Главная / Гуногун / Сохти маъмурии Аморати Бухоро

Сохти маъмурии Аморати Бухоро

Хукмронии сулолаи хонадони мангития дар Бухоро мероси буда, бо хеч гуна конун махдуд карда намешуд. Амирон сохибихтиёрона давлатро идора мекарданд. Конуни ягонае, ки хукмронии онхоро нисбатан махдуд мегардонд, шариати ислом ва баъзе расму ойини анъанавии ниёгон буд.

Баъди амир кушбеги симои дуюми аморати Бухоро буд. Вай аз тарафи амир таъин шуда, танхо ба у итоат мекард. Тамоми корхои маъмури ва хочаги дар ихтиёри кушбегии боло буд.

Кушбеги вазифаи сарвазириро адо намуда, ба у дигар мансабдорон итоат мекарданд. Онхое, ки дар худуди хокимхои вилоят вазифаи девонбегиро адо мекарданд, ба кушбегии поён тобеъ буданд.

Яке аз мансабхои дарбори иноки калон ном дошт. Шахси ба ин рутба расида дар хузури амир фармонхоро кироат мекард ё тартиб медод.

buh-f

Мутасаддии амалиёти чосуси дар ихтиёри кукалтош буд.

Корхои дигар ба зимаи мансабдорони дарачаашон поён гузошта мешуд. Амалдорони амири ба ду гурух таксим мешуданд. Табакаи аъёну ашрофи гайрирухони ва ахли уламо. Амалдорон ва сипохиён ба гурухи аввал, факех, муллобачахо, мударрисон, хукукшиносон, шайхулислом, кози, муфти, раис ва дигарон ба гурухи дуюм, яъне ба ахли уламо дохил мешуданд. Вале атолик, шайхулислом ва баъзе мансабхои дигари дар асрхои XVI-XVIII макоми баландро ишголкунанда дар замони хукмронии сулолаи мангития ба мансабхои ифтихори табдил ёфтанд.

Аморати Бухоро ба вилоятхо ва туманхо таксим мешуд. Хар кадоми онхоро наздикони амир, писарони у ва хешовандонаш идора мекарданд. Сардорони ин мулкхоро дар Хисор ва Кулоб бек ё хоким, дар Каротегин ва Дарвоз – ша (ё шох), дар Уротеппа ва Хучанд хоким, дар Мастчоху Фалгар мир ва гайра меномиданд. Бекигарихо ба амлокдори таксим мешуданд, ки амлокдор онро идора мекард. Дар баъзе вилоятхои кухи (Хисор, Каротегин, Кулоб ва гайра) амлокдори ба мири хазора чудо мешуд, ки аз якчанд деха иборат буд. Дехаро арбоб ё амин идора мекард.

Дар Каротегин ва Бадахшон ба гайр аз шох, миру арбобхо дар идораи маъмури мавкеи мухимро ишгол менамуданд.

Мухофизати шабонаи шахрхо, пагохи кушодан ва бегохи бастани дарвозахои Бухоро дар ихтиёри миршаб буд. Дар Хуканд ва Уротеппа онхоро курбоши меномиданд. Миршаб ва курбоши ба оромию осудагии шахр назорат мебурданд.

Ба воситаи мансабдорони номбурда хону амир, беку хокимон мулки худро идора мекарданд, хирочу андоз чамъ меоварданд. Амалдорони амири аз тарафи давлат маош мегирифтанд. Онхо аз хисоби мардум, аксар аз хисоби дехконон ва косибон зиндаги карда, бори вазнини мардуми мехнатиро дучанд мегардониданд.

Вохиди маъмури дар болооби Зарафшон – Мастчох, Фалгар ва Фон, сада ё даха буд, ки ба амир ва арбоб тобеъ буд. Хар як деха кози, муфти ва раис дошт.

Кучманчиёни кисмати шимолии Точикистон тартиби идоракунии худро доштанд. Бий хам вазифаи маъмури ва хам вазифаи судиро дар ухда дошт.

Дар Хуканд хонхо аз сулолаи Минг, мисли сулолаи хонадони мангитияи Бухоро, хукмрони мутлак буданд. Хокимияти хонро хеч гуна конун махдуд намекард. Дар инчо баъди хон мингбоши симои якум буд. Дар хонии Хуканд бекхо ё хокимони вилоятхо, сарзакотчи, козикалон ва амсоли онхо накши багоят калонро сохиб буданд. Дар хонигарии чун аморати Бухоро мансабхои хочакалон, мири асад, накиб, саркор, девонбеги, амлокдор, кадхудо, арбоб (дар дехахо) амал мекарданд.

Аз ахли уламо козикалони Бухоро дар чои аввал карор мегирифт. У аз тарафи амир таъин мегардид. Ба козикалон хамаи козиёни аморати Бухоро итоат мекарданд. Шахсони ба хукми кози норозибуда мебоист ба козикалони Бухоро шикоят равон кунанд. Вале ин навъ мавридхо нихоят кам мешуд. Хукми козикалонро танхо амири Бухоро хукуки бекор кардан дошт.

Козикалон ва козихо дар махкама, бинохои махсус, ки козихона ном дошт, нишаста эхтиёчмандон ва гунахкоронро кабул мекарданд. Козихо мирзоён, пешхизматон ва дигар мардуми хизматиро дар хузури худ доштанд.

Вакфнома, ваколатнома, таксими мерос ва дигар асноди расми дар хузури кози тартиб ёфта, бо мухри у тасдик мешуданд.

Козиёни вилоятхои Каротегин ва Дарвоз аз тарафи хокимони он чо таъин мешуданд. Хаккултарака (моли бесохибмондаи мероси) ва никохона аз руи одати мардуми ин чойхо, ба хоким мерасид. Дар чойхои дигар ин намуди даромадхо ба манфиати кози ва козихона мегузашт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …