Главная / Гуногун / САФАРИ ОХИРАТ

САФАРИ ОХИРАТ

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Ал-хамду лиллохирабби-л-оламин. Ва-л-окибату ли-л-муттакин. Ва-с-салоту ва-с-салому ало ашрафи-л-анбиёи ва- л-мурсалина ва хотаму-н-набийина ва ало олихи ва асхобихи ачмаин.

Аммо баъд, он чи аз оятхову хадисхо маълум мегардад, ин ки ачал ин амри хакикист ва хеч кас аз мусалмону гайри мусалмон аз вай рахои нахохад ёфт, зеро хамаи мо кариб хар руз шохиди мавту чанозаи бародарону хохарон ва волидайну фарзандон ва хамсоягону дустону душманони худ мебошем. Ва зиндагии дунё хар кадар тулони бошад хам, боз поёне дорад, чунонки шоире гуфтааст:

oxirat

Рубои:

Ногох бувад, к-аз ин чахонат бибаранд,
Аз халкаи чамъи дустонат бибаранд.
Гофил манишин замон-замонат бибаранд,
Гар ту нарави кашон-кашонат бибаранд.

Ва молу неъмат ва сарвати ин чахон низ човидони намемонад, чунончи:

Байт:

Бар молу чамоли хештан гарра машав,
К-онро ба шабе баранду инро ба табе.

Ва низ:

Рубои:

Бар чархи  фалак хеч касе чир нашуд
В-аз хурдани одами замин сер нашуд.
Магрур бад-они, ки нахурдаст туро,
Таъчил макун, хам бихурад, дер нашуд.

Бинобар ин набояд аз омадани он руз одами гофил бошад ва мо бояд хамеша дар фикри сафари охират бошем. Чунончи Пайгамбар (с) мефармоянд, ки: «Окилтарин ва фахмидатарин шахс он кас аст, ки маргро бисёр ёд мекунад».

Назм:

Хар ки у кадри умрро донист,
Умр додан ба бод натвонист.
Умр ганчеcm бас гаронмоя,
Ганчу гавхар надорад oн поя.
Ганчу гавхар, агар равад аз даст,
Он, ки ояд ба даст имкон хаст.
Даме аз умр гар шавад талафат,
Н-ояд ин ганч, гар дихи зи кафат.
Умр аз каф ба ройгои надихи,
Ройгон ганчи шойгон надихи.

Ва хамчунин Пайгамбар (с) мефармоянд, ки: «Хар ки хар руз бист маротиба маргро ёд кунад, дарачаи шаходат ёбад». Зеро фикру зикри марг фоидахои зиёде дорад ва аз он чумла орзуву умедхои ночоро барои инсон мухтасару кутох менамояд ва аз чамъ кардани молу сарват инсонро бозмедорад. Ва инсонро ба суйи Парвардгораш наздик менамояд. Вале афсус, сад афсус, ки мо бандагон хамвора дар талаби молу сарват ва мансабу садорат буда, то хангоми омадани марг гофилона хаёт ба cap мебарем, чунончи:

Рубои:

Рузам ба гами чахони фарсуда гузашт,
Шаб дар хаваси будаву нобуди гузашт.
Умре, ки аз у даме чахоне арзад,
Алкисса, ба фикрхои бехуда гузашт.

Ин рисолае, ки дар даст доред камтар хам бошад баёне аз чон додан то чанозаву зиёрати кабристонро дар бар мегирад, ки аз китобхои аходису фикх гирдовари шудааст ва хонандагонро бо вазъияти ин аъмол ошно месозад. Умедворем, ки барои шиносо кардани оммаи мардум дар ин аъмоли мухим ин рисола кифоят хохад кард.

Рубои:

Рузе бувад, ки ох барояд зи куйи мо,
Гирад губори хоки лахад гирди руйи мо.
Аз марги мо чу муддати се руз бигзарад
Дар хеч куй кас накунад чустучуйи мо.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …