Главная / Гуногун / САМТЁБИ ДАР НАҚША ВА МАҲАЛ

САМТЁБИ ДАР НАҚША ВА МАҲАЛ

Он ҷоеро, ки зиндагонӣ ва ё мушоҳида мекунем, маҳал меноманд. Маҳал вобаста ба пасту баландии сатҳи Замин .ҳамвор, теппанок ва кӯҳсор мешавад.

Уфуқ ва тарафҳои он. Агар мо ба маҳали баланд баромада, ба атроф назар андозем, чунин менамояд, ки гӯё осмон ба сатҳи Замин рафта мерасад. Инро уфуқ меноманд. Хатеро, ки осмон зоҳиран бо як хати муайян ба сатҳи Замин рафта пайваст мешавад. хати уфуқ мегӯянд. Уфуқ чор тараф дорад ва бо ҳарфҳои L11 (Шимол). Ҷ (Ҷануб), 111 (Шарқ) ва Ғ (Ғарб) ифода карда мешавад. Дар нақшабардорй онҳоро тарафҳои асосӣ мегӯянд. Байни тарафхои асоспро тарафҳои мобайнии уфуқ меноманд (расми 8). Одатан онхоро ба таври зерин ифода менамоянд: Шимолу Шарк(Ш.Ш.). Шимолу Ғарб (Ш.Ғ.). Ҷанубу Шарқ (Ҷ.Ш.) ва Ҷанубу Ғарб (Ҷ.Ғ.) (расми 9).
kompasМуайян кардани самти уфуқ лар маҳал. Дар маҳал муайян карда тавонистани самти уфуқ барои ҳар як шахс зарур аст. Донистани он ба шумо имконият медиҳад, ки агар ба ҷое сафар карданӣ бошед, ба осонӣ ва зудӣ роҳгум назада расед. Барои ин бояд аввал донист, ки дар маҳал самтро аз рӯи чй муайян мекунанд. Рӯзона самтро аз рӯи офтоб, қутбнамо, аломатҳои маҳал, устурлоби офтобӣ, шабона бошад, аз рӯи ситораҳо ва қутбнамо аниқ мекунанд. Аз ин чо аниқ намудани тарафҳои уфуқро дар маҳал самтёбй мегӯянд. Барои ёфтани он пеш аз ҳама дар кадом тараф воқеъ будани Шимолро бояд донист ва муайян кард. Онро ба воситаи қутбнамо, ситораи қутб, шохи дарахтон. солхалқаи кундаи дарахтон, сояи ашё муқаррар менамоем. Баъд аз он ки Шимолро муайян кардем, аз рӯи oн дигар самгҳои уфуқро низ муайян мекунем. Бо ин мақсад рост истода, ба Шимол менигарем. Дасти рости мо сам I н Шарқ, дасти чапи мо самти
Ғарб ва паси сари мо самти Ҷанубро нишон медиҳад.

Тирезаи синфи шумо ба кадом тарафи уфуқ нигаронида шудааст? Рӯятонро ба тиреза гардонда, муайян кунед, ки дари синф, тахтаи синф ва мизи муаллим аз тереза дар кадом самт ҷойгир шудаанд?

Муайян кардани самтҳои уфуқ дар ҳаёт аҳамияти калони амалӣ дорад. Донистани он ба ҳавопаймоён, баҳрнавардон барои дар ҳаво аниқ парвоз кардан ва дар уқёнусу баҳрҳо шино намудан имконият фароҳам меоварад. Сайёҳон самтн ҳаракати худро аниқ менамоянд.

Азимут ва муайян кардани он дар маҳал. Ҳамаи ашёву объекгҳои сатҳи Замин нисбат ба самти Шимол бо кунҷҳои гуногун ҷойгир шудаанд. Аз ин ҷо кунҷи байни самти Шимол ва самти объекти дар маҳал воқеъгардидаро азимут меноманд. Бузургии куиҷи он дар доираи рӯй қутбнамо бо дараҷа ифода шудааст. Дар доираи Қутбнамо онро аз 0 (Шимол) Дараҷа cap карда, ба тарафи
рост мувофиқи гардиши харакати акрабаки соаг ҳисоб мекунанд (расми 10). Дар ин сурат ашёе, ки бевосита дар Шимол мушохида карда мешавад, азимути он ба 0 баробар аст. Акнун муайян намоед, ки кунҷи азимути ашёе, ки дар Шарқ, Ҷануб ва Ғарб воқеъ гардидаанд. ба чанд баробар аст?

Дар маҳал барои муайян намудани азимути воқеии ин ё он чиз якчанд амалро бояд иҷро кард. Пеш аз ҳама сспояро гузошта, ба он лавҳаҳоро мустаҳкам намуда, баьд қутбнаморо дар болои он гузошта ба тарафҳо мувофиқ менамоем. Барои ин қутбнаморо тавре давр мезанонем, ки нӯги кабуди ақрабак ҳарфи ”Ш” ва нӯги сурхи он харфи “Ҷ”- ро нишон диҳад. Сипас аз сӯрохии нишонгираки қутбнамо 5а чизе, ки азимути онро дар маҳал муайян мекунем, нигоҳ карда, ҳалқаи қутбнаморото он даме тоб медиҳем, ки сӯрохии нишонгирак ба самти ашёи дар маҳал воқеъбуда мувофиқ шавад. Он ҷое, ки хати аз нишонгирак ба самти чизе, дарахт ё иморат ва ғайра равонашуда ҷадвали қутбнаморо мебурад, бузургии азимути объектро муайян мекунад. Аз рӯи азимут ҳаракат низ мекунанд. Барои ҳаракат кардан аввал қутбнаморо ба тарафхои уфуқ мувофиқ мекунем, яъне қутбнаморо то нӯги кабудаш Шимолро нишон додан дазр мезанонем. Баъд дар рӯи қутбнамо донаи гӯгирдро мегузорем, он бузургии азимутро нишон медиҳад.

Самтҳои уфуқ аз рӯи нақша муайян карда мешаванд. Одатан онро аз рӯи тирчае, ки дар тарафи чапи нақша кашида шудааст, муайян мекунанд. Бо ин мақсад нақшаро ба назди худ гузошта, дар он тирчаро меёбем. Нӯги тирча бо қарфи “Ш” ишора шудааст, ки самти Шимолро нишон медиҳад, қисми поёни он Ҷануб мебошад. Дар ин сурат тарафи рости тирча самти Шарқ ва тарафи чапи он самти Ғарбро ифода менамояд. Инро дониста аз нуқтаҳои гуногуни нақша тамоми тарафҳои уфуқ ва самти ҷойгиршавии объектхоро муайян кардан мумкин аст.

Объект рӯ ба кадом тарафи уфуқ вокеъ гардида бошад, ҳамон тарафи уфуқро номбар менамоем. Дар қисми шимолии нақша ҷойгир шуда бошад – шимолӣ, дар ҷануб – ҷанубӣ, дар ғарб бошад ғарбӣ ва дар қисми шарқиаш бошад – шарқӣ мегӯем.

Ҳангоми муайян намудани самтҳои хатҳстои каҷ (масалан, маҷрои дарё, роҳи пиёдагар) онҳоро шартан ба порчаҳои (қисматҳои) po тақсим мекунанд. Дар он ҷое, ки самт дигар мешавад, тарзи самтёбӣ дар ҳамин нуқтаро ба кор мебаранд.

Савол ва супориш

Чй гуна ҷойро маҳал, мегӯем? Уфуқ чист? 3. Кадом хатҳоро хати уфуқ мегӯянд? 4. Самтёбӣ дар маҳал чй маънӣ дорад? 5. Кадом тарафҳоро тарафҳои асосӣ мегӯем? 6. Байнн тарафҳои асосиро чй исгӯянд ва бо чй ифода мскунанд? 7. Самтҳои уфуқро дар маҳал чй тавр муайян мекунанд? 8. Тарафҳои уфуқро дар нақша чй тавр муайян мекунанд? 9. Азимут чист ва аз рӯи он чй тавр ҳаракат мекунанд? 10. Дар майдончаи мактаб аз рӯи азимути 450 -50 қадам, аз рӯи азимути 600 – 80 қадам ҳаракат кунед. Дар охири ҳар як фосила ба кадом ашё вомехӯред, дар дафтаратон нависед.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

300px-rizal_1896_execution

Ҳаракат барои ислоҳот дар Филиппин

Нимаи дуюми асри XIX дар таърихи Филиппин ба харакати ислоҳотхоҳӣ дар ин ҷо рост омад. …