Дар компютерҳои фардӣ роҳбалад «проводник» мавҷуд аст, ки он барои осон намудани кори истифодабарандагон хеле муофиқ мебошад. Аз он рўйхати папкаҳое,ки дар дохили компютер мавҷуданд дар экран инъикос мегардад ва мо метавонем папкаи заруриро интихоб намуда, бо он сару кор гирем.
Равзанаи лавҳи «Проводник» дар экран бо усулҳои зерин пайдо мегардад:
- Аз клавиатура тугмачаҳои Microsoft ÿ+E-ро пахш мекунем;
- Тирчаи мушакро ба нишонии «Мой компьютер» гузошта, тугмачаи рости мушакро пахш мекунем. Дар натиҷа рўйхат пайдо мегардад. Аз он рўйхат лавҳи «Проводник»-ро интихоб мекунем;
- Аз зерменюи «Стандартные» лавҳи «Проводник»-ро интихоб мекунем;