Главная / Маданият ва санъат / РИВОЯТҲО ОИД БА НАСРОНИЯТ

РИВОЯТҲО ОИД БА НАСРОНИЯТ

Падари худ ва модари худро иззат намо, то ки умри ту бар замине, ки Худованд, Худои ту ба ту медиҳад, дароз шавад.

  1. Қатл макун.
  2. Зино макун.
  3. Дуздӣ макун.

Дар ҳаққи ёри худ шаҳодати дурўғ мадеҳ. Хонаи ёри худро тамаъ макун, зани ёрат ва ғуломаш ва канизаш ва говаш ва хараш ва ҳар чизеро, ки аз они ёрат бошад, тамаъ макун.

Ҳар кӣ касеро бизанад ва он касс бимирад, бигузор вай маҳкуми қатл гардад. Ва ҳар кӣ падар ё модари худро бизанад, бигузор вай маҳкуми қатл гардад. Ва ҳар кӣ падар ё модари худро таҳқир намояд, бигузор вай маҳкуми қатл гардад.

Ва агар кассе занеро, ки номзад нашудааст, фирефта намуда, бо вай бихуспад – ў бояд маҳр дода вайро барои худ ба занӣ бигирад. Ҳеҷ як бевазан ва ятимро азият надиҳед.

Овозаи бекораро ба забон марон: дасти худро ба шариф мадеҳ, то ки шоҳиди козиб бошӣ. Аксариятро дар роҳи бадкорӣ пайравӣ макун ва дар мурофиа бар хилофи виҷдони худ шаҳодат мадеҳ, то ки моил ба аксарият шуда, ба каҷкорӣ сабаб гардӣ. Ва нисбат ба камбағал дар мурофиаи вай рўбинӣ макун. Аз гапи дурўғ канорагирӣ намо ва бегуноҳу одилро макуш.  Ва ришва магир, зеро ки ришва биноёнро кўр мегардонад ва суханони одилонро таҳкир мекунад.

Дар фазилати меҳтар Исо алайҳиссалом ва дар мўъҷизоти эшон ва малоими он.

Оварданд, ки мўъҷизоти эшон ин буд, ки мурдаи панҷсола ба дуои Исо алайҳи – с – салом зинда гаштӣ ва суол, ки бар эшон кардӣ, ҷавоб шунидӣ. Баъд илтимоси мурдагон ин буд, ки «Эй пайғамбари Худо, як карат акнун дуо кун, то боз ҳамчунон шавем, ки ҳаёти дунёи фони намемонад, ки як карат ҷон додем, бори дигар мурдан пеш ояд ва сакарот чашида шавад». Ҳам дар он соат меҳтар Исо дуо кардӣ, боз мурда ночиз шудӣ. Чун куффор чунин мўъҷиза медиданд, бадбахтон бо якдигар мегуфтанд: «Ё Исо худост, ё писари худост» Хок дар даҳони эшон, ҳамчунин чизҳо мебастанд.

Ва меҳтар Исо алайҳи – с – салом чун гуфтанҳои эшон бишунид, тарки шаҳр гирифт ва дар биёбонҳо мар Худои таъолоро бандагӣ кардӣ ва ҳама рўз дар биёбон будӣ, то рўзе гузари эшон дар саҳрое афтод ва ҳафт рўз борон дар боридан омад, Ҳарчанд ки меҳтар Исо паноҳи борон меҷустй, дар ҳеҷ маҳал паноҳ дар назар наёмаӣ. Ҳам дар  ин буд, ки ногоҳ шағоле сар аз ошёнаи худ берун кашид. Назари меҳтар Исо алайҳи – с – салом дар шағол афтод, дар чашми мубораки худ об гардонид ва сўи осмон бидид ва гуфт: «Ё Худо, шағолро паноҳи борон додӣ, маро паноҳе ҳам намедиҳӣ. Боз ба худ гуфт: «Эй Исо, сабр ва шукр дар ҳазрати Зулҷалол кун, ки харҷи ба ту расид аз Парвардигори ту расид ва чунин неъмат шахсеро Худои таъоло надиҳад, магар дўстони худро».

Ҳам дар ин миён Ҷабраил даррасид ва гуфт: «Эй Исо, фармон мешавад, ҳам бад – ин шукри борон, ки ба забои рондӣ, фардои қиёмат туро ҳафтод ҳурулъин бидиҳам ва дунболи ҳар хуре дигар ҳазор хури дигар, ки хидматгор пеши эшон хидмат кунанд. Аммо, эй Исо, машаққати дунё чанд рўз аст, беш нест, ки бар ту бигузарад ва ба рўзе неъмати абадӣ расӣ».

Алғараз, то рўзе дигар гузари меҳтар Исо алайҳи – с – салом дар гуристон афтод, дид марде назди гуре нишастааст ва аз сари он гур барнамехезад. Мехтар Исо пурсид: « Чӣ ҳолат аст, ки аз сари тудаи хок барнамехезӣ ва дар ин хок туро кист?» Гуфт: «Эй пайғамбари Худои таъоло, дар ин хокдон зани ман аст ва муддати се сол аст, ки дар хок супурдаам. Ва миёни ману зан аҳд буд, ки агар ту пеш аз ман мурӣ,

муҷовирии ту кунам. Ҳукми Худои таъоло даррасид, эй пайғамбари Худо, ин зани ман вафот ёфт. Имрўз се сол аст, ки вафои аҳди ў ба сар мебарам”.

dinАз гуфтори ў меҳтар Исо алайҳи – с – саломро шафқат дарҷунбид ва гуфт: «Агар дар ин соат ў аз турбат зинда берун ояд, чӣ гуй?» Гуфт: «Эй пайғамбари Худои таъоло, он чи аз умри ман боқӣ мондааст, ними умри худ бар ў бубахшам». Меҳтар Исо алайҳи – с – салом дар хаққи ў раҳм омад ва даст бар дуо бардошт, гуфт: «Илоҳӣ, ин бандаи ту ғояти муҳаббати зани худ дорад ва ними умри худ бар зани худ мебахшад. Акнун ба карами худ инро зинда гардон». Филҳол дуои меҳтар Исо алайҳи – с- салом мустаҷоб шуд ва турбат бишкофт ва зане ҳамчу моҳи шаби чаҳордаҳ аз гўр берун омад ва миёни зану шавҳар мулоқот шуд.

Он гоҳ меҳтар Исо алайҳи – с – салом аз сарвақти эшон бигузашт ва ин ҳарду зану шавҳар рўзгор ҳам дар биёбон мегузаронданд; то рўзе подшоҳзодае дар шикор берун омад ва бар сарвақти эшон расид, дид марде хуфтааст ва наздики ў зане боҷамол нишаста. Ва назари аврат бар ҷамоли шоҳзода уфтод, пурсид:

«Ту кистӣ?» Гуфт:

«Шоҳзодаам». Назар дар ҷамолу кисвати ў кард, шефтаи подшоҳзода шуд. Подшоҳзлда низ ошиқи ҷамоли ў шуд ва бо ишорат ҷониби худ бихонд. Зан шавҳари худро хуфта гузошта наздики подшоҳзода бирафт. Ў пурсид: «ин марде, ки наздики ту мехуспад, кист?» Гуфт: «Ин дузд аст, ки маро аз шавҳар ба макру дуздӣ берун оварда». Подшоҳзода гуфт: «Ман фирефтаи ҷамоли ту шудам, маро қабул мекунӣ, ё не? » Гуфт: «Ин муддаъӣ, хуфтааст, агар инро аз миён дур кунӣ ва бикушӣ, манн ба ту рози гардам». Подшоҳзода гуфт: «Муддаъӣ дузд аст, туро ў ба макру дуздӣ фирефтааст, акнун куштани вай воҷиб аст. Манн инро чӣ гунна зинда мегузорам». Ба муҷарради шунидани ин Сухан аз забони шоҳзода ўро /шавҳарро/ дар он маҳал хуфта бигзошт ва худ баробари шоҳзода равона шуд.

Чун шавҳар бедор шуд ва дид, ки зан нест, оҳе баровард. Мискин дар ҳаққи вай гумони нек мебурд ва ҳамин гуфт: «Магар касе туро базур бурд»? Ҳам дар ин буд, ки паи асп дар назар омад, гуфт: «Намегуфтам, ки қуввате ба зур бурдааст».

Қадам баланд баргирифт аз паи савор рафт ва чун шоҳзодаро бидид, бонг зад. Шоҳзода чун овози бонг шунид, инони асп кашид, истода шуд. Ў гуфт: «Чаро зани манн ба зўр мебарӣ ва аз Худои таолло наметарсӣ?» Шоҳзода оғоз кард: «Зани ту куҷост, ки ту занеро ба дузди кашидаӣ?» Ин мард гуфт: «Яке зани манн мебари, дуввум бар ман ифтиро ҳам мекунӣ?» Он зани танҳо оғоз кард, ки «эй шоҳзода, манн пеш аз аз ин намегуфтам, ки ин дузд даст аз манн боз надорад, то он ки ўро

накушӣ». Подшоҳзода маар касонро фармуд, ки ин мардро бигиред ва дастҳо паси пушт маҳкамтар бандед ва кашон – кашон бигиред, ҳамчунон карданд, дар шаҳр бурданд.

Подшоҳзода дар наздики падар рафт ва тамоми воқеа бигуфт, ки «Манн имрўз дар шикор будам, аврати соҳибҷамол бидидам, ки марде бом акру дуздӣ берун кашида буд ва манн он мардро баста овардам, то подшоҳ дар ҳаққи ў сиёсат фармояд ва он гоҳ ман занро дар никоҳ орам». Чун оварданд, подщоҳ ба мард иноят оғоз кард. Пурсид: «Ин аврат туро чӣ бошад?» Гуфт: «Эй подшоҳ, и н зани манн аст». Подшоҳ руҳ ба аврат кард, пурсид: «Ин мард кист?» Гуфт: «Ин дузд аст,

ки маро ба макру дуздӣ аз шаҳр берун кашидааст». Подшоҳ гуфт: «Эй мард, ту мегўӣ, ки ин зани манн аст, ин ба ҳузури ту мегўяд, ки мард ба дуздӣ кашидааст».

Чун ин мард аз забони зан шунид гуфт: «Субҳоналлоҳ, ин чӣ мешавад?» Он гоҳ ин мард он кайфият ба подшдҳ гуфт: «Эй подшоҳ, акнун ҳарчӣ ман гўям, кай устувор доред, ки дар ҳаққи манн зан чунин гуфоҳӣ диҳад. Аммо мунсифи аҳволи манн меҳтар аст алайҳи – с – салом.

Гувоҳи ман ўст». Подшоҳ, рух ба вазир овард. Вазир гуфт: «Маҳалли дам задан нест, ки пайғамбари Худоӣ таъолоро гувоҳ мехонад». Вазир гуфт:

«Эй фалон кас, меҳтар Исо алайҳи с саломро меорӣ?» Гуфт: «Фардо биёрам». Подшоҳ гуфт; «Бирав, биёр». Чун ин мард аз пеши подшоҳ бозгашт, аврат бар подшоҳ гуфт, ки ин марди дузд бад ин ҳила худро халос кунондааст, боз ўро куҷо ёбед? Вазир гуфт, подшоҳ чанд нафарро дар ақиби он бидавонид, то пеш карда биёранд. Ҳамчунон карданд.

Он мард қадре рафта буд, ки дар хотираш гузашт, ки меҳтар Исо алайҳи – с – салом дар биёбон ҷои муаян надорад, ман кучо талаб кунам?

Ҳам дар ин андеша зери дарахте сар дар зону кашид, дар хоб рафт. Ҳам дар хоб ҷамоли меҳар Исо алайҳ и – с – салом дид, гуфт; «Эй мард, бозгард ва андуҳгин мабош, ки ман фардо наздики подшоҳ хоҳам омад». Ҳам дар хоб буд, ки касоне подшоҳ, расиданд ва бедор карданд ва забон дароз намуданд ва гуфтанд, ки ба дидани меҳтар Исо алайҳи-с-салом омадӣ ва беғаму ғусса дар хоб шудӣ. Ўро наздики подшоҳ бурданд. Подшоҳ гуфт: «Куҷост, меҳтар Исо алайҳи – с – салом, ки дар талаби эшон рафта будӣ?» Гуфт: «Эй подшоҳ чун аз ту боз гаштам, дар хотири ман бигузаштӣ, ки меҳтар Исо аллайҳи – с – салом дар биёбон мақоми муайян надорад. Куҷо талаб кунам? Дар ин андеша ба хоб рафтам ва сар ба зону кашидам, ҷамоли эшонро ба хоб дидам, ки маро гуфт: «Бозгард, ки ман фардо наздики подшоҳ хоҳам омад». Подшоҳ ҷониби вазир дид, гуфт: «Эй вазир, он чӣ мегўяд?» Вазир гуфт: «Эй подшоҳ чаҳор поси шаб гузашта дер нахоҳад шуд. Чун меҳтар Исо алайҳи – с – салом наояд, ҳама аз гуфтори ин дуруғ бошад ва ҳар чӣ подшоҳро хуш ояд, бар чониби ў кунад».

Алғараз, он рўз бигузашт. Дуввум рўз подшоҳ бор дод ва писарро бихонд ва гуфт: «Акнун дуздро пеш биоред ва сиёсат кунед”. Ҳам дар ин буданд, нуре аз хонаи саҳроӣ баромада, рух бар шахр гирифта меомад.

Вазир гуфт: «Эй подшоҳ, бинигар, ки мехтар Исо алайхи – с –салом расиданд, нури поки у аз осмон то замин гирифта мерасад». Дар ин миён ин мохи чах,ордахум толеъ шуд. Подшох аз курсии худ чудо шуд ва пеши мехтар Исо алайхи – с – салом биёмад. Баъди мулокот подшох кайфияти мард дар миён овард, ки: «Писари ман дар шикор буд ва занеро бидид ва аз зан пурсид, ту кисти, ва ин мард кист?» Зан гуфт: «Ин мард маро ба дуздй берун овардааст». Ва мард гуфт: «Ин зани ман аст». Ва ман гуфтаи мард устувор надонистам, хостам ўро бикушам. Ў гуфт: ки «дар ин воқеъа Исо алайҳи – с салом гувоҳ аст. Чун шунидам таваққуф кардам».

Он гоҳ, меҳтар Исо – алайҳи – с – салом бигуфт: «Ҳардуро биоред». Ва подшоҳ, ҳардуро биовард. Чун ҳарду нафар биомаданд, меҳтар Исо алайҳи -с – салом руҳ ба аврат овард ва гуфт: «Қиссаи худро бигу, дароз накун ва атое, ки ин мард ба ту кардааст, атои ин ҳам бидеҳ». Он зан ба шухӣ гуфт:

«Некў бошад». Меҳтар Исо алайҳи – с – салом гуфт: «Мустақбили қибла шав ва бигу: «Илоҳӣ, ки он мард умри худ ба ман ато кардааст, маро намебояд, боз ин атои ин мардро додам…» Филҳол рў ба қибла кард ва гуфт: «Илоҳӣ, атои ин мардро боздиҳам, бад-ин додам». Ҳанўз некў нагуфта буд, ки бар замин бияфтод ва тўдаи хок гашт.

Подшоҳ ва вазир бо ҷумла муқарробон дар ҳайрат бимонданд: дарзамон хокистар чӣ гуна шуд? Он гоҳ подшоҳ пурсид: “Эй пайғамбари Худой, ҳеҷ маро маълум нашуд, ки ин мард дар ҳақи ин аврат чӣ ато карда буд?” Меҳтар Исо алайҳи -с-салом гуфт: “Ин аврат зани ин мард буд. Миёни эшон аҳди муҳаббат буд, ки баъди мурдани ман ту шавҳар накунӣ ва на баъди ту ҳам ман занро бихоҳам”. Қазои Худои таъоло даррасид, ин зан нақл карда ва ин мард муддати се сол барои вафову аҳд бар сари турбат гузаронида, то рўзе гузари ман ба сари ин мард афтод,

пурсидам: “Чӣ ҳолат аст, ки аз сари турбат намехезӣ? ” Гуфт: «Чӣ кунам, муддати се сол баромадааст ва вафову аҳде, ки бар ин зан карда будам, ба сар мебарам”. Гуфт: “Чӣ гўӣ агар ин зани ту зинда шавад?” Гуфт: “Эй пайғамбари Худо, ним аз умри худ ба ў бахшам. Ман дуо кардам. Ҳақ таъоло зинда гардонид. Имрўз ин аврат атои ин мард, ки аз умри хеш бахшида буд, боздод. Ҳар ойина, чунончи дар гур хок буд, дар ин вақт низ ҳамон хок гашт”. Ҳам дар ин миён аз олами ғайб овозе баромад: “Эй Исо ҳар кӣ ба ҷуз мо дил ба ғайре бандад, ҳам боре вафое набинад:

Байт:

Дил бар ў бандӣ, ки нахоҳад мурд,

Он ки мирад, ба ў чӣ дил бандӣ?

Алғараз, рўзе” гузари пайғамбар алайҳи-с-салом дар биёбоне афтод. Се нафарро дид. Ду мард, як аврат. Пурсид: “Шумо чӣ касонед?” Гуфтанд: “Эй пайғамбари Худои таъоло, мо зану шавҳарем ва ин ҷавон писари мост. Аз ғояти бенавоӣ шаҳрро тарк додаем ва миёни мо, се нафар, як паркола ҷома беш нест. Онро ба навбат мепушем ва дар шаҳр барои гадогарӣ меравем. То он ки ў аз шаҳр ояд, то акнун Ҳақ таъоло шуморо ба сарвақтии мо расонида, дуо кунед ва аз Худои таъоло бихоҳед, то аз ин тангӣ наҷот ёбем”. Пайғамбар /а/ гуфт: “Имрўз кайфияти шумо, дар

ҳазрати Худои таъоло арза дорам. Ҳарчӣ фармон шавад, баршумо бигўям”. Чун бозгашт ва вақти муноҷоти худ кайфияти эшон арз дошт, фармон расид; “Бигу эшонро баъди субҳидам ҳар яке аз шумо он чӣ аввал сухан бихоҳад ба шумо бидиҳам”. Пайғамбар шодмон наздик расид: ” Аз тангии рўзгор биҷастед ва ҳарчи баъди субҳидам, аввал сухан аз Худои таъоло бихоҳед, ҳамои ёбед”. Пайғамбар ин бар эшон расонида ва бозгашт. Зан ба шавҳар гуфт: “Бигў, ту аз баҳри худ чӣ мехоҳӣ талабид”. Шавҳар гуфт: “Эй ҷон, матлуби хостаи ту чист”? Гуфт: “Ман, чавонӣ хоҳам хост, то ту ба ҷуз ман дил ба ғайре набандӣ?”

Ғараз, дар ин ҳикоят шаб ба охир расид ва субҳ дамидан гирифт: Боз аврат ба шавҳар оғоз кард: “Аввал ман бихоҳам, баъд аз он шумо хоҳед”. Бархост ва чашмаи об, ки наздик буд, рафт, дар он вузў бисохт ва гуфт: “Бор худое, маро ҷамол бидеҳ, ки дар ин аср ҳеч авратеро набошад”, Ба муҷарради гуфтан Ҳак таъоло чунон ҷамол бидод, ки тамоми вуҷуди ў ба нури ҷамол сатри бараҳнагии ў гашт. Ҳам дар ин миён подшоҳе дунболи шикор гирифта, ба сарвакт расид. Занро дид, бар ҷамолу сурате, ки дар умри хеш надид. Наздики он шуд ва гуфт: “Эй моҳи табон, ту кисти, ки аз нури ҷамоли ту биёбон мунаввар гашта? Чунин донам, магар малаки осмонӣ ва ё парии рўи замин ҳастӣ? Агар заррае аз ҷамоли ту қисмат кунанд ва ба он зарра хубии тамоми ҳарамро бидиҳанд, ба зарраи ҷамоли ту баробар нашавад”. Ў гуфт;

“Ман Одамизодам”. Подшоҳ гуфт; “Агар ту маро қабул мекунӣ, муқарраби ман ту бошӣ ва он чӣ дар мулки подшоҳӣ дорам, мулки ту гардад”. Он вақт чун аз забони подшоҳ: чунин гуфтор шунид, розӣ гашт ва дар хотир андеша бикард: “Агар шавҳари ман подшоҳе хоҳад гашт, аммо ў пир аст ва ман аз пир ҷавон шудам, соҳиби ҷамол гаштам ва ин подшоҳ, ки ба сарвақтии ман расидааст, ҳам подшоҳ ва ҳам ҷавон аст ва ҳам фирефтаи манн аст”. Ва ҳам баробари подшоҳ, равон шуд ва ҳеҷ бозпурсии шавҳар накард.

Писарро низ гузошт. Баъд падар рўи писар медид ва писар рўи падар дид. Ғазаб мардро дар кор шуд, бар писар оғоз кард: “Модари ту бар манн бевафоӣ оғоз кард ва ман интиқоми ҷафои бевафоӣ кашам”. Наздики чашмаи об бирафт, вузў сохт, даст ба муноҷот бурд ва гуфт:

“Илоҳӣ, илтимосии ин модарам, тамоми андоми ў ҷинси одами бошад, иммо рўи ў ҳамчу хук бигардон”.

Алғараз, чун шаҳ миҳаффа дар ҳарами худ бурд, хост рў аз миҳаффа берун кашад, дид сурат ҳамчу хук гашта. Подшоҳ дид, гуфт: “Ман бо худ мегуфтам, ки инчунин сурат дар ҷахон набошад, магар деву париро. Ў ин мехост, ки маро осеб бирасонад”. Касонеро фармуд на ҳам дар ин миҳаффа савор кунанд ва ҳам дар чашмаи об раҳо карда биёянд. Мардуми подшоҳ онро бурда наздики он чашма раҳо карданд. Ҳарду, писару падар нишаста медиданд, касони подшоҳ ўро бароварданд ва ба сари чашмаи об гузошта, худ бозгаштанд.

Ва назари писар ба сурати модар афтод ва гуфт; “Падар дуои ту мустаҷоб шуд ва сурати модар ҳамчун сурати хук гаштааст”. Он гоҳ писар зор бигирист ва сари чашмаи об биёмад ва вузў бисохт ва даст ба муноҷоти бурд ва гуфт:

“Малико ва подшоҳо, агар модари ман хато кардааст, акнун дархости ман дар

ҳазрати поки ту ин аст, “чунончӣ сурати қадими модари ман буд, ҳамчунон гардон!” Филҳол сурати нахуст, ки қадим дошт, ҳамчунон шуд.

Чун Лайли аз ҷахон хиромид, хабар ба Маҷнун расониданд, ки Лайлӣ дар ҷахони худ меандохт. Пурсиданд:”Чаро хок бар даҳон мекунӣ? “Гуфт: “Ба ҷуз Худои таъоло чаро дўст медоштам вайро, ки охир завел пазируфт”.

ӣлоҳи, ба ҳурмати карами хеш ҷумла калимагуён бар ҳукми хеш розӣ гардон.

Супориш ва саволҳо.

  1. Кадом қиссаҳоро дар бораи ҳазрати Исо шунида будед?
  2. Насиҳатҳои Исо пайғамбарро дар хона ба аҳли оилатон бо овози баланд хонед.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …