Главная / Гуногун / Шолӣ – ироати мазрӯии қадима

Шолӣ – ироати мазрӯии қадима

Шолӣ зироати хеле қадима буда, мансуби оилаи хӯшадорҳо аст. Вай ба намӣ ва гармӣ эҳтиёҷи ниҳоят калон дорад. Ҳамагӣ 19 намуди шолӣ маълум аст, ки қисми зиёдашон растаниҳои худрӯй мебошанд. Аксари онҳо дар минтақаҳои тропикӣ паҳн шудаанд.

sholi

Шолии мазрӯӣ растании яксола аст. Пояи (хаспояи) борики рост дорад. Аз 50 то 120 см қад мекашад. Барги шолӣ нештаршакл буда, гулҳои дуҷинсааш дар хӯшагули ҷорӯбак ҷойгиранд.

Шолӣ растании худгардолудшаванда аст. Донаш аз берун бо ҷилди дурушт пӯшида шудааст ва 2-5 фоизи онро ҷанин ва 17- 22 фоизи вазнашро ҷилд ё парда ташкил медиҳад. Дар таркиби донаш (аз рӯи вазни хушкаш) 75 фоиз оҳар, 7 фоиз сафеда ва тақрибан 0,5 фоиз равған дорад.

Шолӣ растании гармипарвар буда, тухмаш дар ҳарорати +11°С неш зада, дар ҳарорати +20 то 35°С гармӣ нағз нашъунамо мекунад. Инчунин, шолӣ ба об талаботи хеле калон дорад, хусусан, дар давраи хӯшабандиаш. Бинобар он, онро ҳамеша дар палҳои обдор мекоранд. Чи тавре ки мутахассисони соҳаи кишоварзӣ қайд мекунанд, барои нашъунамои хуби шолӣ намнокии ҳаво бояд 70— 80 фоиз бошад. Хусусан, шолӣ дар гилхокхои соҳил (ба канорҳои дарё наздик), ки намиро хуб нигоҳ медоранд ва аз моддаҳои органикӣ бой ҳастанд, нағз нашъунамо мекунад. Шибарзамин, регхок ва шӯрахок барои кишти шолӣ мувофиқ нестанд.

Солҳои охир навъҳои хушкитобовари шолӣ ба вуҷуд оварда шудаанд, ки дар талу теппаҳои камоб ба таври лалмӣ кошта меша- ванд.

Шолӣ зироатӣ дорои аҳамияти калони ғизоӣ мебошад. Дар Ҳиндустон шолиро зироати “бақобахшандаи насли инсоният” меноманд. Зеро дар бисёр мамлакатҳои қитъаи Осиё шолӣ яке аз зироатҳои асосии ғизоӣ ба ҳисоб меравад. Тақрибан як миллиард нафар аҳолии рӯи Замии биринҷро ҳамчун масолеҳи асосии хурокӣ истифода мебаранд.

Майдонҳои асосии кишти шолӣ бештар дар Ҳиндустон, Бирма, Хитой, Япония, Кориё ва дигар мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ ҷойгиранд.

Шолӣ яке аз зироатҳои қадимтарини сарзамини тоҷикон низ ба ҳисоб рафта, онро ҳанӯз 2 — 3 ҳазор сол пеш аз милод дар қатори дигар зироатҳои фоиданок парвариш мекарданд.

Аз шолӣ биринҷ мегиранд ва аз он таомҳои гуногуни лазиз мепазанд. Хусусан, дар байни мардуми Осиёи Миёна биринҷи зудҳазмшавандаи девзира хеле маъмул аст.

Дар миқёси ҷаҳон навъҳои зиёд ва гуногуни шолӣ ба вуҷуд оварда шудаанд, ки вобаста ба шароитҳои гуногуни маҳал киштукор карда мешаванд. Дар Тоҷикистон бештар навъҳои УзРос-7-13, УзРОС-59, ВРОС-3716, Ӯзбекӣ-5, Крос-358, навъҳои маҳаллии ар- пашолӣ ва кирмизиро парвариш мекунанд.

Масоҳати шолизори ҷумҳурӣ сол аз сол меафзояд. Ҳосилнокии ҳар гектар шолизор ба ҳисоби миёна 32—34 сентнерро ташкил медиҳад. Вале дар баъзе хоҷагиҳои пешқадам то 60 — 70 сентнерӣ ҳосил мерӯёнанд.

Ноҳияҳои асосии шоликории ҷумҳуриамон ноҳияҳои Панҷакент, Нов, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Фархор, Колхозобод ва аксари ноҳияҳои водии зархези Ҳисор ба ҳисоб мераванд. Дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳуриамон шолӣ кишт карда намешавад.

Вобаста ба шароити иқлимии ҳар як ноҳия, шолиро аз аввалҳои моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи май кишт мекунанд. Меъёри тухми шолиро вобаста ба навъи шолӣ мутахассисон 160—170 кг (ба- рои шолии майдадон) ва 180-200 кг (барои шолии калондон) ба ҳар гектар замин муқаррар кардаанд.

Замини барои кишти шолӣ интихобкардашударо тирамоҳ шуд- гор мекунанд, дар фасли баҳор бошад, пеш аз кишт онро ба чуқу- рии 18-20 см нарм карда, мола мекашанд. Баъди заминро нарм кардану ҳамвор намудан, пал мебардоранд. То пайдо шудани майсаҳо палро ба чуқурии 8—10 см ва минбаъд ба чуқурии 12—15 см бо об пур мекунанд. Ва ин сатҳи обро то пухта расидани шолй нигоҳ медоранд. Дар давраи нашъунамои шолӣ ба ҳар як гектар шолизор 100-150 кг нуриҳои фосфордор, 120-150 кг нуриҳои нит- рогендор ва 60—100 кг нуриҳои калийдор меандозанд.

Биринҷро на танҳо барои ғизо, инчунин дар саноат ба таври васеъ истифода мебаранд. Масалан, аз биринҷи майдаи он оҳар истеҳсол мекунанд. Ҷӯшоби оҳарро дар тиб барои табобати касалиҳои меъдаю рӯда, худи оҳарро бошад, барои тайёр кардани упо (пудра) истифода мебаранд. Аз пахоли шолӣ бошад, навъҳои беҳ- тарини коғаз, сабад, банд, каллапӯши хасин ва ғайра тайёр меку- нанд.

  1. Сохти гули шолӣ чӣ гуна аст?
  2. Дар таркиби тухми шолӣ кадом моддаҳо мавҷуданд?
  3. Навъҳои бештар маъмули шолиро номбар кунед.
  4. Шолиро бештар дар кадом мамлакатҳои ҷаҳон парвариш мекунанд?
  5. Шолӣ дар ҳаёти инсон чӣ аҳамият дорад?
  6. Барои коштани шолӣ кадом чорабиниҳоро гузарондан лозим аст?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …