Главная / Ҷуғрофия / ШАКЛХОИ АСОСИИ РЕЛЕФИ САТҲИ ЗАМИН

ШАКЛХОИ АСОСИИ РЕЛЕФИ САТҲИ ЗАМИН

Шумо медонед, ки қишри Замин аз ду қисм иборат аст:

1.Барҷастагиҳои матсрикӣ (хушкй).

2. Хамии қаъриуқёнусӣ.

Сатҳи онҳо  аз пастию баландиҳои гуногуншакл ва гуногунмиқёс иборат аст. Ҳамаи онҳо  пастй ва баландиҳои сатҳи хушкӣ (материкҳо) ва ҳамии қаъри уқёнусҳоро ташкил медиҳанд. Аммо релефи хушкӣ ва қаъри уқёнусҳо ба гуногуншаклии худ нигоҳ накарда, бо якдигар шабоҳат ва умумият доранд. Ин ҷиҳатҳоро ба ҳисоб гирифта, дар хушкӣ ва қаъри укёнусҳо ду шакли асосии релефро фарқ менамоянд: кӯҳҳо ва ҳамвориҳо.

qishriПайдоиши онҳо  ба ҳаракатҳои қишри Замин вобаста аст. Дар натиҷаи ин ҳаракатҳо дар Замин ва каъри уқёнусҳо чинлоршавӣ, кафидан, кандашавии қабатҳо, ҳосилшавии вулқонҳо, зилзила ва оҳиста пасту баландшавии қабатҳои қишри Замин рух медиҳад. Он кувваҳоеро, ки барои ба вуҷуд омадани ин ходисаҳо сабаб шудаанд, қувваҳои дохилии (эндогении) Замин мегӯянд. Онҳо  ба ҷамъшавӣ, ҳарорат, табдилёбӣ ва ҳаракати моддаҳои дохили Замин вобастаанд. Таъсири ин қуввахо асосан дар пайдоиши кӯҳҳо ва вулқонҳо  зоҳир мегардад.

Дар натиҷаи фаъолияти ин ҳодисаҳо аввалин ноҳамворихои сатҳи Замин ба вуҷуд меояид. Дар қисмҳои алоҳидаи сатҳи Замин ноҳияҳои васеи кӯҳсор, хамиҳо пайдо мешаванд. Баробари пайдо шудани кӯҳҳо ва хамиҳо дар як вақт ба онҳо  кувваҳое таъсир мерасонанд, ки кӯҳҳоро вайрон, хамиҳоро бо ҷинсҳои кӯхии таҳшинй пур мекунанд. Ба он қувваҳо гармии офтоб, харакати бод.

Боришот, харакати пирях, обҳои равон, фаъолияти организмҳо (наботот ва ҳайвонот) дохил мешаванд. Ҳамаи онҳоро қувваҳои берунии (экзогении) Замин меноманд. Ин қувваҳои берунӣ бо қуввахои дохилии Замин дар як вақт пайваста амал мекунанд. Дар натиҷаи ин он ноҳамвориҳоеро, ки кувваҳои дохилии Замин ба вуҷуд овардаанд, қувваҳои берунии Замин ҳамвор мекунапд. Ин амалиёти мутақобилаи қувваҳои дохилӣ ва берунӣ сабаби гуногунии релефи ҳозираи сатҳи қишри Замин гардидааст. Онҳо  аз кӯҳҳои баланд, хамвориҳои васеъ, водии дарёҳо, сою, ҷариҳо, теппа, адиру хамиҳо ва суфакӯҳҳо иборат мебошанд.

Савол ва супорнш

  1. Қишри Замин аз кадом қисмҳо иборат аст?
  2. Релеф чист?
  3. Кадом шаклҳои релефро медонед?
  4. Қувваҳои дохилӣ ва берунии Заминро шарҳ диҳед.

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …