Главная / Ҷамъият / Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос

Оҳ, ин хат хати як ҷононест,
Ёфтам ногаҳаш аз байни китоб.
Хондаму боз бихондам онро,
Охираш буд «фиристед ҷавоб!»
Буд вақте, ки нависандаи хат
Дӯст медошт маро аз дилу ҷон.
Рафт он давр, валекин мактуб
Ёд овард маро з-он даврон.
Хоб аз чашм париду дили ман
Боз дар ёди ҳамон ёр тапид.
Ҷустуҷӯ кард варо дар олам
Мисли онрӯза варо лек надид.
Боз аз пеши назар мегузарад
Тарҳи рӯяш, нигаҳаш, лаъли лабаш.
Боз бо чашми хаёлам дидам
Дар ҳамин лаҳза, дар ин нисфи шабаш.
Лек ман боз ба фармони хаёл
Лаби рӯд омадаму биншастам.
Шодам аз бӯсаю оғӯшу канор
Аз нигаҳҳои хумораш мастам.
Оҳ, мактуб, чаро дар дили шаб
Дари андӯҳ ба ман бикшодӣ.
Додӣ озору алам, доду фиғон,
Ҳасрату сӯзи гаронам додӣ.
Ҳамчунон сурати тифлӣ ту маро
Шоҳиди зиндагии бесудӣ.
Шоҳиди ишқи пушаймонгашта,
Шоҳиди як нафаси масъудӣ.
Боз исто ту ба мобайни китоб
Шеъри ногуфта ба хонандаи ман!
То тасалло бидиҳӣ дар пирӣ,
Ёд орӣ ба ман аз ишқи куҳан.
Назди он ёр гунаҳкорам ман,
Рафт ӯ, ман нашудам з-ӯ ҷӯё.
Хайр, эй ёр, маро ёд макун,
Бахш, эй ишқ, гунаҳҳои маро!
—– **** —-

беҳтарин сурати ошикона
беҳтарин сурати ошикона

ШЕЪРИ ОШИҚӢ ҒАРИБӢ

Ҳамин ишқ аст, ки месузад сару пои вуҷуди ман
Сару пои вуҷуди ман, тамоми тору пуди ман,
На дилам дар канор ояд, На сабру ихтиёр ояд,
Намеои азизи ман, ки бо ту навбаҳор ояд.

Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст,
Чи созам бо дили тангам, сукути шеру оҳангам.
Ту рафти бо ҳама олам, Мани шурида меҷангам,
Мани шурида меҷангам,

Ҳама шабҳо бо танҳоӣ,
Ҳама рӯзам ба раҳпоӣ,
Нафсҳо бо ӯҳда мепечам,
Ки шояд бе садо ойӣ, Ки шояд бе садо ойӣ
Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст,
Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ғарибӣ аст,

Надорӣ боварам афсус, нагардӣ ёварам афсус,
Суроғам мекуни рӯзе, Ки дигар, дигарам афсус,
Ки дигар, дигарам афсус,

Бубухш, девонаи ишқам, ба косанои ишқам
Ба даври шаби ҳиҷронам,
Масуз парвонаи ишқам.
Масуз парвонаи ишқам.

Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст,
Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст,
— **** —-

ШЕЪРИ ОШИҚӢ БАРОИ ҶАВОНОН

Дили ман нест чу обе, ки ба ҳар ҷӯй давад,
Дили ман нест насиме, ки ба ҳар сӯй давад.
На чу овора ба ҳар ҷо ба такопӯй давад,
Лек, чун ҳусни туро дид, бирафт аз паи ту.
Дили ман на чу ниҳолест, ки пайванд кунанд,
Кӯчаташ карда, ба ҳар ҷову самарманд кунанд,
Ё ки беҳуда паи сӯхтан аз ҷой кананд.
Дили ман меҳрпараст аст, садоқат дорад.
Дил, ки ҷӯшид зи ишқу талаби васл намуд,
Зи ман осудагиву хоби ҷавонӣ бирабуд.
Боз субҳ омаду чашмони хуморӣ бикушуд,
Дар сари субҳи сафобахш туро дид дилам…
Баъд бо номи ту чун рӯзи муҳаббат сар шуд,
Раҳи сарбаста зи ту шоҳраҳи дигар шуд,
Ишқ бо ёди рухат ҳамқадами кишвар шуд,
Дилам аз марҳаматат шаҳпари шаҳбоз гирифт.
Гар ки ман ҷумла санамхонаи олам кобам,
Натавонам ки дигар мисли ту дилбар ёбам.
Ханда кун, ёр, ки аз васли ту ман шодобам.
Хандае нест ба монанди шакархандаи ту.

ШЕЪР ДАР БОРАИ ДОНИШҶӮИ ОШИҚ (Студент)

Доништалабам, на каси нодор, на доро,
Танҳо паи мақсуд ба уммед равонам.
Аз он чи муяссар шуда аз давлати дунё,
Дар даст маро ҳаст фақат як чамадонам.
Таҳсил ба донишкада хуб аст, гуворост,
Ёрон ба дили якдигарӣ ғам нагузоранд.
Ин ҷо на касе ҳорису не дар ғами дунёст,
Ишқ аст, ҷавонист, азизаш бишуморанд.
Аммо мани то ҳол ғами ишқ надида
Дилбохтаву волаву шайдои ту гаштам.
Дар роҳи ту аз ҳамсабақон дурӣ кашида,
Парвонасифат аз қаду болои ту гаштам.
Ҳайҳот, назар кардӣ ба хоки қади роҳат,
Аммо ба мани дилшуда нанмудӣ нигоҳе.
Гуфтӣ, ки туро нест на ганҷеву на сарват,
Бо оби худодод магар зиндагӣ хоҳӣ?
Гуфтӣ, ки аҷиб аст, туро хонаву дар нест,
Оё бувадат боми само боми иморат?
Гуфтӣ, ки пули якмаҳаат қимати тоқист,
Бо чукрӣ магар умр барӣ, умри бароҳат?
Воқиф нашуда аз дилам, эй ёр, ки дар он
Ишқ аст, умед аст, талош аст, субот аст,
Пиндоштиям бекасу бе ганҷи фаровон,
Пиндоштиям оҷизу помоли ҳаёт аст.
Гар дар назарат, ёр, манам донаи гӯгирд,
Шояд, ки шавам машъала баҳри каси раҳгум.
Дар қадр манам пораи ангишт, умедам:
Оташ шаваму гарм кунам хонаи мардум.
Сад сол агар сӯзаму созам, ғазаби умр
Аз арчаи меҳрам набарад барги хазонро.
Меҳр аст маро бозуи зӯру сабаби умр
Гар даргузарам ҳам, бубарам бо худам онро.
Соҳиб набурад нахли ҷавонро чу бараш нест,
Уммед аз он, ки бидиҳад соли дигар бор.
Аз чист, аё ёр, бигуфтӣ, ки зараш нест,
Чун нест ба ҷуз ишқ дигар давлати подор?!
—****—-

ОШИҚАМ – беҳтарин шеър

Дар байни нозанинон моҳи замон туӣ, ту,
Дар олами муҳаббат меҳри ҷаҳон туӣ, ту.
Равшан намояд ин дар дилро фурӯғи ҳуснат,
Ҳам нури чашми хар як пиру ҷавон туӣ, ту.
Бо қомати базебаст чил кокул анбарафшон,
Дар гулшани малоҳат сарви равон туӣ, ту.
Бахшид бар шафақ ранг рухсори лолагунат,
Бо лафзи шаккаринат рӯҳи равон туӣ, ту.
Рӯзе ба ишқи покат машҳур гардад Ӯлмас,
Зеро ки дар дили ӯ бахшанда ҷон туӣ, ту.
—****—-

ТУРКИ ОШИҚ

Дил ошиқи чашми масту турконаи туст,
Ту шамъиву олам ҳама парвонаи туст.
Чону дили мо ошиқу девонаи туст,
Ту хонаи дил шудиву дил хонаи туст.
—- *** —

ҶАВОНӢ БИГАЗАРАД –ОШИҚӢ ШЕЪР

Навбаҳори навҷавонӣ бигзарад,
Гулафшони зиндагонӣ бигзарад.
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ бош,
Неку бад ҳам ногаҳонӣ бигзарад.
Меҳрварзии ҷавонӣ хуш бувад,
Чун хаёлт осмонӣ хуш бувад.
Ишқро дар ҳастии худ зинда дор,
Талху ширин комронӣ бигзарад.
Дар ҷавонӣ гул бичину гул бибӯй,
Ба ҳама дилҷӯии худ дил биҷӯй!
Нобӯ дар банди гесу зан, ки зуд,
Ноҳову дилситонӣ бигзарад.
Дар умеди худ бисазон боғи дил,
То намонад аз ҷавони доғи дил.
Орзӯи ишқи аввал чун насим
Аз раҳи дил ормонӣ бигзарад.

—- ****—–

Шеъри ошиқона барои зану шавҳар
Ишқи ман ин турна не , к-ояд фақат рӯзи баҳор,
Нест ё чун кӯчаи сарбас дар шаҳри қадим.
Вай наметарсад зи фасли гаму сарди рӯзгор,
Вай бувад пуррафтуо, пуркор чун роҳи азим
Дар замине сабз шуд ин ишқ , к-андар рӯи он
Медавидам дар ҷавонӣ сарбараҳна пойлуч.
Рӯзҳоро мефикандам пушти сар осон чунон,
Ҳар яки он буд гӯё халтаи бодоми пуч,
Ишқ омад. Гуфт шабҳои ту аз сӯзу гудоз
Аз ҳисоби рӯз мегардад дарозу тиратар.
Рӯсҳоро ман вале кардам ба худ аз шаб дароз
Ёфтам аз чеҳраи шоми сияҳрӯи саҳар.
———–****—-

БИЁ ОШИҚ ЁРАМ (Шеър)

Биё, ёрам,
Биёву гул бибӯй аз навбаҳорон.
Биё, ёрам,
Биё, мастат кунад атри баҳорам.
Биё, ёрам,
Биёву бин гули ишқу умедам,
Биёву чин гули сурху сафедам.
Биё, ёрам,
Ки чун боди гулафшон бигзарад зуд
Баҳори гулнисорам.
Биё, ёрам,
Ки дар дил аз ҷудоӣ ғусса дора,
Бароят дар лабонам бӯсса дорам.
Биё, ёрам,
Ки месӯзад ба ёди тобнокат.
Бидӯзам сӯзан бо ризтаи нур
Ба номи ишқи покат.
Биё, Ёрам,
Ки чун шабнам ба рӯи баргаки гул
Дурахшон ашк дар рухсори ман.
Биё, ёрам,
Шунав овози қалби пораи ман.
Биё, ёрам,
Куҷоӣ ошиқи овораи ман?!

—–*****—-

Туром ан дуст медорам,
Туро хоҳам, туро ҷуям,
Ки то шоми маҳтобӣ
Бароят рози дил гуям
Туро дар хоб мебинам
Шаби торики танҳоӣ,
Ки суям як нафас аз дур
Пур аз ишқу ҳавас оӣ.
Ту дар хобу хаёли ман
Саропо ғарқаи нурӣ,
Валекин аз висоли ман
Чаро дурӣ, чаро дурӣ?
Қуҷоӣ? Бе ту парвардам
Ба дил ишқи фирбоят.
Биё охир ба чашми дил
Бубин Зебои зебоят
—–*****—–

ШЕЪРИ ОШИҚӢ

Чашми ман нуру сафо мехоҳад,
Қалби ман сидқу вафо мехоҳад.
Ҷони ман ишқи туву меҳри ман
Меҳрубонии туро мехоҳад.
Гар ту Фарҳодиву ман Ширинат,
Пас куҷоиву киро меҷӯӣ?
Кӯҳи сангини муҳаббат бишикан,
Сӯи лабташнаи худ кан ҷӯе.
Гар ту Маҷнуниву ман Лайлоят,
Гаштаӣ раҳ ба раҳ овора чаро?
Пешвози ту кушоям оғӯш,
Коб роҳи диламу ёб маро.
Орзуи манӣ, эй ёри ман,
Аз ту дорам Хаваси бахти нек.
Кош, оӣ ба суроғам рӯзе,
То шавам ҳамнафаси бахти нек.-
—– ****** ——-

МУҲАББАТИ АВВАЛ

Самои нилкору шӯълаи субҳонаи хуршед,
Дамиданҳои хоки хобноки навбаҳоронро
Дилам дар хеш пинҳон дошт,
Меболид, меҷӯшид,
Шабам хуршеди тобон дошт.
Зи пушти тӯри барфи симгун метофт симояш,
Зимистонҳо, ки дунё буд кофуриву оҳарпӯш,
Нигаҳҳои шарарбунёд,
Ёди чашми шаҳлояш,
Диламро гармие медод.
Ҷаҳон гӯё ки оташхонае буду зи ҳар ҷониб
Шарар мерехт бар қалби ҷавони навгирифторам.
Хаёламро шамоли раҳгузар мебурд чун соҳиб
Ба сӯи манзили дилбар.
Дар он айём баҳри ман фақат як роҳ маъман буд,
Раҳе, ки рафта то бар остони ёр мечаспид.
Дар ин раҳ гарчи раҳзан буд,
Адоват буд, душман буд.
Ба ҷонам пиразоли шаб ҳазор ошӯб меангехт,
Само мебурд гоҳе, гаҳ ба хоки тираам мезад,
Ҷаҳонро сад тагорӯ менамуд,
Аз нав накӯ месохт,
Маро мебурд бас аз худ.
Маро мебурд ҳар дам сӯи мулки дуру нопайдо
Ки инак, дар паси он теппаҳо дарвозаи тиллост.
Биё бикшоямат, он ҷо,
Арӯси шӯху чилкокул
Туро пазмон, туро ҷӯёст.
Маро мебурд он сӯе, ки бар ақли ҷавони ман
Муаммо буд, қаъре буд нопайдову нофаҳмо.
Гаҳе иқбол, гаҳ идбор,
Гаҳе дунёи рӯъёӣ
Нишон медод аз он ёр…
Ба монанди суманбоде, ба мисли абри боронӣ
Задам то чашм бар ҳам, рафт он айёми нотакрор,
Фақат ёде, фақат ёде,
Ҳадиси аҳду паймоне
Ба ман бигзошт, на шодӣ.
Равед, эй хотироту ёдҳо, кобус бардоред,
Диламро пора нанмоед, бигзоред, дил бандам,
Ки тифли орзуям ман!
Маро дигар наёзоред,
Атои ҷустуҷӯям ман!

— ***—-

ШЕЪРҲОИ ОШИҚӢ АЗ ЛОИҚ

Маро ҷустӣ, ки ёбӣ боз он дилдодаи дерин?
Чаро беҳуда мекобӣ?
Маро дигар намеёбӣ.
Ман андар хобҳои мастӣ будам бехуду беёд,
Ман андар олами гумномӣ будам шоду
сарафроз,
Миёни чордевори сукути хилвати шабҳо
Ба қавси дарди худ будам ба ёди субҳи навоғоз.
Дарамро кӯфтӣ бо панҷаи нарму ҳинобаста,
Тамоми пайкарам ларзид,
Дилам аз синаам лағжид…
Замоне буд, пешат менишастам, ту намедидӣ.
Замоне буд, пешат омада, таъзим мекардам.
Сари сабзам, дили гармам, ду чашми
меҳрубонамро
Чу ганҷи зиндагониям ба ту тақдим мекардам.
Ҷавонӣ ҳамчу нақши бӯсаи лабҳои ту гум шуд,
Вале з-он бӯсаҳо дар ёд муҳри ҷовидонӣ монд.
Ҳама бахти заминӣ рафт бо нақши қадамҳоят,
Ба ман танҳо хаёли хому бахти осмонӣ монд.
Фурӯ резед, ахтарҳои хомӯши дурахшанда,
Даруни каффаи дастам!
Ки ман дасти тиҳӣ ҳастам!
Ман акнун мавҷҳои сӯзноки эҳтиросамро
Зи тангии дили тифлонаам озод хоҳам кард.
В-аз он баҳри дили якроҳу якпаймони ҳамдардон
Ҷаҳони тозае, мулки наве обод хоҳам кард.
Магӯ, к-ин мавҷҳои сӯзнок аз сӯзи ишқи туст,
Ки бе ин ҳам ғамомӯзам,
Ба қадри хеш месӯзам.
Ман акнун дар фарози қуллаҳо
фарёд хоҳам кард.
Зи гулҳои шукуфони баҳорон ранг хоҳам ёфт.
Ман акнун аз нигоҳи раҳгузарҳо
шарм хоҳам кард.
Зи роҳи рафтуои ту ҳазор оҳанг хоҳам ёфт.
Туро аммо нахоҳам дид, ҳар боре кушоям чашм,
Туро аммо нахоҳам кофт,
Туро аммо нахоҳам ёфт…
Ба он хоке, ки дар он рӯяд аз дасти ту гулбоғе,
Ба он роҳе, ки дар он нақш монад аз хироми ту,
Ба он дар, ки ба рӯят боз гардад чун дили ошиқ,
Ба он сар, ки шавад қурбон ба роҳи ту,
ба номи ту,
Ба он дасте, ки даври гардани ту ҳалқа хоҳад шуд,
Саломе гӯй аз ошиқ,
Саломе гӯй аз Лоиқ.
—– **** —–

ҲАСАД

Мебарам доим ҳасад бар он ҷавоне, ки туро
Бастаи ишқаш намуда, дилнавозӣ мекунад.
Мебарам доим ҳасад бар он ҷавоне, ки ба меҳр
Назди ту биншаста, бо зулфи ту бозӣ мекунад.
Мебарам доим ҳасад, аммо на аз он ки ба ту
Рӯзгори талх мехоҳам чу оҷиз душмане.
Ҳар куҷо бошӣ, саломат бош бо дилдодаат,
Хоҳамат бахти шукуфон чун баҳоре, гулшане.
Ман ҷавони сода будам, рост мепиндоштам
Ҳар суханро ҳамчу покии дилу одамгарӣ.
Ман назарногир будам, дӯстат медоштам,
То бузургӣ ёбаму ишқат диҳад болу паре.
Ишқи ман чун ашки тифлон пок буду соф буд,
Фахри айёми ҷавониям ту будӣ, нозанин.
Будӣ пайванди ману дунёи пур аз орзу,
Иду тӯям, шодмониям ту будӣ, нозанин.
Мебарам доим ҳасад бар он ҷавоне, ки туро
Бастаи ишқаш намуда, дилнавозӣ мекунад…
Мебарам доим ҳасад бар он ҷавоне, ки ба меҳр
Назди ту биншаста, бо зулфи ту бозӣ мекунад…

ИШҚИ НОКОМИ МАН (Шеъри дилсузона)

Орзуям буд, дилро дар ҳаёт
Пеш аз он ки ба хокаш биспурам,
Аз раҳи расму русуму эътиқод
Дар вафои ишқи покаш биспурам.
Не, нашуд, ҳарчанд зорӣ кардамат,
Ҳар қадар ки илтиҷо кардам туро,
Ҳар қадар ки ғамгусорӣ кардамат,
Ҳар қадар ки кардам изҳори вафо –
Нашнавидӣ ҳарфи меҳролуди ман
Нолаи ман, нолаи дилдодаро.
Ҳайф донистӣ бароям як сухан,
Як сухан, як ҳарфи айни муддао.
Хайр, навмедам агарчи, лек боз
Як-ду рӯзе зиндагонӣ мекунам.
Шояд оям рӯ ба рӯ дар роҳи рост
Ё ба рӯзи ид бо ту, эй санам.
Рафту гар саргаштагии рӯзгор
Рӯ ба рӯ н-орад маро, бо ту дигар,
Гаҳ-гаҳе дар вақти айшат ёд ор
Аз мани дилдодаи хуни ҷигар.
Серташвишии рӯзи тӯйҳо
Гар насибат гардаду бошӣ ту шод,
Дар миёни шодиву ташвишҳо
Ёд кун боре, азизам, ёд, ёд.
Ёд кун аз он, ки бо чашмони тар
Аз паи ту, аз паи ту медавид.
Дар сари роҳат ситода ҳар саҳар
Баҳри дидан интизорӣ мекашид.
Ёд кун аз он, ки андар ёди ту
Дар муҳаббат, дар вафоят метапид.
Меписандидӣ агар, албатта, ӯ
Бо вафодорӣ ба қадрат мерасид…

—–*****——

Дасти худ пайванд бо дастат кунад,
Бо нигоҳи оташин мастат кунад.
Сар ба рӯи синааш монӣ даме
Бо ҷаҳони бахт пайвастат кунад.
Як нафас олам дар оғӯшат шавад
Заҳри қотил он нафас нӯшат шавад.
Ҳалқа созад дасти худ бар гарданат,
Одаму олам фаромӯшат шавад.
Дилработар нози ӯ аз рӯи ӯ
Сӯзи ӯ хуштар зи рангу бӯи ӯ.
Офтоб ӯ, ту – гули афтобдӯст –
Рӯи худ гардонӣ доим сӯи ӯ.
Ошиқӣ гар ёбӣ дунёи наве,
Аз вуҷуди хештан розӣ шавӣ.
Бо муҳаббат бинӣ кам ҷои фузун,
Аз сарои даҳр беармон равӣ.
Чун замин пасту баланд аст ишқ ҳам,
Ошиқӣ роҳест пур аз печухам.
Медиҳад он чӣ нагунҷад дар хаёл,
Мебарад аз ту ба ғайри оҳу ғам.
Гар ту ёрӣ – ёр ёрӣ мекунад,
Ҷонфишонӣ, ғамгусорӣ мекунад.
Дар бадал бо ту нагирад оламе,
Бо ту сарфи рӯзгоре мекунад.
Бо ҳамон шарте, ки бар қадраш расӣ,
Покбозу покҷӯ бошӣ басе.
Ишқро гаҳвораю тобути худ
Хонию миннат наорӣ бар касе…
Лоиқ Шералӣ -1964 сол
—- ***** —-

ШЕЪР – ИШҚИ РАФТА

Рафтӣ, рафтӣ, дилбари оташнигаҳ,
Рафтию бурдӣ ту ороми маро.
Рафтию бераҳбарам дар ними раҳ,
Рафтию бурдӣ саранҷоми маро.
Рафтию мумкин намебинам дигар,
Лек мехоҳам ба ту бахти сафед.
Хоҳамат, ки бар муроди дил расӣ,
Гарчи ман бо ту надидам тӯю ид.
Обу хоке, ки маро сабзонда буд
Бо навозишҳо дар айёми баҳор,
Вақташ омад, ки хазонам мекунад,
Мешавам танҳо, ба кунҷе хору зор.
Хайр, эй ҷонони дилбардошта,
Зиндагӣ бо ту насиби ман нашуд.
Лек мехоҳам ба некӣ гоҳ-гоҳ
Ёд кун аз он, ки дар ёди ту буд.
Ёд кун аз он ҷавони дилсафед,
Ки ҷавониро ба ишқат сарф кард.
Ҳазлу шӯхӣ карда бо ту, шод буд,
Бо ту аз ӯ дур буд андӯҳу дард.
Ёд кун аз он ки бо шеъру суруд
Бар ту изҳори муҳаббат карда буд.
Ишқро бо эҳтироми шоирӣ
Мисли байти тозае парварда буд.
Ёд кун аз он ки бо ҷӯшу хурӯш
Шеъри Ҳофизро ба гӯшат хонда буд.
Назди ту дар ҳолати дил гум задан
Ашки хурсандӣ басо афшонда буд.
Шеъри Ҳофиз шодият медод, лек
Шеъри ӯро хонда мегаштӣ ҳазин.
Рашк мебурдию мепурсидӣ ту:
Росташро гӯ, ба васфи кист ин?
Ёд кун аз он ҷавони покдил,
Ки ба сақфи синаат сар монда буд.
Бо суханҳои латифу ширадор
Дар гаҳи ғамгиният хандонда буд.
Оҳ, он даврони ширин даргузашт,
Ёд бод он лаҳзаҳои шодиям,
Ёд бод он гаҳ, ки бо ту гӯиё
Буд хуршеди ҷаҳон дар кисаям.
Оҳ, рафтӣ, бурдӣ айшу нӯшро…
Ман кунун дар зиндагиям ноумед.
Хайр, боре аз сари меҳру вафо
Ёд кун аз он ҷавони дилсафед.
—- **** —

ШЕЪРИ МУҲАББАТ

Муҳаббат чист? – мепурсидӣ аз ман,
Шаби бемоҳ буду беситора.
Садоят буд ларзону шикаста,
Нигоҳат – шӯълаи алмоспора.
Ту мегуфтӣ муҳаббат макру фанд аст,
Дурӯғи бофурӯғу ҳарфи пурроз,
Ту мегуфтӣ, ки мардон бевафоянд,
Ҷавонон ҳуснбозанду назарбоз…
Ман аз ту дур рафтам, шояд акнун
Бигӯӣ худ ба худ: ин ҳам чунон аст.
Кабӯтар доштам ман, пар баровард,
Даме бо ман, даме бо дигарон аст.
Ба дастат шохаи гул, сайр созӣ
Шаби маҳтоб он гулроҳаҳоро.
Қадат дар роҳ гулмаҳтоб гардад,
Вале бе сояи ман нақши танҳо.
Ту донӣ модарони мо сияҳпӯш,
Худоӣ дода бар сарбози мурда,
Варо боз интизорӣ мекашиданд,
Ба тақдиру қазо тан носупурда.
Ту донӣ, ки адӯ чун тир мекошт
Ба хоки зарфишони кишвари мо,
Зи чашма об дода, кишт мекард
Ба саҳроҳои бекас модари мо.
Наёмад мурдае аз сангари марг,
Зи хандақҳо, зи саҳни корзорон.
Валекин то ҳанӯз дунё ба уммед
Ба сӯи роҳ чашми интизорон…
Муҳаббат нест ҳаргиз мисли дарё,
К-аз он ҳар кас тавонад об гирад.
Яке бо каф зи соҳил об нӯшад,
Яке дар байни дарё ташна мирад.
Муҳаббат чист? – мепурсидӣ аз ман,
Шаби бемоҳ буду беситора.
Ва ё акнун баромад ахтари бахт,
Ва ё акнун шабат маҳтоб дора(д)?
—*****—-

ШАБИ ОШИҚӢ

Бо ту будам як шабе танҳо ба танҳо то саҳар,
Бо ту будам як шабе дар боғи гулҳо то саҳар.
Як шабе зуд аз «Ҳазору як шаб» он ҷо рӯз шуд,
Ин дили девона бо васли ту бадомӯз шуд.
Мову ту ҳамқисмату ҳамдарди дерин будаем,
Гарчи дур аз ҳамдигар чун Моҳу Парвин будаем.
Як шабе моро ғанимат буд аз тақдири мо,
Шикваҳо аз содагиҳо буду аз тақсири мо.
Шиква аз носозию ноомади тақдир буд,
Гарчи ин сон шиква аз тақдир моро дер буд.
Лек андар зиндагӣ носозгориҳо бувад,
Дар талоши ҳар бароре нобарориҳо бувад.
Ошиқони номуносиб ҷуфт мегарданду мо
Дилмувофиқ будаем, аммо зи ҳамдигар ҷудо…
Бояд акнун зиндагӣ чанде ба коми мо шавад,
Лаҳзае аз умри ҷовидон ба номи мо шавад.
Зиндагиро чун ғуломи ҳалқабаргӯше кунем,
Бахти худ бирбуда аз ӯву ҳамоғӯшӣ кунем.
Гарчи дер аст, эй санам, бояст дил бандем мо,
То ба кору бори дунё талхтар хандем мо…
—- **** —–

ИШҚИ АВВВАЛ (Шеъри ошиқӣ)

Ишқи аввал – ғӯраи сармозада,
Норасида мефитад аз шохсор.
Реша гар дар об дорад нахли умр,
Боз орад бор дар дигар баҳор,
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Ман сафар кардам ба мулки шоирӣ,
Кӯлворам ғайри ту чизе надошт.
Аз тамоми ганҷҳои кӯҳсор
Ғайри ту санги шарархезе надошт.
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Мекунӣ дар синаам гаҳ кӯрдуд,
Гоҳ оташ мезанӣ бар пайкарам.
Бохта худро ба бозиҳои ишқ,
Мекунӣ бозӣ ту гоҳе бо сарам,
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Аз биёбони пушаймонӣ гаҳе
Сӯи ёри рафта ово мекунӣ,
Гоҳ бо ҳар чӣ насибат шуд зи умр,
Шукр мегӯӣ, муросо мекунӣ.
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Зиндагӣ маҷмӯъаи бешу камист,
Ҳар шабе дар осмон маҳтоб нест.
Ҳусн бошад, дӯст медорад касе,
Сар амон бошад, кулаҳ ноёб нест,
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Тунд шав дар ин сипеҳри тундрав,
Шоирию ошиқӣ – девонагист.
Ҳар кӣ бикшояд дари бикшодаро
Кори ӯ парвози мурғи хонагист.
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Боз мо нӯшем бояд ҷомҳо,
Боз афрӯзем бояд шомҳо.
Бар ҳазорон кӯдаки навзодае
Боз бигзорем бояд номҳо.
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Шӯрида бош!

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …