Главная / Биология / Тағйирпазирӣ дар биология

Тағйирпазирӣ дар биология

Тағйирпазирӣ баръакси ирсият мебошад, вале бо он робитаи зич дорад. Зеро заррачаҳои ирсӣ генҳо инкишофи ин ё он аломатро муайян мекунанд. Агар таҷдиди қолаб (матритса) – молекулаи КДН ҳамеша дақиқ сурат мегирифт, пас ҳини афзоиши организмҳо фақат аломатҳои пештара аз насл ба насл мегузаштанд ва мутобиқати намудҳо ба тағйироти шароити муҳити зист номумкин мегашт.

rastani-gul

Аз ин рў, тағйирпазирӣ қобилияти организмҳо буда, баҳри пайдо кардани аломату хосиятҳои нав мебошад ва дар натиҷаи тағйирёбии сохтори маводи ирсӣ ё пайдоиши генҳои нави комбинативӣ ба амал меояд.

Тағйирпазирӣ барои интихоби табиӣ маводи гуногун муҳайё месозад, яъне интихоби фардҳое мебошад, ки ба шароити муҳити зист нағз мутобиқ гаштаанд. Ин ба пайдо шудани шакл ва намудҳои нави организмҳо мусоидат мекунад.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

Мустақилият (дискрет)

 Калимаи дискрет аз лотинии дискретум гирифта шуда, маънояш фосила, ҷудо шудан аст. Мустақилият хосияти умумии …