Главная / Ҷамъият / Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару Модаронро (Волидайн) дар ташвиш гузошта истодааст, вале ин мушкилӣ ҳар як ҷавондухтар ва шеърбачаҳоро низ дар ғам гузошта истодааст.

Барои пешгирӣ ва кам кардани ҷудошавӣ тавсия мешавад, ки ин камбудиҳоро омухта шавад ва барои истифодаи худ ва дигарон равона намоед. Яъне пеш аз бунёд кардани оилаи нав ин омилҳоро ба инобат гирифта шавад.

Сабаби ҷудошавии оилаҳо

10 сабабҳои асосии парокандашавии оилаҳо:

  1. Мавҷуд набудани ҳамдигарфаҳмии кофӣ байни зан ва мард. Сабаби кам будани ҳамдигарфаҳмӣ дар он аст, ки тафовут байни писару духтар хело зиёд аст ва дар баъзе ҳолатҳо тафовут байни дигар аъзоёни оила ҳам таъсири зиёд мерасонад. Яъне ҳамдигарфаҳмӣ байни хушдоман ва келин.
  2. Сину сол. Фарқияти зиёд дар сину сол ба он меоварад, ки ҷавон серталаб дар шаҳват мешавад ва пир камталаб ва дар ҳолати қонеъ карда натавонистан шахси қонеънашуда ба дарёфти ҷуфти дигар мешавад;
  3. Боигарӣ. Ҷанҷолҳои бо мавзӯи «Оти ту камбағал ва ҳеҷ чиз накардааст» ба иззати нафси бисёриҳо расида ба ҷанҷолҳои пайарпай овардааст ва ин сабаби иқтисодӣ ба вайроншавии оилаҳо аксар вақт сабабгор гардидааст;
  4. Саломатӣ. Дар ҳолати камбудӣ дар якгон узви бадан доштан низ ба вайроншавии оила сабабгор мешавад. Чунки одами саломатиаш вазнин талаботи ҳамсари худ ва аъзоёни оиларо қонеъ карда наметавонад ва ба парокандагӣ оварда мерасонад. Масалан таваллуд карда натавонистани фарзанд ё алоқаи ҷинсии кофӣ накардан.
  5. Зебогӣ. Ин омил низ хеле муҳим аст. Бояд донист, ки зебогии зиёд доштан талаботи ҷавонро нисбати ҳамсари худ зиёд мекунад ва чунин омилро танҳо бо дигар омили пурқудрат хомуш кардан мумкин аст. Яъне агар Писар гарчанде безеб бошад ҳам вале вазифаи калон ё худ бой бошад пас духтар тоқат карда зиндагии оилавиашро пеш мебарад.
  6. Рафтор. Ҳаракатҳои аъзоёни оила хеле муҳим аст. Агар Писар тозакору тозагӯй бошад вале духтар ифлосу бадсухан бошад ин низ оқибати хуб надорад. Хабаркаши низ яке аз рафтори баъди инсонист. Дигар рафтори баъд ин беэҳтиромӣ аст. Боз яке фарёд карда сухан мекунад ва дигаре доимо ба ғайбат машғул аст.
  7. Дин. Дар баъзе ҳолатҳо диндорон шахсони муъмин ва кофиро танқид мекунанд ки онҳо бехудоянд ва гумроҳанд ва худро боло мегиранд. Инчунин шахсони ба Худо боварӣ намекарда ба диндорон механданду мегӯянд, ки онҳо аҳмақ ҳастанд, чунки ба чизи набуда эътиқод меоранд. Ин нафрати дутарафа доимо ҳолати вазнинро ба вуҷуд меорад.
  8. Фаҳмиши волидайнҳо. Фарқияти зиёд дар ҳамдигарфаҳмии байни келину хушдоман, ҳамдигарфаҳмии байни қудоҳо ва хусуру домод ҳам таъсири калон мерасонад. Самими фаҳмиши ин ашхосро пеш аз тӯй ҳам дар вақти салому алейк намудан то андозае ҳис кардан мумкин аст.
  9. Дониш. Ҳамсари камсавод доимо метавонад боиси таъназанӣ қарор гирад. Барои ҳамин мегӯянд, ки гӯё хондагиша гирӣ нағз. Вале дигарон мегӯянд, ки хондагиҳош вайрон шудагӣ ва ба онҳо беақлтару чашмонаш кушода нашудагиш мувофиқтар аст.
  10. Нафс. Гарчанде аъзоёни оила аз рӯи ҳаммаи омилҳои дар боло навишташуда як хел бошанд, ҳам вале нафс яъне хоҳиши зиёд ва ҳасади зиёд ба дигарон низ хусусияти баъди инсонист. Масалан ҳамсоя хонаи калон харидаст гуфта ё мошини нав дорад гуфта ҷанҷолу миёншиканӣ барпо менамоянд. Шукргузорӣ кам аст.

Барои ҳамин ҳам пеш аз бунёд кардани оилаи нав хуб мешуд ҷавонҳо дар давоми на кам аз ним сол бо якдигар хуб шинос шуда ва дар ҳолати имконпазир будан бо аъзоёни оилаи якдигар ҳам шиносу рафту ой намуда баъд хулосаи барпо кардани оиларо бароранд хуб мешавад.

Вагарна хатари вайроншавии оила зиёд шуда ба сағера мондани кӯдакон, пайдо шудани инсонҳои зиёди носолим, зиндагии тоқагии вазнин, асабонии зиёд, ташвиши бефоида, хароҷоти беасос, такроран харҷ кардани пулу мол барои маъракаҳои тӯёна ва умуман бой додани вақти пурсамар, боис метавон гардад.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …