Главная / Теги: Шеърҳо барои кудакон (страница 2)

Теги: Шеърҳо барои кудакон

Шеър дар бараи додар / бародар

qishloq

Чаро мошин ин саҳар, Хобидаву бепарво, Мусича ҳам мегардад, Рӯи ҳавлӣ беибо, Чаро алопари мо, Ин саҳар рӯи бом аст? Машғули бозӣ Фарҳод Бунафша ҳам ором аст. Чаро наояд ба гӯш Маоси мешу барра. Осуда дон мехӯрад Хурусаки ҷангара Чаро сатилу ҷорӯб Ҷо ба ҷои худ имрӯз Ёфтам меҳмонӣ рафтаст. …

Муфассал »

Нинича – шеър барои кудакон

Сурат - расми нинича

Нинич мо, Нинии аҷиб, Бехобаку шӯх, Номакаш наҷиб Лабу даҳонаш Монанди аком, Биниаш айнан Бинии додом. Нинича бо ман Себи дукафон, Аммо, чу момо Надорад дандон.

Муфассал »

Хоҳарам гиря дорад

xohar-girya

Вар-вару вар-вар карда, Рухсораро тар карда. Гуши маро кар карда, Хоҳарам гиря дорад. Алла гӯям, нахобад, Шираш диҳам, рӯ тобад. Ҳайронам, чӣ мекобад?! Хоҳарам гиря дорад. Ба назди миз овардам, Мағзу мавиз овардам. Сад гуна чиз овардам, Хоҳарам гиря дорад. Хобондам дар гаҳвора, Чй кор кунам, чй чора?! Сарсонаму овора …

Муфассал »

Шеър дар бораи Ватан барои кӯдакон

ватан

Ватан, Ватан, Ватан, Ту ҷисму ҷону тан. Маро ба васфи ту Куҷо бувад сухан. Ватан, Ватан, Ватан, Туи баҳори ман, Ту рӯҳи бешикаст, Туи қарори ман. Ба домани ту ман, Намоз оварам, Ту қиблаӣ, ба ту. Ниёз оварам Суруди ман, Ватан, Дуруди ман, Ватан. Ба қуллаи умед, Суҷуди ман Ватан.

Муфассал »

Ҷӯра Ҳошимӣ (Шоири кӯдакон)

Ҷӯра Ҳошимӣ (Шоири кӯдакон)

Барои хонандягонам Эй дӯстрӯяконам, Эй дӯстони ҷонам! Баҳри шумо навиштам Ман шеъру достонам. Бе ёдатон набудам, Кай буда хам тавонам? Зеро, агарчӣ пирам, Кӯдак бувад равонам. Шояд ки офариданд Аз баҳри кӯдаконам. Бошад, ки ҳамчу ҳарфе Дар ёдатон бимонам. Ҷӯра ҲОШИМӢ |

Муфассал »