Главная / Теги: Кодекси Мехнат (страница 17)

Теги: Кодекси Мехнат

Ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ

moddai-207-kodeksi-mehnat

Моддаи 207-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ Ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ бо ҳуқуқи дигар кормандон баробар буда, онҳо дар ҳифзи меҳнат, вақти кор, вақти истироҳат ва дигар шароити меҳнат аз кафолатҳои иловагии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории …

Муфассал »

Аз тарафи мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба кор барқарор кардани корманд

moddai-206-kodeksi-mehnat

Моддаи 206-и Кодекси Меҳнат. Аз тарафи мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба кор барқарор кардани корманд Ҳангоми бе асосҳои қонунӣ қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ ё ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан, тағйир додани ҷойи кор, иваз кардани шароити меҳнат, аз кор дур кардан мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар бораи ба …

Муфассал »

Иҷрои қарори комиссияи созиш

moddai-205-kodeksi-mehnat

Моддаи 205-и Кодекси Меҳнат. Иҷрои қарори комиссияи созиш Қарори комиссияи созиш дар муҳлати муқарраркардаи он иҷро карда мешавад. Дар мавриди иҷро накардани қарори комиссия дар муҳлати муқарраргардида, корманд ё корфармо ҳуқуқ доранд баҳси меҳнатиро бо тартиби судӣ ҳал намоянд.

Муфассал »

Тартиби қабули қарор аз ҷониби комиссияи созиш ва мазмуни он

moddai-204-kodeksi-mehnat

Моддаи 204-и Кодекси Меҳнат. Тартиби қабули қарор аз ҷониби комиссияи созиш ва мазмуни он Комиссияи созиш бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласаи комиссия иштирокдошта қарор қабул мекунад. Дар сурати қабул карда нашудани қарори дахлдор, масъала такроран аз нав баррасӣ карда мешавад. Бо талаби аризадиҳанда ё як нафар аз аъзои комиссия, …

Муфассал »

Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар комиссияи созиш

moddai-203-kodeksi-mehnat

Моддаи 203-и Кодекси Меҳнат. Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар комиссияи созиш Аризаи ба комиссияи созиш воридгардида аз ҷониби комиссияи мазкур ҳатман ба қайд гирифта мешавад. Комиссияи созиш уҳдадор аст, баҳсҳои меҳнатиро аз рўзи ворид шудани ариза дар давоми 7 рўзи тақвимӣ баррасӣ намояд. Баҳс дар ҳузури аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдорнамудаи …

Муфассал »

Ваколатҳои комиссияи созиш оид ба баҳсҳои меҳнатӣ

moddai-202-kodeksi-mehnat

Моддаи 202-и Кодекси Меҳнат. Ваколатҳои комиссияи созиш оид ба баҳсҳои меҳнатӣ Комиссияи созиш мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии дар ташкилотҳо бамиёномада мебошад, ба истиснои баҳсҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари баррасии онҳоро муқаррар намудаанд. Агар корманд бевосита ё бо иштироки намояндаи худ зимни гуфтушунид …

Муфассал »

Муҳлати муроҷиат ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ менамояд

moddai-201-kodeksi-mehnat

Моддаи 201-и Кодекси Меҳнат. Муҳлати муроҷиат ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ менамояд Корманд метавонад дар давоми се моҳ баъд аз фаҳмидани он, ки ҳуқуқҳои меҳнатии ў вайрон карда шудааст ё мебоист дар ин бора хабардор карда шавад, ба комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ муроҷиат намояд. Барои муроҷиат …

Муфассал »

Таъсиси комиссияи созиш ва ташкили кори он

moddai-200-kodeksi-mehnat

Моддаи 200-и Кодекси Меҳнат. Таъсиси комиссияи созиш ва ташкили кори он Комиссияи созиш дар асоси баробарҳуқуқӣ аз ҳисоби намояндагони баробари корфармо ва кормандон таъсис дода мешавад. Миқдори ҳайати аъзо, тартиби кор ва муҳлати ваколати комиссияи созиш дар маҷлиси (конференсияи) умумии кормандон бо созиши корфармо ва кормандон муқаррар карда мешаванд. Аъзои …

Муфассал »

Мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ

moddai-199-kodeksi-mehnat

Моддаи 199-и Кодекси Меҳнат. Мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ Баҳсҳои меҳнатии фардиро комиссияҳои созиш ва ё судҳо баррасӣ мекунанд. Комиссияҳои созиш баҳсҳои меҳнатии фардиро аз рўи муроҷиати тарафҳои баҳси меҳнатӣ баррасӣ менамоянд. Барои ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ тарафҳои шартномаи меҳнатӣ метавонанд бевосита ба суд муроҷиат намоянд.

Муфассал »

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ

moddai-198-kodeksi-mehnat

Моддаи 198-и Кодекси Меҳнат. Баҳсҳои меҳнатии фардӣ Баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар натиҷаи ба мувофиқа нарасидани корфармо ва корманд ҳангоми мавҷудияти ихтилофот дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва шароити меҳнат ба миён омада, тартиби ҳалли онҳо дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ мегарданд.

Муфассал »