Главная / Теги: Канзи Шифо (страница 16)

Теги: Канзи Шифо

Ток (Ангур) дар Канзи Шифо (Китоб)

tok_angur-660x330

Ток — ин дарахти ангур аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: навдаҳои навраси онро бихӯранд, баромадани бухоротро ба майна манъ мекунад. Барг, навда ва печаки онро кӯфта, бо орди ҷав хамир сохта гузошта банданд, дарди сари гарм ва сӯзиши чашмро таскин мебахшад, инчунин варамҳои гарми онҳоро таҳлил …

Муфассал »

Рӯян дар Канзи Шифо (Китоб)

ruyan-2-660x330

Рӯян (ба забони руссӣ — марена красильная ) — Ин растанӣ ду навъ аст: саҳроӣ ва боғӣ. Боғӣ, яъне бӯстониашро зироат мекунанд. Мурод аз ин решааш ба кори рангрезон лозим аст. Решааш сурхи тира аст. Самараш кулӯла, баъди расидан сиёҳ мегардад. Гиёҳаш майдаи шахшӯл, фақат як поя дорад, баргҳояш гирдак, самараш анбӯҳ, …

Муфассал »

Мӯй (Пашм) ва хусусияти фоидабахшии он

mui_sar-660x330

Ин аз пашм фарқ дорад. Пашм, ки ба арабӣ суф меноманд, назар ба мӯй маҳинтар ва печида мебошад. Баъзе ҷонварон ҳам мӯй доранд ва ҳам пашм, чунончӣ, бузи расмӣ дорад. Баъзе фақат пашм доранд, монанди: гӯсфанд ва барра. Вале инсон фақат мӯй дорад на дигар. Мурод аз мӯй гуфтан дар …

Муфассал »

Мозу дар Канзи Шифо (Китоб)

mozu-600x330

Мозу (ба руссӣ — чернильный орешек) — Ин самари дарахти ҳиндист. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Вале баъзеҳо дар дараҷаи дувум сард ва дар севум хушк гуфтаанд. Хислатҳои шифобахши он: инро кӯфта, ба воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро манъ мекунад. …

Муфассал »

Санҷид дар Канзи Шифо (Китоб)

sanjid-00-660x330

Санҷид ( ҷигитак ) — Ин дарахт ва меваи маълум аст. Ду хел мешавад: санҷиди зоғак ва одӣ. Навъи одии онро дар богот парвариш мекунанд. Қувваташ то ду сол боқӣ мемонад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст, вале хушкӣ дар хоми он зиёдтар мебошад. Хислатҳои шифобахши он: ин қувватбахш …

Муфассал »

Занбӯруғ дар Канзи Шифо (Китоб)

zanburug-660x330

Занбӯруғ — Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон қорч ҳам мегӯянд. Ин растаниест, ки дар заминҳои намнок баъди боришҳо ба шакли телпак медамад. Навъҳои бисёр дорад: хӯрданбоб ва заҳрнок. Хӯрданбоби онро қорч меноманд. Хуллас, ҳар як қорч часпак набуда, бӯйи бад надошта, сафеди моил ба андак тирагӣ бошад ва дар заминҳон гайри …

Муфассал »

Дармана дар Канзи Шифо (Китоб)

darmana-660x330

Дармана (русс. Дармина) — ин гиёҳест қадаш қариб ба баландии шибит, баргҳояш реза ва бисёр нозук, ранги баргҳояш баъзан сабзи моил ба зардӣ ва баъзе гӯё дар рӯяш ғубор дорад ва хокистарранг аст. Гулаш сафеди моил ба пуштӣ ва гули зардаш ҳам мавҷуд аст. Дармана навъҳои кӯҳӣ ва саҳроӣ дорад. Мизоҷаш …

Муфассал »

Кокутӣ дар Канзи Шифо (Китоб)

kokuti-660x330

Кокутӣ — Ин гиёҳи кӯҳии маълум аст, ки райҳони кӯҳӣ мебошад. Барги баъзеаш дарозак, баъзеи дигараш гирдак аст. Ин гиёҳ навъҳои бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ дорад. Агар ранги баргҳояш сабзи сиёҳтоб бошад, онро кокутии тоҷикӣ (форсӣ) меноманд. Таъми ин тунд ва хушбӯ аст. Гули ҳамаи навъҳои он кабуд аст. Беҳтарини ҳамааш …

Муфассал »

Обсабз дар Канзи Шифо (Китоб)

obsabz

Инро дар баъзе мавзеъҳо тоҷикон ҷома (чапон)-и қурбоққа ҳам меноманд, дар обҳо, одатан, пайдо мешавад. Беҳтаринаш он аст, ки дар обҳои ширин ба ҳам расида бошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: онро кӯфта, батанҳоӣ ё бо орди ҷав якҷо карда гузошта банданд, хунравиро аз ҳар …

Муфассал »

Ҷамилак дар Канзи Шифо (Китоб)

SONY DSC

Ҷамилак — Ин гиёҳест кӯҳӣ, баргаш монанди барги кокутӣ мебошад, монанди райҳон бӯйи хуш дорад — ин аз ҷинси райҳон ва кокутӣ мебошад. Бӯяш мобайни бӯйҳои наъноъ ва пудинаи даштӣ буда, гӯё аз ҳар ду мураккаб гаштааст. Гулаш сафеди моил ба сурхӣ, тухмаш резатар аз тухми райҳон. Дар заминҳои офтобрӯяи кӯҳсор …

Муфассал »