Главная / Маданият ва санъат / РИВОЯТХО ОИД БА НАСРОНИЯТ

РИВОЯТХО ОИД БА НАСРОНИЯТ

Падари худ ва модари худро иззат намо, то ки умри ту бар замине, ки Худованд, Худои ту ба ту медихад, дароз шавад.

  1. Катл макун.
  2. Зино макун.
  3. Дузди макун.

Дар хакки ёри худ шаходати дуруг мадех. Хонаи ёри худро тамаъ макун, зани ёрат ва гуломаш ва канизаш ва говаш ва хараш ва хар чизеро, ки аз они ёрат бошад, тамаъ макун.

Хар ки касеро бизанад ва он касс бимирад, бигузор вай махкуми катл гардад. Ва хар ки падар ё модари худро бизанад, бигузор вай махкуми катл гардад. Ва хар ки падар ё модари худро тахкир намояд, бигузор вай махкуми катл гардад.

Ва агар кассе занеро, ки номзад нашудааст, фирефта намуда, бо вай бихуспад – у бояд махр дода вайро барои худ ба зани бигирад. Хеч як бевазан ва ятимро азият надихед.

Овозаи бекораро ба забон марон: дасти худро ба шариф мадех, то ки шохиди козиб боши. Аксариятро дар рохи бадкори пайрави макун ва дар мурофиа бар хилофи вичдони худ шаходат мадех, то ки моил ба аксарият шуда, ба качкори сабаб гарди. Ва нисбат ба камбагал дар мурофиаи вай рубини макун. Аз гапи дуруг канорагири намо ва бегуноху одилро макуш.  Ва ришва магир, зеро ки ришва биноёнро кур мегардонад ва суханони одилонро тахкир мекунад.

Дар фазилати мехтар Исо алайхиссалом ва дар муъчизоти эшон ва малоими он.

Оварданд, ки муъчизоти эшон ин буд, ки мурдаи панчсола ба дуои Исо алайхи – с – салом зинда гашти ва суол, ки бар эшон карди, чавоб шуниди. Баъд илтимоси мурдагон ин буд, ки «Эй пайгамбари Худо, як карат акнун дуо кун, то боз хамчунон шавем, ки хаёти дунёи фони намемонад, ки як карат чон додем, бори дигар мурдан пеш ояд ва сакарот чашида шавад». Хам дар он соат мехтар Исо дуо карди, боз мурда ночиз шуди. Чун куффор чунин муъчиза медиданд, бадбахтон бо якдигар мегуфтанд: «Ё Исо худост, ё писари худост» Хок дар дахони эшон, хамчунин чизхо мебастанд.

Ва мехтар Исо алайхи – с – салом чун гуфтанхои эшон бишунид, тарки шахр гирифт ва дар биёбонхо мар Худои таъолоро бандаги карди ва хама руз дар биёбон буди, то рузе гузари эшон дар сахрое афтод ва хафт руз борон дар боридан омад, Харчанд ки мехтар Исо панохи борон мечустй, дар хеч махал панох дар назар наёмаи. Хам дар  ин буд, ки ногох шаголе сар аз ошёнаи худ берун кашид. Назари мехтар Исо алайхи – с – салом дар шагол афтод, дар чашми мубораки худ об гардонид ва суи осмон бидид ва гуфт: «Ё Худо, шаголро панохи борон доди, маро панохе хам намедихи. Боз ба худ гуфт: «Эй Исо, сабр ва шукр дар хазрати Зулчалол кун, ки харчи ба ту расид аз Парвардигори ту расид ва чунин неъмат шахсеро Худои таъоло надихад, магар дустони худро».

Хам дар ин миён Чабраил даррасид ва гуфт: «Эй Исо, фармон мешавад, хам бад – ин шукри борон, ки ба забои ронди, фардои киёмат туро хафтод хурулъин бидихам ва дунболи хар хуре дигар хазор хури дигар, ки хидматгор пеши эшон хидмат кунанд. Аммо, эй Исо, машаккати дунё чанд руз аст, беш нест, ки бар ту бигузарад ва ба рузе неъмати абади раси».

Алгараз, то рузе дигар гузари мехтар Исо алайхи – с – салом дар гуристон афтод, дид марде назди гуре нишастааст ва аз сари он гур барнамехезад. Мехтар Исо пурсид: « Чи холат аст, ки аз сари тудаи хок барнамехези ва дар ин хок туро кист?» Гуфт: «Эй пайгамбари Худои таъоло, дар ин хокдон зани ман аст ва муддати се сол аст, ки дар хок супурдаам. Ва миёни ману зан ахд буд, ки агар ту пеш аз ман мури,

мучовирии ту кунам. Хукми Худои таъоло даррасид, эй пайгамбари Худо, ин зани ман вафот ёфт. Имруз се сол аст, ки вафои ахди у ба сар мебарам”.

dinАз гуфтори у мехтар Исо алайхи – с – саломро шафкат дарчунбид ва гуфт: «Агар дар ин соат у аз турбат зинда берун ояд, чи гуй?» Гуфт: «Эй пайгамбари Худои таъоло, он чи аз умри ман боки мондааст, ними умри худ бар у бубахшам». Мехтар Исо алайхи – с – салом дар хакки у рахм омад ва даст бар дуо бардошт, гуфт: «Илохи, ин бандаи ту гояти мухаббати зани худ дорад ва ними умри худ бар зани худ мебахшад. Акнун ба карами худ инро зинда гардон». Филхол дуои мехтар Исо алайхи – с- салом мустачоб шуд ва турбат бишкофт ва зане хамчу мохи шаби чахордах аз гур берун омад ва миёни зану шавхар мулокот шуд.

Он гох мехтар Исо алайхи – с – салом аз сарвакти эшон бигузашт ва ин харду зану шавхар рузгор хам дар биёбон мегузаронданд; то рузе подшохзодае дар шикор берун омад ва бар сарвакти эшон расид, дид марде хуфтааст ва наздики у зане бочамол нишаста. Ва назари аврат бар чамоли шохзода уфтод, пурсид:

«Ту кисти?» Гуфт:

«Шохзодаам». Назар дар чамолу кисвати у кард, шефтаи подшохзода шуд. Подшохзлда низ ошики чамоли у шуд ва бо ишорат чониби худ бихонд. Зан шавхари худро хуфта гузошта наздики подшохзода бирафт. У пурсид: «ин марде, ки наздики ту мехуспад, кист?» Гуфт: «Ин дузд аст, ки маро аз шавхар ба макру дузди берун оварда». Подшохзода гуфт: «Ман фирефтаи чамоли ту шудам, маро кабул мекуни, ё не? » Гуфт: «Ин муддаъи, хуфтааст, агар инро аз миён дур куни ва бикуши, манн ба ту рози гардам». Подшохзода гуфт: «Муддаъи дузд аст, туро у ба макру дузди фирефтааст, акнун куштани вай вочиб аст. Манн инро чи гунна зинда мегузорам». Ба мучарради шунидани ин Сухан аз забони шохзода уро /шавхарро/ дар он махал хуфта бигзошт ва худ баробари шохзода равона шуд.

Чун шавхар бедор шуд ва дид, ки зан нест, охе баровард. Мискин дар хакки вай гумони нек мебурд ва хамин гуфт: «Магар касе туро базур бурд»? Хам дар ин буд, ки паи асп дар назар омад, гуфт: «Намегуфтам, ки куввате ба зур бурдааст».

Кадам баланд баргирифт аз паи савор рафт ва чун шохзодаро бидид, бонг зад. Шохзода чун овози бонг шунид, инони асп кашид, истода шуд. У гуфт: «Чаро зани манн ба зур мебари ва аз Худои таолло наметарси?» Шохзода огоз кард: «Зани ту кучост, ки ту занеро ба дузди кашидаи?» Ин мард гуфт: «Яке зани манн мебари, дуввум бар ман ифтиро хам мекуни?» Он зани танхо огоз кард, ки «эй шохзода, манн пеш аз аз ин намегуфтам, ки ин дузд даст аз манн боз надорад, то он ки уро

накуши». Подшохзода маар касонро фармуд, ки ин мардро бигиред ва дастхо паси пушт махкамтар бандед ва кашон – кашон бигиред, хамчунон карданд, дар шахр бурданд.

Подшохзода дар наздики падар рафт ва тамоми вокеа бигуфт, ки «Манн имруз дар шикор будам, аврати сохибчамол бидидам, ки марде бом акру дузди берун кашида буд ва манн он мардро баста овардам, то подшох дар хакки у сиёсат фармояд ва он гох ман занро дар никох орам». Чун оварданд, подщох ба мард иноят огоз кард. Пурсид: «Ин аврат туро чи бошад?» Гуфт: «Эй подшох, и н зани манн аст». Подшох рух ба аврат кард, пурсид: «Ин мард кист?» Гуфт: «Ин дузд аст,

ки маро ба макру дузди аз шахр берун кашидааст». Подшох гуфт: «Эй мард, ту мегуи, ки ин зани манн аст, ин ба хузури ту мегуяд, ки мард ба дузди кашидааст».

Чун ин мард аз забони зан шунид гуфт: «Субхоналлох, ин чи мешавад?» Он гох ин мард он кайфият ба подшдх гуфт: «Эй подшох, акнун харчи ман гуям, кай устувор доред, ки дар хакки манн зан чунин гуфохи дихад. Аммо мунсифи ахволи манн мехтар аст алайхи – с – салом.

Гувохи ман уст». Подшох, рух ба вазир овард. Вазир гуфт: «Махалли дам задан нест, ки пайгамбари Худои таъолоро гувох мехонад». Вазир гуфт:

«Эй фалон кас, мехтар Исо алайхи с саломро меори?» Гуфт: «Фардо биёрам». Подшох гуфт; «Бирав, биёр». Чун ин мард аз пеши подшох бозгашт, аврат бар подшох гуфт, ки ин марди дузд бад ин хила худро халос кунондааст, боз уро кучо ёбед? Вазир гуфт, подшох чанд нафарро дар акиби он бидавонид, то пеш карда биёранд. Хамчунон карданд.

Он мард кадре рафта буд, ки дар хотираш гузашт, ки мехтар Исо алайхи – с – салом дар биёбон чои муаян надорад, ман кучо талаб кунам?

Хам дар ин андеша зери дарахте сар дар зону кашид, дар хоб рафт. Хам дар хоб чамоли мехар Исо алайх и – с – салом дид, гуфт; «Эй мард, бозгард ва андухгин мабош, ки ман фардо наздики подшох хохам омад». Хам дар хоб буд, ки касоне подшох, расиданд ва бедор карданд ва забон дароз намуданд ва гуфтанд, ки ба дидани мехтар Исо алайхи-с-салом омади ва бегаму гусса дар хоб шуди. Уро наздики подшох бурданд. Подшох гуфт: «Кучост, мехтар Исо алайхи – с – салом, ки дар талаби эшон рафта буди?» Гуфт: «Эй подшох чун аз ту боз гаштам, дар хотири ман бигузашти, ки мехтар Исо аллайхи – с – салом дар биёбон макоми муайян надорад. Кучо талаб кунам? Дар ин андеша ба хоб рафтам ва сар ба зону кашидам, чамоли эшонро ба хоб дидам, ки маро гуфт: «Бозгард, ки ман фардо наздики подшох хохам омад». Подшох чониби вазир дид, гуфт: «Эй вазир, он чи мегуяд?» Вазир гуфт: «Эй подшох чахор поси шаб гузашта дер нахохад шуд. Чун мехтар Исо алайхи – с – салом наояд, хама аз гуфтори ин дуруг бошад ва хар чи подшохро хуш ояд, бар чониби у кунад».

Алгараз, он руз бигузашт. Дуввум руз подшох бор дод ва писарро бихонд ва гуфт: «Акнун дуздро пеш биоред ва сиёсат кунед”. Хам дар ин буданд, нуре аз хонаи сахрои баромада, рух бар шахр гирифта меомад.

Вазир гуфт: «Эй подшох, бинигар, ки мехтар Исо алайхи – с –салом расиданд, нури поки у аз осмон то замин гирифта мерасад». Дар ин миён ин мохи чах,ордахум толеъ шуд. Подшох аз курсии худ чудо шуд ва пеши мехтар Исо алайхи – с – салом биёмад. Баъди мулокот подшох кайфияти мард дар миён овард, ки: «Писари ман дар шикор буд ва занеро бидид ва аз зан пурсид, ту кисти, ва ин мард кист?» Зан гуфт: «Ин мард маро ба дуздй берун овардааст». Ва мард гуфт: «Ин зани ман аст». Ва ман гуфтаи мард устувор надонистам, хостам уро бикушам. У гуфт: ки «дар ин вокеъа Исо алайхи – с салом гувох аст. Чун шунидам таваккуф кардам».

Он гох, мехтар Исо – алайхи – с – салом бигуфт: «Хардуро биоред». Ва подшох, хардуро биовард. Чун харду нафар биомаданд, мехтар Исо алайхи -с – салом рух ба аврат овард ва гуфт: «Киссаи худро бигу, дароз накун ва атое, ки ин мард ба ту кардааст, атои ин хам бидех». Он зан ба шухи гуфт:

«Неку бошад». Мехтар Исо алайхи – с – салом гуфт: «Мустакбили кибла шав ва бигу: «Илохи, ки он мард умри худ ба ман ато кардааст, маро намебояд, боз ин атои ин мардро додам…» Филхол ру ба кибла кард ва гуфт: «Илохи, атои ин мардро боздихам, бад-ин додам». Хануз неку нагуфта буд, ки бар замин бияфтод ва тудаи хок гашт.

Подшох ва вазир бо чумла мукарробон дар хайрат бимонданд: дарзамон хокистар чи гуна шуд? Он гох подшох пурсид: “Эй пайгамбари Худой, хеч маро маълум нашуд, ки ин мард дар хаки ин аврат чи ато карда буд?” Мехтар Исо алайхи -с-салом гуфт: “Ин аврат зани ин мард буд. Миёни эшон ахди мухаббат буд, ки баъди мурдани ман ту шавхар накуни ва на баъди ту хам ман занро бихохам”. Казои Худои таъоло даррасид, ин зан накл карда ва ин мард муддати се сол барои вафову ахд бар сари турбат гузаронида, то рузе гузари ман ба сари ин мард афтод,

пурсидам: “Чи холат аст, ки аз сари турбат намехези? ” Гуфт: «Чи кунам, муддати се сол баромадааст ва вафову ахде, ки бар ин зан карда будам, ба сар мебарам”. Гуфт: “Чи гуи агар ин зани ту зинда шавад?” Гуфт: “Эй пайгамбари Худо, ним аз умри худ ба у бахшам. Ман дуо кардам. Хак таъоло зинда гардонид. Имруз ин аврат атои ин мард, ки аз умри хеш бахшида буд, боздод. Хар ойина, чунончи дар гур хок буд, дар ин вакт низ хамон хок гашт”. Хам дар ин миён аз олами гайб овозе баромад: “Эй Исо хар ки ба чуз мо дил ба гайре бандад, хам боре вафое набинад:

Байт:

Дил бар у банди, ки нахохад мурд,

Он ки мирад, ба у чи дил банди?

Алгараз, рузе” гузари пайгамбар алайхи-с-салом дар биёбоне афтод. Се нафарро дид. Ду мард, як аврат. Пурсид: “Шумо чи касонед?” Гуфтанд: “Эй пайгамбари Худои таъоло, мо зану шавхарем ва ин чавон писари мост. Аз гояти бенавои шахрро тарк додаем ва миёни мо, се нафар, як паркола чома беш нест. Онро ба навбат мепушем ва дар шахр барои гадогари меравем. То он ки у аз шахр ояд, то акнун Хак таъоло шуморо ба сарвактии мо расонида, дуо кунед ва аз Худои таъоло бихохед, то аз ин танги начот ёбем”. Пайгамбар /а/ гуфт: “Имруз кайфияти шумо, дар

хазрати Худои таъоло арза дорам. Харчи фармон шавад, баршумо бигуям”. Чун бозгашт ва вакти муночоти худ кайфияти эшон арз дошт, фармон расид; “Бигу эшонро баъди субхидам хар яке аз шумо он чи аввал сухан бихохад ба шумо бидихам”. Пайгамбар шодмон наздик расид: ” Аз тангии рузгор бичастед ва харчи баъди субхидам, аввал сухан аз Худои таъоло бихохед, хамои ёбед”. Пайгамбар ин бар эшон расонида ва бозгашт. Зан ба шавхар гуфт: “Бигу, ту аз бахри худ чи мехохи талабид”. Шавхар гуфт: “Эй чон, матлуби хостаи ту чист”? Гуфт: “Ман, чавони хохам хост, то ту ба чуз ман дил ба гайре набанди?”

Гараз, дар ин хикоят шаб ба охир расид ва субх дамидан гирифт: Боз аврат ба шавхар огоз кард: “Аввал ман бихохам, баъд аз он шумо хохед”. Бархост ва чашмаи об, ки наздик буд, рафт, дар он вузу бисохт ва гуфт: “Бор худое, маро чамол бидех, ки дар ин аср хеч авратеро набошад”, Ба мучарради гуфтан Хак таъоло чунон чамол бидод, ки тамоми вучуди у ба нури чамол сатри барахнагии у гашт. Хам дар ин миён подшохе дунболи шикор гирифта, ба сарвакт расид. Занро дид, бар чамолу сурате, ки дар умри хеш надид. Наздики он шуд ва гуфт: “Эй мохи табон, ту кисти, ки аз нури чамоли ту биёбон мунаввар гашта? Чунин донам, магар малаки осмони ва ё парии руи замин хасти? Агар заррае аз чамоли ту кисмат кунанд ва ба он зарра хубии тамоми харамро бидиханд, ба зарраи чамоли ту баробар нашавад”. У гуфт;

“Ман Одамизодам”. Подшох гуфт; “Агар ту маро кабул мекуни, мукарраби ман ту боши ва он чи дар мулки подшохи дорам, мулки ту гардад”. Он вакт чун аз забони подшох: чунин гуфтор шунид, рози гашт ва дар хотир андеша бикард: “Агар шавхари ман подшохе хохад гашт, аммо у пир аст ва ман аз пир чавон шудам, сохиби чамол гаштам ва ин подшох, ки ба сарвактии ман расидааст, хам подшох ва хам чавон аст ва хам фирефтаи манн аст”. Ва хам баробари подшох, равон шуд ва хеч бозпурсии шавхар накард.

Писарро низ гузошт. Баъд падар руи писар медид ва писар руи падар дид. Газаб мардро дар кор шуд, бар писар огоз кард: “Модари ту бар манн бевафои огоз кард ва ман интикоми чафои бевафои кашам”. Наздики чашмаи об бирафт, вузу сохт, даст ба муночот бурд ва гуфт:

“Илохи, илтимосии ин модарам, тамоми андоми у чинси одами бошад, иммо руи у хамчу хук бигардон”.

Алгараз, чун шах михаффа дар харами худ бурд, хост ру аз михаффа берун кашад, дид сурат хамчу хук гашта. Подшох дид, гуфт: “Ман бо худ мегуфтам, ки инчунин сурат дар чахон набошад, магар деву париро. У ин мехост, ки маро осеб бирасонад”. Касонеро фармуд на хам дар ин михаффа савор кунанд ва хам дар чашмаи об рахо карда биёянд. Мардуми подшох онро бурда наздики он чашма рахо карданд. Харду, писару падар нишаста медиданд, касони подшох уро бароварданд ва ба сари чашмаи об гузошта, худ бозгаштанд.

Ва назари писар ба сурати модар афтод ва гуфт; “Падар дуои ту мустачоб шуд ва сурати модар хамчун сурати хук гаштааст”. Он гох писар зор бигирист ва сари чашмаи об биёмад ва вузу бисохт ва даст ба муночоти бурд ва гуфт:

“Малико ва подшохо, агар модари ман хато кардааст, акнун дархости ман дар

хазрати поки ту ин аст, “чунончи сурати кадими модари ман буд, хамчунон гардон!” Филхол сурати нахуст, ки кадим дошт, хамчунон шуд.

Чун Лайли аз чахон хиромид, хабар ба Мачнун расониданд, ки Лайли дар чахони худ меандохт. Пурсиданд:”Чаро хок бар дахон мекуни? “Гуфт: “Ба чуз Худои таъоло чаро дуст медоштам вайро, ки охир завел пазируфт”.

илохи, ба хурмати карами хеш чумла калимагуён бар хукми хеш рози гардон.

Супориш ва саволхо.

  1. Кадом киссахоро дар бораи хазрати Исо шунида будед?
  2. Насихатхои Исо пайгамбарро дар хона ба ахли оилатон бо овози баланд хонед.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …