиёда аз 10000 км;

Афзоиши табиии аҳолӣ гуфта чиро мефаҳмед?

A) Зиёдшавии аҳолии дар натиҷаи ҷойивазкуни;  В) Зиёд шудани таваллуд бар фавт;  C) Зиёдшавии аҳолии шаҳр;  D) Зиёд шудани мардон;  Е) Зиёд шудани занон;

Ҷазираи Сахалинро аз материки Евроосиё кадом гулӯгоҳ ҷудо мекунад?

A) Гудзон; В)  Лаперуза;  C) Магеллан;  D) Беринг;  Е) Тотор;

Мередиан гуфта чиро мефаҳмед?

A) Хатеро меноманд, ки  экваторро  бо  қутби  ҷануб  пайваст мекунад;  В) Хатҳоеро меноманд, ки экваторро ба экватор мепайванданд;  C) Меридиана гуфта  хатҳоеро  меноманд,  ки  экваторро  бо қутби шимол пайваст мекунад;  D)  Хатҳои  доиравиро  меноманд,  ки  ду   қутбро   бо   ҳам мепайванданд;  Е) Хатҳоеро меноманд, ки ба равиши экватор кашида шудааст;

Дар кадом ноҳияҳои Россия барои сохтмони электростансияҳои геотермалӣ имкониятҳо бештар аст?

A) вилояти Камчатка; В) вилояти Мурманск;  C)  вилояти Амур;  D)   вилояти Свердловск;  Е)  вилояти Тошкент;

Давлатеро нишон диҳед, ки дар ИДМ баъд аз Руссия, аз ҷиҳати ҳаҷми истихроҷи нефт ҷои 2-юмро ишғол менамояд?

A) Қазоқистон;  В)  Украина;  C) Туркманистон;  D) Озарбойҷон;  Е) ӯзбекистон;

Вилояти Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз кадом захираҳои табиии таҳшин бой аст?

A) гази табиӣ; В) торф;  C)  ангишти коксшаванда;  D)   сланесҳои сӯзанда;  Е)  нефт;

Зироатҳои ғалладонагиеро нишон диҳед, ки он дар заминҳои лалмии Осиёи Марказӣ парвариш карда мешавад?

A) гандум, ҷав;  В)  зироатҳои полезӣ, чой;  C)  лаблабӯи қанд, найшакар;  D) пахта, шолӣ;  Е) ҳеҷ чиз парвариш намешавад;

Дар ҳудуди ИДМ, ду ҷумҳуриеро нишон диҳед, ки аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ тахминан якхеланд?

A) Тоҷикистон, Қазоқистон;  В) Украина, Белоруссия;  C) Гурҷистон, Арманистон;  D)   Молдова, Қирғизистон;  Е)  Озарбойҷон, ӯзбакистон;

Конҳои полиметалли Консой ва Адрасмон, кони нефти Ким дар кадом вилоят ҷойгиранд?

A) Суғд;  В)  Хатлон;  C)  Кӯлоб;  D)  Бадахшон;  Е)  Рашт;

Кони гази табии Хоҷасартез ва Қизилтумшуқ дар  кадом вилояти ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд?

A) Ҳисор;  В)  Хатлон;  C)  Вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ;  D)  Кӯлоб;  Е)   Суғд;

Дарозии умумии дарёҳои Тоҷикистон чанд км аст

A) 600;  В)  50000;  C)  10000;  D)  28500;  Е)  32000;

Кадом обанбори Тоҷикистонро «Баҳри тоҷик» меноманд?

A) Норак;  В)  Сарбанд;  C)  Муминобод;  D)   Роғун;  Е)  Қайроқум;

Дарозии умумии сарҳади Руссия чанд ҳазор км аст?

A) 40;  В)  11,2;  C)  70;  D)   60;  Е)  30;

Пойтахти Австралия кадом шаҳ аст?

A) Синдней; В) Брисбен;  C) Канберра;  D) Перт;  Е) Мелбурн;

Кадом давлат дар қитъаи Америка ягона давлати сотсиалистӣ мебошад?

A) Куба; В) Мексика;  C) Панама;  D) Бразилия;  Е) Никарагуа;

Европаро аз Осиё кадом қаторкуҳҳо ҷудо мекунанд?

A) Карпат; В) Урал;  C) Помир;  D) Байкал;  Е) Кавказ;

Мамнӯъгоҳи «Бешаи Палангон» кадом сол ташкил карда шудааст?

A) Соли 1928;  В) Соли 1966;  C) Соли 1961;  D) Соли 1958;  Е) Соли 1938;

Дар Тоҷикистон соле тақрибан чӣ қадар қувваи барқ истеҳсол мешавад?

A) 10 млрд Квт/соат; В) 100 млрд Квт/соат;  C) 30 млрд Квт/соат;  D) 18 млрд Квт/соат;  Е) 24 млрд Квт/соат;

Аз ҷиҳати масоҳат кӯли калонтарини Тоҷикистон кадом аст?

A) Зоркӯл;  В)  Искандаркӯл;  C)  Қарокӯл;  D)   Рангкӯл;  Е)  Сарез;

Кадоме аз ин стансияҳои электрикии обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон калонтарин ба ҳисоб меравад?

A) Норак;  В)  Дӯстии халқҳо;  C)  Сарбанд;  D)  Бойғозӣ;  Е)  Варзоби поён;

ГЭС-ҳои хурд дар кадом ноҳияҳои маъмурӣ сохта шудаанд?

A) Ванҷ, Варзоб, Мурғоб;  В)  Вахш, Колхозобод, Шуғнон;  C)  Конибодом, Нов, Ленин;  D)   Шӯрообод, Ишкошим, Мастчоҳ;  Е)  Фархор, Ғончӣ, Тоҷикобод;

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ГЭС-ҳои “Дӯстии халқҳо”, Сарбанд, Бойғозӣ дар кадом дарёҳо сохта шудаанд?

A) Зарафшон, Сурхоб;  В)  Сир, Вахш;  C)  Бартанг, Яхсу;  D)   Варзоб, Кофарниҳон;  Е)  Панҷ, Аму;

Баҳри Мармар дар байни кадом қитъаҳои олам ҷой гирифтааст?

A) Америкаи Ҷанубӣ – Африка;  В)  Европа – Осиё;   C)  Осиё – Австралия;  D)  Америкаи Шимолӣ – Осиё;  Е)  Африка – Осиё;

Аз ин конҳои номбаршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомашон конҳои нафт мебошанд?

A) Қуруқсой, Олтин Топкан;  В)  Шуғнон, Рангкӯл;  C)  Кони Намак, Тутбулоқ;  D)  Харангон, Селбур;  Е)  КИМ, Бештентак;

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …