Главная / Теги: Шеърҳо барои кудакон

Теги: Шеърҳо барои кудакон

Шеър дар бораи борон

борон

Ҳангоми навбаҳорон Шодона рехт Борон, ки гарм борид, Бар хоки нарм форид. Бедор гашт то хок, Сабзид сабза чолок. Дар дашту кӯҳу ёла Омад ба ханда лола. Сар кард нола булбул, Андохт шӯру ғул-ғул. Бар хоки нарму тасфон Пошид дона деҳқон… Борон, ки оби пок аст, Доруи ҷони хок аст.

Муфассал »

Боғи Мактаб – Шеър барои кӯдакон

Боғи Мактаб

Як қитъаи заминро Ҳамвор карда будем, Сарҷамъ гашта, бо шавқ Шудгор карда будем. Бо ҳам шинонда будем Як рада себи хушрӯ, Дар хатти дигари он, Анҷиру ноку олу. Дар як замони кӯтоҳ Сабзид боғи зебо, Як ҷои дилкушо шуд Атрофи мактаби мо. Акнун ба деҳа ин боғ Файзу сахо бубахшад, …

Муфассал »

Шеър дар бораи шаҳри Дарё

reki07

Меравам бо cap шитобон, Сӯйи сахрову биёбон, Рузу шаб нокарда хобе, Киштхоро бидхам обе. Мекунам ман богу бустон, Ҳар куҷо бошад биёбон. Сабза то шодон барояд, Лола хандон рӯ кушояд, То ки гандум хӯша бандад. То ки мардум хуш бихандад,

Муфассал »

Шеър дар бораи шаҳри Душанбе

shahri-ob

Гулгаштҳояш – Бисёр дилкаш, Боғаш пур аз гул, Сабзу мунаққаш. Бошад фаровон Фаввораҳояш, Серун бидоранд Доим ҳавояш. Фаввораҳо не, Рангинкамонанд, Чун дар баҳорон Роҳатрасонаид. Дар кӯчаҳояш Мардум зиёд аст, Пиру ҷавонаш Хурсанду шод аст Дору дарахташ Бошад дилоро, Ҳамто набошад Гулшаҳри моро!

Муфассал »

ДУГОНАҲО

dugonaho

Кушодарӯ Шафоат, Кулоламӯ Шарофат. Ҳар сеямон дугона, Се банди як тарона. Мехонем хубу аъло Тамом кардем «Алифбо!»

Муфассал »

ДУХТАРИ ХАНДОНРУ

xandonru

Меравад хандон-хандон, Медавад хандон-хандон. Китоб мехонад хандон, Уко хобонад хандон. Табақча шӯяд хандон, Гулдаста бӯяд хандон. Ин духтари хандонрӯ Хоҳараки ман – Гулрӯ.

Муфассал »

Пазмонй

pazmoni

Бузаки навзоди мо Дар ҳавлӣ танҳо мондаст? Очабузро акоям Саҳар ба чаро рондаст. Аз ин сабаб бузича Ҳар дам маъас мекунад. Бегоҳ очабуз ояд, Маъасаш бас мекунад. Модарам ба кор равад, Ман ҳам мешудам гирён. Модарам аз кор ояд, Ман ҳам.мешудам хандон.’

Муфассал »

Боғи бобо

bogi-bobo-1

ШЕЪРИ БОҒИ БОБО Дар боғи бобо, Расида хурмо. Тилоӣ рангаш, Мазан ба сангаш. Хурмои ширин Пазад, Бирав, чин!

Муфассал »

Шеъри дар бораи Деҳа

deha-sher

Эй деҳаи ман, Деҳи кӯҳистон, Ман бо ту масрур Ман бо ту хандон, Манзараҳоят Завҳу нишотам, Оби зулолат, Оби ҳаётам. Оғӯши гармат Оғӯши модар, Ҳастмтубар ман Бо ҷон баробар.

Муфассал »

Шеър дар бораи Шаршара

sharshara

Шаршара ноз дорад, Мӯйи дароз дорад. Шаршара кони мағал, Шаршара кони ғазал, Зеби дара шаршара, Шаршараи Гулдара. Шаршара зебо шудаст, Боби тамошо шудаст. Шона занад мӯӣи мо, Тоза шавад рӯӣи мо.

Муфассал »