Главная / Гуногун / САФАРИ ОХИРАТ

САФАРИ ОХИРАТ

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ал-ҳамду лиллоҳирабби-л-оламин. Ва-л-оқибату ли-л-муттақин. Ва-с-салоту ва-с-салому ало ашрафи-л-анбиёи ва- л-мурсалина ва хотаму-н-набийина ва ало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

Аммо баъд, он чи аз оятҳову ҳадисҳо маълум мегардад, ин ки аҷал ин амри ҳақиқист ва ҳеҷ кас аз мусалмону ғайри мусалмон аз вай раҳоӣ нахоҳад ёфт, зеро ҳамаи мо қариб ҳар рӯз шоҳиди мавту ҷанозаи бародарону хоҳарон ва волидайну фарзандон ва ҳамсоягону дӯстону душманони худ мебошем. Ва зиндагии дунё ҳар қадар тӯлонӣ бошад ҳам, боз поёне дорад, чунонки шоире гуфтааст:

oxirat

Рубоӣ:

Ногоҳ бувад, к-аз ин ҷаҳонат бибаранд,
Аз ҳалқаи ҷамъи дӯстонат бибаранд.
Ғофил манишин замон-замонат бибаранд,
Гар ту наравӣ кашон-кашонат бибаранд.

Ва молу неъмат ва сарвати ин ҷаҳон низ ҷовидонӣ намемонад, чунончӣ:

Байт:

Бар молу ҷамоли хештан ғарра машав,
К-онро ба шабе баранду инро ба табе.

Ва низ:

Рубоӣ:

Бар чархи  фалак ҳеҷ касе чир нашуд
В-аз хӯрдани одамӣ замин сер нашуд.
Мағрур бад-онӣ, ки нахӯрдаст туро,
Таъҷил макун, ҳам бихӯрад, дер нашуд.

Бинобар ин набояд аз омадани он рӯз одамӣ ғофил бошад ва мо бояд ҳамеша дар фикри сафари охират бошем. Чунончӣ Пайғамбар (с) мефармоянд, ки: «Оқилтарин ва фаҳмидатарин шахс он кас аст, ки маргро бисёр ёд мекунад».

Назм:

Ҳар ки ӯ қадри умрро донист,
Умр додан ба бод натвонист.
Умр ганҷеcm бас гаронмоя,
Ганҷу гавҳар надорад oн поя.
Ганҷу гавҳар, агар равад аз даст,
Он, ки ояд ба даст имкон ҳаст.
Даме аз умр гар шавад талафат,
Н-ояд ин ганҷ, гар диҳӣ зи кафат.
Умр аз каф ба ройгои надиҳӣ,
Ройгон ганҷи шойгон надиҳӣ.

Ва ҳамчунин Пайғамбар (с) мефармоянд, ки: «Ҳар кӣ ҳар рӯз бист маротиба маргро ёд кунад, дараҷаи шаҳодат ёбад». Зеро фикру зикри марг фоидаҳои зиёде дорад ва аз он ҷумла орзуву умедҳои ноҷоро барои инсон мухтасару кӯтоҳ менамояд ва аз ҷамъ карданӣ молу сарват инсонро бозмедорад. Ва инсонро ба сӯйи Парвардгораш наздик менамояд. Вале афсус, сад афсус, ки мо бандагон ҳамвора дар талаби молу сарват ва мансабу садорат буда, то ҳангоми омадани марг ғофилона ҳаёт ба cap мебарем, чунончи:

Рубоӣ:

Рӯзам ба ғами ҷаҳони фарсуда гузашт,
Шаб дар ҳаваси будаву нобуди гузашт.
Умре, ки аз ӯ даме ҷаҳоне арзад,
Алқисса, ба фикрҳои беҳуда гузашт.

Ин рисолае, ки дар даст доред камтар ҳам бошад баёне аз ҷон додан то ҷанозаву зиёрати қабристонро дар бар мегирад, ки аз китобҳои аҳодису фиқҳ гирдоварӣ шудааст ва хонандагонро бо вазъияти ин аъмол ошно месозад. Умедворем, ки барои шиносо карданӣ оммаи мардум дар ин аъмоли муҳим ин рисола кифоят хоҳад кард.

Рубоӣ:

Рӯзе бувад, ки оҳ барояд зи кӯйи мо,
Гирад ғубори хоки лаҳад гирди руйи мо.
Аз марги мо чу муддати се рӯз бигзарад
Дар ҳеҷ кӯй кас накунад ҷустуҷӯйи мо.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …