Главная / Гуногун / САМТЁБИ ДАР НАКША ВА МАХАЛ

САМТЁБИ ДАР НАКША ВА МАХАЛ

Он чоеро, ки зиндагони ва ё мушохида мекунем, махал меноманд. Махал вобаста ба пасту баландии сатхи Замин .хамвор, теппанок ва кухсор мешавад.

Уфук ва тарафхои он. Агар мо ба махали баланд баромада, ба атроф назар андозем, чунин менамояд, ки гуё осмон ба сатхи Замин рафта мерасад. Инро уфук меноманд. Хатеро, ки осмон зохиран бо як хати муайян ба сатхи Замин рафта пайваст мешавад. хати уфук мегуянд. Уфук чор тараф дорад ва бо харфхои L11 (Шимол). Ч (Чануб), 111 (Шарк) ва Г (Гарб) ифода карда мешавад. Дар накшабардорй онхоро тарафхои асоси мегуянд. Байни тарафхои асоспро тарафхои мобайнии уфук меноманд (расми 8). Одатан онхоро ба таври зерин ифода менамоянд: Шимолу Шарк(Ш.Ш.). Шимолу Гарб (Ш.Г.). Чанубу Шарк (Ч.Ш.) ва Чанубу Гарб (Ч.Г.) (расми 9).
kompasМуайян кардани самти уфук лар махал. Дар махал муайян карда тавонистани самти уфук барои хар як шахс зарур аст. Донистани он ба шумо имконият медихад, ки агар ба чое сафар кардани бошед, ба осони ва зуди рохгум назада расед. Барои ин бояд аввал донист, ки дар махал самтро аз руи чй муайян мекунанд. Рузона самтро аз руи офтоб, кутбнамо, аломатхои махал, устурлоби офтоби, шабона бошад, аз руи ситорахо ва кутбнамо аник мекунанд. Аз ин чо аник намудани тарафхои уфукро дар махал самтёбй мегуянд. Барои ёфтани он пеш аз хама дар кадом тараф вокеъ будани Шимолро бояд донист ва муайян кард. Онро ба воситаи кутбнамо, ситораи кутб, шохи дарахтон. солхалкаи кундаи дарахтон, сояи ашё мукаррар менамоем. Баъд аз он ки Шимолро муайян кардем, аз руи oн дигар самгхои уфукро низ муайян мекунем. Бо ин максад рост истода, ба Шимол менигарем. Дасти рости мо сам I н Шарк, дасти чапи мо самти
Гарб ва паси сари мо самти Чанубро нишон медихад.

Тирезаи синфи шумо ба кадом тарафи уфук нигаронида шудааст? Руятонро ба тиреза гардонда, муайян кунед, ки дари синф, тахтаи синф ва мизи муаллим аз тереза дар кадом самт чойгир шудаанд?

Муайян кардани самтхои уфук дар хаёт ахамияти калони амали дорад. Донистани он ба хавопаймоён, бахрнавардон барои дар хаво аник парвоз кардан ва дар укёнусу бахрхо шино намудан имконият фарохам меоварад. Сайёхон самтн харакати худро аник менамоянд.

Азимут ва муайян кардани он дар махал. Хамаи ашёву объекгхои сатхи Замин нисбат ба самти Шимол бо кунчхои гуногун чойгир шудаанд. Аз ин чо кунчи байни самти Шимол ва самти объекти дар махал вокеъгардидаро азимут меноманд. Бузургии куичи он дар доираи руй кутбнамо бо дарача ифода шудааст. Дар доираи Кутбнамо онро аз 0 (Шимол) Дарача cap карда, ба тарафи
рост мувофики гардиши харакати акрабаки соаг хисоб мекунанд (расми 10). Дар ин сурат ашёе, ки бевосита дар Шимол мушохида карда мешавад, азимути он ба 0 баробар аст. Акнун муайян намоед, ки кунчи азимути ашёе, ки дар Шарк, Чануб ва Гарб вокеъ гардидаанд. ба чанд баробар аст?

Дар махал барои муайян намудани азимути вокеии ин ё он чиз якчанд амалро бояд ичро кард. Пеш аз хама сспояро гузошта, ба он лавхахоро мустахкам намуда, баьд кутбнаморо дар болои он гузошта ба тарафхо мувофик менамоем. Барои ин кутбнаморо тавре давр мезанонем, ки нуги кабуди акрабак харфи ”Ш” ва нуги сурхи он харфи “Ч”- ро нишон дихад. Сипас аз сурохии нишонгираки кутбнамо 5а чизе, ки азимути онро дар махал муайян мекунем, нигох карда, халкаи кутбнаморото он даме тоб медихем, ки сурохии нишонгирак ба самти ашёи дар махал вокеъбуда мувофик шавад. Он чое, ки хати аз нишонгирак ба самти чизе, дарахт ё иморат ва гайра равонашуда чадвали кутбнаморо мебурад, бузургии азимути объектро муайян мекунад. Аз руи азимут харакат низ мекунанд. Барои харакат кардан аввал кутбнаморо ба тарафхои уфук мувофик мекунем, яъне кутбнаморо то нуги кабудаш Шимолро нишон додан дазр мезанонем. Баъд дар руи кутбнамо донаи гугирдро мегузорем, он бузургии азимутро нишон медихад.

Самтхои уфук аз руи накша муайян карда мешаванд. Одатан онро аз руи тирчае, ки дар тарафи чапи накша кашида шудааст, муайян мекунанд. Бо ин максад накшаро ба назди худ гузошта, дар он тирчаро меёбем. Нуги тирча бо карфи “Ш” ишора шудааст, ки самти Шимолро нишон медихад, кисми поёни он Чануб мебошад. Дар ин сурат тарафи рости тирча самти Шарк ва тарафи чапи он самти Гарбро ифода менамояд. Инро дониста аз нуктахои гуногуни накша тамоми тарафхои уфук ва самти чойгиршавии объектхоро муайян кардан мумкин аст.

Объект ру ба кадом тарафи уфук вокеъ гардида бошад, хамон тарафи уфукро номбар менамоем. Дар кисми шимолии накша чойгир шуда бошад – шимоли, дар чануб – чануби, дар гарб бошад гарби ва дар кисми шаркиаш бошад – шарки мегуем.

Хангоми муайян намудани самтхои хатхстои кач (масалан, мачрои дарё, рохи пиёдагар) онхоро шартан ба порчахои (кисматхои) po таксим мекунанд. Дар он чое, ки самт дигар мешавад, тарзи самтёби дар хамин нуктаро ба кор мебаранд.

Савол ва супориш

Чй гуна чойро махал, мегуем? Уфук чист? 3. Кадом хатхоро хати уфук мегуянд? 4. Самтёби дар махал чй маъни дорад? 5. Кадом тарафхоро тарафхои асоси мегуем? 6. Байнн тарафхои асосиро чй исгуянд ва бо чй ифода мскунанд? 7. Самтхои уфукро дар махал чй тавр муайян мекунанд? 8. Тарафхои уфукро дар накша чй тавр муайян мекунанд? 9. Азимут чист ва аз руи он чй тавр харакат мекунанд? 10. Дар майдончаи мактаб аз руи азимути 450 -50 кадам, аз руи азимути 600 – 80 кадам харакат кунед. Дар охири хар як фосила ба кадом ашё вомехуред, дар дафтаратон нависед.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …