Главная / Гуногун / Сохти маъмурии Аморати Бухоро

Сохти маъмурии Аморати Бухоро

Ҳукмронии сулолаи хонадони манғития дар Бухоро меросӣ буда, бо ҳеҷ гуна қонун маҳдуд карда намешуд. Амирон соҳибихтиёрона давлатро идора мекарданд. Қонуни ягонае, ки ҳукмронии онҳоро нисбатан маҳдуд мегардонд, шариати ислом ва баъзе расму ойини анъанавии ниёгон буд.

Баъди амир қушбегӣ симои дуюми аморати Бухоро буд. Вай аз тарафи амир таъин шуда, танҳо ба ӯ итоат мекард. Тамоми корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ дар ихтиёри қушбегии боло буд.

Қушбегӣ вазифаи сарвазириро адо намуда, ба ӯ дигар мансабдорон итоат мекарданд. Онҳое, ки дар ҳудуди ҳокимҳои вилоят вазифаи девонбегиро адо мекарданд, ба қушбегии поён тобеъ буданд.

Яке аз мансабҳои дарбори иноқи калон ном дошт. Шахси ба ин рутба расида дар ҳузури амир фармонҳоро қироат мекард ё тартиб медод.

buh-f

Мутасаддии амалиёти ҷосусӣ дар ихтиёри кӯкалтош буд.

Корҳои дигар ба зимаи мансабдорони дараҷаашон поён гузошта мешуд. Амалдорони амирӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешуданд. Табақаи аъёну ашрофи ғайрирӯҳонӣ ва аҳли уламо. Амалдорон ва сипоҳиён ба гурӯҳи аввал, фақеҳ, муллобачаҳо, мударрисон, ҳуқуқшиносон, шайхулислом, қозӣ, муфтӣ, раис ва дигарон ба гурӯҳи дуюм, яъне ба аҳли уламо дохил мешуданд. Вале атолиқ, шайхулислом ва баъзе мансабҳои дигари дар асрҳои XVI-XVIII мақоми баландро ишғолкунанда дар замони ҳукмронии сулолаи манғития ба мансабҳои ифтихорӣ табдил ёфтанд.

Аморати Бухоро ба вилоятҳо ва туманҳо тақсим мешуд. Ҳар кадоми онҳоро наздикони амир, писарони ӯ ва хешовандонаш идора мекарданд. Сардорони ин мулкҳоро дар Ҳисор ва Кӯлоб бек ё ҳоким, дар Қаротегин ва Дарвоз – ша (ё шоҳ), дар Ӯротеппа ва Хуҷанд ҳоким, дар Мастчоҳу Фалғар мир ва ғайра меномиданд. Бекигариҳо ба амлокдорӣ тақсим мешуданд, ки амлокдор онро идора мекард. Дар баъзе вилоятҳои кӯҳӣ (Ҳисор, Қаротегин, Кулоб ва ғайра) амлокдорӣ ба мири ҳазора ҷудо мешуд, ки аз якчанд деҳа иборат буд. Деҳаро арбоб ё амин идора мекард.

Дар Қаротегин ва Бадахшон ба ғайр аз шоҳ, миру арбобҳо дар идораи маъмурӣ мавқеи мухимро ишғол менамуданд.

Муҳофизати шабонаи шаҳрҳо, пагоҳӣ кушодан ва бегоҳӣ бастани дарвозаҳои Бухоро дар ихтиёри миршаб буд. Дар Хуқанд ва Ӯротеппа онҳоро қурбошӣ меномиданд. Миршаб ва қурбошӣ ба оромию осудагии шаҳр назорат мебурданд.

Ба воситаи мансабдорони номбурда хону амир, беку ҳокимон мулки худро идора мекарданд, хироҷу андоз ҷамъ меоварданд. Амалдорони амирӣ аз тарафи давлат маош мегирифтанд. Онҳо аз ҳисоби мардум, аксар аз ҳисоби деҳқонон ва косибон зиндагӣ карда, бори вазнини мардуми меҳнатиро дучанд мегардониданд.

Воҳиди маъмурӣ дар болооби Зарафшон – Мастчоҳ, Фалғар ва Фон, сада ё даҳа буд, ки ба амир ва арбоб тобеъ буд. Ҳар як деҳа қозӣ, муфтӣ ва раис дошт.

Кучманчиёни қисмати шимолии Тоҷикистон тартиби идоракунии худро доштанд. Бий ҳам вазифаи маъмурӣ ва ҳам вазифаи судиро дар уҳда дошт.

Дар Хуқанд хонҳо аз сулолаи Минг, мисли сулолаи хонадони манғитияи Бухоро, ҳукмрони мутлақ буданд. Ҳокимияти хонро ҳеҷ гуна қонун маҳдуд намекард. Дар инҷо баъди хон мингбошӣ симои якум буд. Дар хонии Хуқанд бекҳо ё ҳокимони вилоятҳо, сарзакотчӣ, қозикалон ва амсоли онҳо нақши бағоят калонро соҳиб буданд. Дар хонигарии чун аморати Бухоро мансабҳои хоҷакалон, мири асад, нақиб, саркор, девонбегӣ, амлокдор, кадхудо, арбоб (дар деҳаҳо) амал мекарданд.

Аз аҳли уламо қозикалони Бухоро дар ҷои аввал қарор мегирифт. Ӯ аз тарафи амир таъин мегардид. Ба қозикалон ҳамаи қозиёни аморати Бухоро итоат мекарданд. Шахсони ба ҳукми қозӣ норозибуда мебоист ба қозикалони Бухоро шикоят равон кунанд. Вале ин навъ мавридҳо ниҳоят кам мешуд. Ҳукми қозикалонро танҳо амири Бухоро ҳуқуқи бекор кардан дошт.

Қозикалон ва қозиҳо дар маҳкама, биноҳои махсус, ки қозихона ном дошт, нишаста эҳтиёҷмандон ва гунаҳкоронро қабул мекарданд. Қозиҳо мирзоён, пешхизматон ва дигар мардуми хизматиро дар ҳузури худ доштанд.

Вақфнома, ваколатнома, тақсими мерос ва дигар асноди расмӣ дар ҳузури қозӣ тартиб ёфта, бо муҳри ӯ тасдиқ мешуданд.

Қозиёни вилоятҳои Қаротегин ва Дарвоз аз тарафи ҳокимони он ҷо таъин мешуданд. Ҳаққултарака (моли бесоҳибмондаи меросӣ) ва никоҳона аз руи одати мардуми ин ҷойҳо, ба ҳоким мерасид. Дар ҷойҳои дигар ин намуди даромадҳо ба манфиати қозӣ ва козихона мегузашт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …