Моддаи 200-и Кодекси Меҳнат. Таъсиси комиссияи созиш ва ташкили кори он
- Комиссияи созиш дар асоси баробарҳуқуқӣ аз ҳисоби намояндагони баробари корфармо ва кормандон таъсис дода мешавад.
- Миқдори ҳайати аъзо, тартиби кор ва муҳлати ваколати комиссияи созиш дар маҷлиси (конференсияи) умумии кормандон бо созиши корфармо ва кормандон муқаррар карда мешаванд.
- Аъзои комиссияи созиш аз ҳисоби кормандон дар маҷлиси (конференсияи) умумии кормандон интихоб карда мешаванд. Аъзои комиссияи созиш аз ҳисоби корфармо бо санади корфармо таъйин карда мешаванд. Аъзои комиссияи созиш дар ҷаласаи якуми ташкилии худ бо аксарияти овозҳо аз ҳисоби аъзои худ раис ва котиби комиссияро интихоб менамоянд.