Главная / Гуногун / Сатурн-онлайн”-ро баъди хабс ба фуруш гузоштанд

Сатурн-онлайн”-ро баъди хабс ба фуруш гузоштанд

Кумитаи андози Точикистон баъзе молу мулк ва чанд бинои “Сатурн онлайн”, як ширкати фарохамкунандаи интернетро ба фуруш гузоштааст. Масъулони Кумитаи андоз гуфтанд, ки молу мулки ин ширкат аз соли гузашта бо карори додгох дар хабс буд ва феълан карор аст, тарики музояда фурухта шаванд. Кумитаи андоз ин ширкатро дар насупурдани андоз муттахам мекунад.

saturn

Исроил Наимов, як масъули Кумитаи андози назди хукумати Точикистон, рузи 29-уми август дар сухбат бо Радиои Озоди гуфт, ин ширкат 2 миллиону 400 хазор сомони бакияи карзи андозро насупурда буд.

Ба гуфтаи у, ширкат ихтиёри молу мулкашро фурухт ва як кисмати карзро пардохт кард, аммо хануз беш аз 1 миллиону 700 хазор сомонии карз нопардохта боки мондааст.

“Амволи “Сатурн онлайн дар хабс карор дорад. Як кисми амволро худаш фурухт ва маблагро ба бучет супурд, лекин маблаги зиёди карзро хануз насупурдааст”, – гуфт у.

Масъулони ин ширкат хозир нашуданд, мавзуъро шарх диханд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …