Главная / Маданият ва санъат / ШАКЛҲОИ ДИНҲОИ ИБТИДОӢ – АВВАЛИН ДАР ДУНЁ

ШАКЛҲОИ ДИНҲОИ ИБТИДОӢ – АВВАЛИН ДАР ДУНЁ

Фетишизм калимаи португалӣ буда, ба маънии тоату ибодат кардан ба мавҷудоти ғайризинда омадааст. Дар мавҷудоти ғайризинда мувофиқи ақидаи фетишизм ягон хусусияти фавқулода маҳфуз аст. Аввалин бор калимаи фетиш дар асри XVIII аз тарафи баҳрнаварди португалӣ ҳангоми тасвири ашёи мавриди парастиши аҳолии Гвинея истифода шудааст.

Фетишизм на танхо шакли махсуси дини ибтидоӣ аст, балки унсурҳои фетишистӣ /бутпарастӣ/ қариб дар ҳамаи динҳои дигар ҳам ҳастанд. Он бештар дар сохти қабилавӣ мавқеъ дошта, баробари парастиши аҷдоду авлоду қабила ҳамчун бути шахсӣ метавонад вуҷуд дошта бошад.

din-tarixash

Ду навъи бутро метавон фарқ кард, бути моддӣ ва маънавӣ. Бути моддӣ ҳар гуна модда: санг, асо, дарахт, узве аз бадани ҳайвонот ва ғайра, бутҳои маънавӣ низ ҳамин гуна ашё буда, фақат дар Тасаввури эътиқодмандон дар онҳо рўҳе ҷой гирифтааст ва рўҳи мазкури ашё нирўи мўъҷизанок аст.

Тадқиқи фетишизм дар қабилаҳои Африкаи ғарбӣ нишон медиҳад, ки шаклҳои

парастиши бутҳо низ фарқ мекунанд, аз ибодати фетишҳо то эҳтироми онҳо, баъзан бутҳо барои иҷро накардани вазифаашон ҷазо дода мешаванд ва ба дигар бут иваз мегарданд.

Унсурҳои бутпарастӣ махсусан дар динҳои на чандон инкишофёфта, ибтидоӣ ва бисёрхудоӣ бештар мушоҳида мегардад. Баъзе зуҳуроти бутпарастӣ дар байни пайравони динҳои яккахудоӣ ҳам дучор мешаванд.

Масалан, парастиши иконаҳо дар масеҳият, субурганҳо дар буддоия, санги мазорҳо аз тарафи баъзе пайравони ислом ва ғайра. Унсури фетишизм дар ҳаёти иҷтимоӣ ва муносибатҳои истеҳсолию тиҷоратӣ низ мушоҳида мешавад, масалан, муносибати хоси одамон ба металлҳои қиматбаҳо: нуқра, тилло, парастиши пул ва ғайра.

Давраи ваҳшоният. Одамони давраи ибтидоӣ дар бошишгоҳ, зану мардон. Нимбараҳна ба корҳои рўзгор машғуланд. Дар атроф кўдакон бозӣ мекунанд.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …