Главная / Илм / Рӯян дар Канзи Шифо (Китоб)

Рӯян дар Канзи Шифо (Китоб)

ruyan-2-660x330Рӯян (ба забони руссӣ — марена красильная ) — Ин растанӣ ду навъ аст: саҳроӣ ва боғӣ. Боғӣ, яъне бӯстониашро зироат мекунанд. Мурод аз ин решааш ба кори рангрезон лозим аст. Решааш сурхи тира аст. Самараш кулӯла, баъди расидан сиёҳ мегардад. Гиёҳаш майдаи шахшӯл, фақат як поя дорад, баргҳояш гирдак, самараш анбӯҳ, дар миёни баргҳояш ҷо гирифтааст. Ин растанӣ дар санглохҳо ва заминҳои сахт бештар мерӯяд.

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бо асал бихӯранд, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ)-ро, ки бо беҳиссии узв бошад, шифо мебахшад; каҷ шудани рӯй, сусту нотавон гаштани аъзо ва зардпарвинро дафъ мекунад; меъдаро қувват мебахшад, пешоби бисёр ғафс, ҳайз ва ширро равон мекунад, ирқуннасоро ба ибро меоварад; агар бо сиканҷабин бихӯрацд, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд.

 3,5 грамм рӯянро бо 7 грамм решаи ревоҷ (чукрӣ) ва як пиёла шароби хурмо (ё бӯза) биёшоманд, барои зарба хӯрдан (аз ҷумла чалақидани майна) ва сахт афтодан даво мебошад. Самари онро бо сиканҷабин бихӯранд, сипурзро ба дараҷае пок ва соф мегардонад, ки ёфтани он амри муҳол мегардад; ҷигарро аз моддаҳои бегона пок месозад ва гиреҳҳои ин ҳар ду узвро мекушояд. Инчунин ҳар як қисми рӯянро бо сиканҷабин бихӯранд, чунин таъсирро дорад.

Ҳар як қисми ин гиёҳро кӯфта гузошта банданд, фолиҷ, каҷ шудани рӯй, карахтӣ ва дигар бемориҳои сардмизоҷи асабониро шифо мебахшад; ширинча, сабӯсаки сар, шукуфаи пӯст ва доғи сафеди пӯстро ба ибро меоварад; инчунин доғҳои аз зарба хӯрдан ва афтодан дар пӯст пайдошударо ҳам дафъ мекунад.

Агар инро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандгаштаро ҷорӣ мекунад, бача ва ҳамроҳаки тифлро аз шиками ҳомила меафтонад. Решаашро кӯфта, бо асал сиришта гузошта банданд, доғи кунҷидак ва доғҳоеро, ки аз таъсири офтоб ба ҳам расида бошанд, нест мегардонад; инро бо сирко даромехта гузошта банданд, шукуфа ва доғи сафеди пӯстро барҳам медиҳад, инчунин ҳар доғеро, ки дар пӯст афтода бошад, пок мекунад.

ruyan-2_-181x300Решаи Рӯянро соида, бо таом бихӯранд, барои касоне, ки саги девона газида бошад, дармон мешавад. Баргу шох ва самари он — ҳама тарёқи заҳрҳои ҷонварон аст. Ҳар як қисми рӯянро батанҳоӣ бихӯранд ҳам, ҳамин таъсирро дорад. Хӯрдани рӯян бинобар башиддат пешоброн буданаш ба хичак зарар дорад, ҳатто хун мемезонад. Барои дафъи ин зарарҳояш катиро бояд бихӯранд. Ба сар ҳам зиёнкор аст — ин зарарро бо хӯрдани арпабодиён ислоҳ метавон кард.

Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз 4,5 грамм аст ва агар ҷӯшонида, обашро нӯшиданӣ бошанд, дар об 14 грамм андозанд. Ҳар касе, ки қасди хӯрдани рӯян дошта бошад, бояд, ки ҳар рӯз ҳаммом бакунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …